logo

туризм

ПАНДЕМИЯ. ТАКОН БА РУШДИ САЙЁҲИИ ФОСИЛАВӢ

Дар ҳоле ки бемории COVID-19 туризми ҷаҳонро боз дошт, миллионҳо карантиншуда таҷрибаи фарҳангӣ ва таърихиро мустақиман дар хона тавассути интернет меҷустанд. Дар ин давра фарҳанг аҳамияти баланди худро собит намуд ва талабот ба дастрасии маҷозӣ ба осорхонаҳо, ҷойҳои мероси фарҳангӣ ва намоишҳо ба сатҳи бесобиқа расид.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва қонеъ гардондани талаботи афзоянда ба сайрҳои маҷозӣ бори аввал дар таърихи фаъолияти худ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ экскурсияи виртуалӣ (фосилавӣ) - и экспозитсияҳоро роҳандозӣ намуд.
Мубилхони Мубилпур, муовини сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, иброз дошт, ки шурӯъ аз 30 апрел бо панҷ забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва чинӣ сайрҳои фосилавӣ таҳия гардиданд. Сайрҳо дар саҳифаҳои расмии осорхона дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ «Facebook», «Twitter», «Instagram», «В Контакте» ва «Одноклассники» ҷой дода шуданд.
Ба гуфтаи М. Мубилпур, фаъолтарини онҳо «Facebook» мебошад, ки то 7 ҳазор тамошобин дар як ҳафта дорад. Аксари бинандагони фазои маҷозӣ дар шарҳи наворҳо фикру андешаҳои худро иброз намуда, ин иқдоми наҷибро дар шароити кунунӣ зарур ва саривақтӣ меҳисобанд.
Сайрҳо аз рӯи даврабандии таърихие, ки дар толорҳои экспозитсионии осорхона инъикос ёфтаанд, яъне аз даврони асри санг то замони муосир сурат мегиранд. Дар муддати сипаригардида аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ оид ба давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла «Асри санг», «Асри биринҷ», «Саразм», «Оини зардуштӣ», «Империяи Ҳахоманишиҳо», «Хазинаи Амударё», «Юнону Бохтар», «Империяи Кӯшониён», «Давлатҳои Сосониён ва Ҳайтолиён» ва «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сайрҳои фосилавӣ гузаронда шуданд.
- Пандемияи ҳамагир ба фаъолияти осорхонаҳо, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллат мебошанд, таъсири манфӣ расонд,- мегӯяд Мубилхони Мубилпур. -  Аз сабаби маҳдудиятҳо толорҳои барҳавои осорхона бе тамошобин монданд. Соли 2019, ки ташрифи бесобиқаи  сайёҳон ба Тоҷикистон қайд гардида буд, Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор дӯстдори таърихи тоҷиконро қабул кард ва зиёда аз 50 ҳазор сайр бо 7 забон  -  тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, арабӣ, урду ва ҳиндӣ гузаронд. Ба гурӯҳҳои сайёҳони 25-30 - нафара, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон сафар карда буданд, экскурсияҳо созмон дода шуданд.  
Тибқи арзёбии мутахассисон, ташкили хатсайрҳои фосилавӣ дар давраи пандемия беҳтарин усули нигоҳ доштани мизоҷон мебошад. Ба гуфтаи онҳо, хатсайрҳои фосилавӣ - воситаи нави омӯзиши фарҳанг, ҷой ва одамон мебошад. Ин усул дар аксар кишварҳои сайёҳии ҷаҳон таҷриба шуда, натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст. Он имкон медиҳад, ки аз мавзеъҳои гуногуни сайёҳии ҷаҳон тавассути аксҳои андозаи 360° ва наворҳои мустақиму ғайримустақим шинос шуд. Масалан, Фаронса, Финляндия, Монако, Малта, Россия ва дигар кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта аз мавзеъҳои овозадори сайёҳии худ аксҳои 360° ва наворҳои видеоӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ пешниҳод доштаанд, ки дар давраи пандемия хуб истиқбол ёфт. Тоҷикистон низ дар ин самт метавонад дороиҳои худро тавассути техника ва технологияи муосир ба намоиш гузорад ва рушди сайёҳиро дар кишвар нигоҳ дорад. Тоҷикистон дар баробари бартариятҳои нодири табиӣ, ҳамчунин, аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ғанӣ мебошад. Ёдгориҳои Саразми бостон, Панҷакенти қадим, Ҳисори асримиёнагӣ, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳри антиқии Тахти Сангин, дайри буддоии Аҷинатеппа, пойтахти Хуталон - Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангии мамлакат, метавонанд объектҳои хатсайрҳои фосилавӣ бошанд. 
Муҳимияти технологияҳои нав ва васоити ахбори омма дар ҳаёти рӯзмарра собит карданд, ки бахшҳои сайёҳӣ ва фарҳанг бояд корро барои эҷод кардани ояндаи устувори сайёҳии фарҳангӣ идома диҳанд.
Ғайр аз ин, сайрҳои маҷозӣ метавонанд ба муассисаҳои фарҳангӣ дар васеъ кардани доираи аудитория, ҷалб намудани диққати аҳолӣ ба баргузории намоишгоҳҳо, маъракаву чорабиниҳои гуногун ва, албатта, манбаи иловагии даромад мусоидат намоянд. Вазъи вобаста ба бемории COVID-19 аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳони рақамӣ дорои имкониятҳои нав аст ва ҳоло вақти ҷустуҷӯи эҷодӣ ва озмоиш бо андозаҳои нав расидааст.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2020    №: 131    Мутолиа карданд: 2876
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед