logo

иқтисод

“ТОҶИКСТАНДАРТ”. ТАВСИЯҲОИ МЕЪЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ

Агентии “Тоҷикстандарт” дар робита ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи COVID - 19 дар ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии  сирояти ин беморӣ ҳуҷҷатҳои меъёрии «Роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории COVID-19» ва «Роҳнамо барои фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории коронавирус COVID-19» - ро таҳия намуд.
Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазкур барои истифода дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, савдо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо пешбинӣ шуда, дар заминаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тавсияҳои мушаххасро дар бар мегиранд ва барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин давра мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, дар асоси супориши  Ҳукумати мамлакат бо мақсади муқаррар намудани меъёрҳои сифатӣ ҳангоми истеҳсол аз ҷониби мутахассисони агентӣ якҷо бо масъулони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тақвияти истеҳсоли ниқоб, либосҳои махсуси ҳимоявӣ ва маводи антисептикӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии  COVID-19 мавриди омӯзиш ва тадбирандешӣ қарор гирифтанд. Дар муҳлати кӯтоҳ лоиҳаҳои шартҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ниқобҳои таъйиноти гигиенӣ, муҳофизатӣ ва маишии истеҳсолӣ - ШТ 8400 ҶТ 030000230 - 001-2020”,  “Маҳлулҳои антисептикӣ - ШТ 9182 ҶТ 030000230 - 002-2020”  ва  “Комбинезонҳо ва либосҳои болопӯши таъйиноти муҳофизатии истеҳсолӣ - ШТ 8570 ҶТ 030000230 - 003-2020” таҳия, қабул ва барои корбарӣ ба муассисаву корхонаҳои марбута пешниҳод гардиданд.
Бо мақсади  дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти дӯхти ниқобҳои ҳимоявӣ, истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ ва либоси махсуси ҳимоявӣ ҳуҷҷатҳои мазкур барои истифода дар истеҳсолот ба марказҳои зертобеъ  ройгон дастрас карда шуданд.  Айни ҳол дар асоси талаботи муқаррарнамудаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад.
Агентии “Тоҷикстандарт” тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ҷиҳати дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти дӯхти ниқобҳои ҳимоявӣ, истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ ва либоси махсуси ҳимоявӣ  барои  пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ  дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои муассири амалӣ андешад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2020    №: 132    Мутолиа карданд: 493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед