logo

фарҳанг

“СУҒДСИНАМО”. 5 СОЛИ ҚАДАМҲОИ ҶИДДӢ

То рӯзе, ки филмҳои хуби ватанӣ зиёд намегарданд, бозори идеологиясозии хориҷиён дар фазои кишвар ҳукмфармо хоҳад буд. Ягона роҳи мубориза бо идеологиясозиҳои филмҳои хориҷӣ ин сохтани филмҳои миллӣ аст. Ҳамон филмҳое, ки аз дарду мушкилоту орзуву омоли худи мо хоҳад гуфт ва барои сохта шудану баланд гардидани иммунитети миллат хизмат мекунад! Барои муқобилият кардан ба филмҳои баланди дар сатҳи олӣ омодагардидаи хориҷиён мо низ аз касб бояд мусаллаҳ бошем. Аз технология низ ва аз донише, ки технологияро истифода карда тавонад.   

Дар муддати панҷ соли роҳбарӣ дар “Суғдсинамо” аҷибтарин психологияе, ки дар фикрронии бачаҳои навтаҷриба мушоҳида кардам, ин буд, ки ҳанӯз кореро наомӯхта ва арзише барои гурӯҳ наоварда, фикр мекунанд, аллакай, ҳамадон шудаанду мутахассис. Роҳбарони ботаҷрибаи коргоҳҳои эҷодӣ ба хубӣ медонанд, ки имрӯзҳо чи мушкилоте пеш овардааст ин беморӣ – ҳанӯз дониши кофӣ пайдо накардан ва  таҷриба наандӯхтану аммо зуд хостан ва  интизор будани  муваффақият. Сабаби зуд - зуд иваз кардани касбу ҷойи кор ва воқеан, муваффақ нашудани ҷавонон  маҳз ҳамин беморӣ аст.                
Панҷ соли кор дар киностудия бароям бузургтарин дарси ҳаёт ва таҷрибаҳо буд... Таъсиси киностудияи «Суғдсинамо» дар фазое, ки мутахассиси синамо хеле кам аст ва идора кардани он барои роҳбар ва эҷодкори ҷавон шабеҳи дастаи бозигарони футбол аст, ки дар майдони варзиш бояд дар муқобили рақиби 11 - нафара бо 6 нафар бозӣ кунӣ.  Дар ҳоле ки дастаи рақиб ба ҷуз 11 нафар боз бозигарони иловагии пурқувват дорад, аммо ту ҳамагӣ ҳамин шаш нафарро дорӣ... Баъзан дар команда ҳимоятгар мехоҳад ҳуҷумгар бошад. Таҷрибаомӯз мехоҳад ҳимоятгари  асосӣ бошад. Ҳатто баъзан дарвозабон мехоҳад сардори даста бошад.
Бачаҳое, ки имрӯз дар киностудияи «Суғдсинамо» кор мекунанд, медонанд, бо фаро расидани панҷсолагии киностудия масъулияти бузурге моро бар дӯш аст. Медонем, ки имтиҳону талаботи панҷ соли минбаъда хеле ҷиддитар хоҳад буд. Фаро расидани паҷсолагӣ бо худ як давраи бузурги таҷрибаомӯзиро бурд. Аз филми ҳунарии «Паймон» то «Наставник» давраи фаъолияти панҷсолаи аввал ба анҷом мерасад. Панҷсолае, ки бурду бохтҳои зиёд дошт...
Минбаъд корҳову қадамҳоямон  бояд хеле ҷиддӣ ва  дигаргуна бошанд. Ва дигаргуна ҳам мешавад... Чаро, ки тӯли панҷ сол кори амалии хуб доштем. Хоса, ба навор гирифтани филми ҳунарии «Наставник», ки дар  панҷ кишвар бо ҳунармандони хориҷу дохили кишвар ба навор гирифта шуд, таҷрибаи хуб буд. Ин лоиҳа ба гурӯҳи эҷодии мо имкон фароҳам овард, ки аз таҷрибаҳои пешрафтаи фазои синамои Россия ва Қазоқистону Қирғизистон бохабар бошем. Дидану аз худ кардани методу услуби корӣ ва тарзи нақшабандии  майдони навору реҷаи кории  ҳунармандон дар хориҷ, воқеан ҳам, ба мо намерасид. Дар сатҳи олӣ тавонистани кори худ ягона роҳест сӯи муваффақият ва ҷаҳонӣ шудани синамои мо. Панҷсолаи навбатии кори мо бояд сохтани дурусти механизми корӣ дар коргоҳ бошад.
Бе ин ҳам солҳои зиёдро аз даст додаем. Дар баробари дастаи мо тамоми синамогарони тоҷикро, хоса ҷавононро, имтиҳони сахте дар пеш аст.  Бояд андеша кунем, ки чаро то ҳол як филми таърихӣ нагирифтаем? Андеша кунему чора биҷӯем. Нақшае тарҳрезӣ бикунему хати амалро бикашем. Чаро ақаллан соле гирди ҳам намеоем? Воқеан, муҳимтарин масъала таъсиси шабакаи толори ягонаи синамо ва ҳуқуқи муаллиф, ки сабаби рушд накардани синамост, дар рӯзҳои наздиктарин ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.  Чаро дар паҳлуву дохили қасрҳои фарҳанг, марказҳои савдо ва боғҳои истироҳатӣ, ки  дар шаҳру ноҳияҳо сохта шуда истодаанд, як толори кӯчаки синамо  сохта  нашавад!? Чаро ҳамон нафаре, ки бе иҷозати муаллиф фитаи филмро дар бозор мебарораду мефурӯшад, комилан аз ҳуқуқи дискфурӯшӣ маҳрум ва бо ҳукми суд ҷаримабандӣ нашавад!? Чаро бо қарори махсусе пахши роликҳои таблиғии театру синамо то муҳлати муайян (рушд) дар тамоми телевизионҳо ройгон набошад!? Албатта, ин ҳарфҳои банда нав нестанд, дар зеҳни ҳама синамогарон ҳастанд, аммо аҷибаш ин аст, ки андешаҳоямон рӯи қоғаз намеоянду пешниҳод намешаванд.
Умедворам, ки роҳбарияти имрӯзи «Тоҷикфилм», ки шахси таҷрибадоре ҳастанд, як созмоне ташкил менамоянд ва ҳамасола синамогаронро гирди як миз ҷамъ меоваранд. Ҷамъ меоваранду пешниҳоду нақшаи амалро тарҳрезӣ мекунанд.

Муҳиддини МУЗАФФАР,
директори муассисаи
давлатии“Суғдсинамо”
ба номи Комил Ёрматов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2020    №: 131    Мутолиа карданд: 741
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед