logo

иқтисод

ХОСТОРИ ҲАМКОРИҲОИ САМАРОВАРЕМ

Посух ба мақолаи «Тухмӣ. Чанд паҳлуи як проблема», ки  23 апрели соли 2020 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 79 (23 934) нашр шудааст.

Матлаб дар ҷаласаи олимони бахши селексияи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, то ҳол муҳим ва ҳалталаб боқӣ мондани масъалаи интихобу  ҷобаҷогузории навъҳои тухмӣ дар хоҷагиҳои зироаткори ҷумҳурӣ таъкид гардид. Олимони муассисаи мо мутмаинанд, ки  тухмии хушсифат, дар ҳақиқат, омили асосии ҳосилнокӣ маҳсуб ёфта, дар сурати дастрас ва кишт шудани он ҳосили зироат аз 25 то 30 дарсад меафзояд.
Дар ҷумҳурӣ тайи ду даҳсолаи охир аз ҷониби олимони соҳа ба Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо зиёда аз 200 навъи серҳосили зироатҳои ғалладона, лӯбиёӣ, пахта ва хӯроки чорво пешниҳод ва беш аз 150 навъ ноҳиябандӣ шудааст. Ҳоло ин навъҳо дар масоҳати васеи истеҳсолӣ кишт мешаванд. Тибқи маълумоти раёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, соли 2019 аз масоҳати умумии кишти 185 ҳазор гектар пахтаи ҷумҳурӣ дар 122,1 ҳазор (66 дарсад) ва аз 383 ҳазор гектар ғалла дар 171,5 ҳазор (44,8 дарсад), ҳамчунин, дар 50 дарсади  заминҳои  картошка тухмии навъҳои ватанӣ  кишт шудааст. Ин нишондод солҳои охир мунтазам тамоюли афзоиш дорад. Нуктаи дигар ин аст, ки расман аз соли 2012 тавассути Вазорати кишоварзии кишвар тухмӣ ворид нашудааст. Тухмие, ки аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ворид мегардад, дар маҷмӯъ, қисми ками тухмии умумиро ташкил медиҳад.
Ба андешаи олимони соҳа, таъмин ва дастрас намудани навъҳои серҳосили тухмии ватании зироатҳо кори дастаҷамъонаи кишоварзон, хоҷагидорон ва олимон мебошад. Олимон барои ихтирои навъ, ноҳиябандӣ, ташкили тухмипарварии ибтидоӣ ва шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ барои парвариши тухмиҳои серҳосили мутобиқу ба хоҷагидорон пешниҳод намудани онҳо муваззаф мебошанд.
Оид ба пайомади кишти носанҷидаи тухмиҳои воридотии хориҷӣ ҳаминро гуфтанием, ки бояд тартиби воридот, санҷиш ва ноҳиябандӣ ҳатман аз ҷониби мақомоти ваколатдор назорат карда шавад, зеро риоя накардани ин талабот, дар ҳақиқат, боиси зиёд шудани хавфу хатари воридшавии касалию ҳашароти карантинӣ мегардад.
Олимони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон омодаанд, ки таҳқиқотро дар ин самти муҳими кишоварзӣ - ихтирои навъҳои серҳосил, тезпаз ва ба шароити тағйирёбии иқлим мутобиқ тақвият бахшида, ҳамкориҳоро бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагидорони ҷумҳурӣ вусъат бахшанд.

Раҳмон САИДЗОДА, директори
Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2020    №: 132    Мутолиа карданд: 721
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед