logo

иқтисод

ҲУСНИЯ РАҶАБЗОДА: “МУРҒОБ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ”

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2020 мутобиқи вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, ба роҳ монд. Як нуктаро бояд зикр созам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ноҳияи баландкӯҳи мо аҳамияти хосса дода, барои беҳбудии зиндагии аҳолӣ ва рушди ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодаанд. Сокинони Боми ҷаҳон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоянд ва аз ғамхориҳои Роҳбари давлат миннатдор мебошанд, - иброз дошт Ҳусния Раҷабзода,  раиси ноҳияи Мурғоб.
РОҲҲО
Ноҳияҳои баландкӯҳ, аз ҷумла Мурғоб, бе роҳҳои нақлиётӣ наметавонанд ба рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ даст ёбад. Бинобар ин, мо ба ҳолати роҳҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир месозем. Ҳаҷми корҳои иҷрошудаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1 миллиону 51 ҳазору 701 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишони комёбиҳои муассисаҳо ба ҳисоб меравад.
Дар асоси қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар бораи эълон намудани маъракаи ободонӣ ва кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» пайваста маъракаҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, таъмири каналҳо ва ободонии маҳаллаҳо идома доранд.  
СОХТМОН
Соҳаи мазкур ҳамасола дар ҳолати рушд аст. Толори варзиш дар деҳаи Кунакургани Ҷамоати деҳоти Ғ. Бердибаев ва майдони маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохт-монӣ вусъат гирифтааст.   

МАОРИФ
Дар ноҳия 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 боғчаи бачагона, 13 маркази инкишофи барвақтии кӯдакони назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 8 интернати назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Шумораи умумии хонандагон  2484 нафар аст,  аз онҳо 1202 нафар духтарон  мебошанд. Ба онҳо 363 омӯзгор, аз ҷумла 238 муаллима, сабақ медиҳад. 271 омӯзгор соҳиби маълумоти олист.
Ноҳияи Мурғоб аз ҷиҳати фоизи дохилшавандагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ пешсаф аст. Алҳол 80 дарсади хатмкунандагон дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштанд. Тибқи Квотаи президентӣ имсол тариқи озмун қариб 20 нафар, аз ҷумла 12 қирғиз, ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шуд.
ТАНДУРУСТӢ
Дар шароити зуҳури коронавирус соҳаи тандурустии ноҳия  дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 5 июн ба имзо расид, фаъол буда, риояи санитария ва гигиенаи шахсии мардумро пайваста назорат мебаранд. Ба сокинон беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 6 маркази саломатӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи доруфурӯшии хусусӣ, 1 МНДСЭ бо фаъолияти ҳамгироӣ хизмат мерасонанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 48 объектро санҷида барои вайронкунӣ ва риоя накардани талаботи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ 27 санад ва протокол тартиб дод ва вайронкунандагони қоидаҳоро ба маблағи 3346 сомонӣ ҷарима баст, ки ба фоидаи буҷет ситонда шуд.

САЙЁҲӢ
Дар ноҳияи Мурғоб 16 ширкати сайёҳӣ фаъол аст. Соли 2019 зиёда аз 2120 сайёҳ аз диёри баландболои мо дидан намуд. Албатта, имсол ин шумора бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар дунё хеле ихтисор ёфт, вале кормандони ширкатҳо барои ҷалби сайёҳон дар солҳои минбаъда пешниҳодҳои ҷолибро роҳандозӣ доранд.
Мурғоб, ки диёри диданисту ҳар сол ҳазорҳо сайёҳон ба тамошояш меоянд, ба муҳити зист, тозагии атроф, ободонӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, мудирияти минтақавии Боғи миллии Тоҷикистон саршумори ҳайвоноту парандаҳоро ба ҳисоб гирифта, барои афзун шуданашон чораҳои муфид меандешанд.
ИҶТИМОИЁТ
6 комиссияи доимӣ ва 80 комиссияи ҷамъиятӣ ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро пайваста зери назорат доранд. Имсол 72 хатнасури хайриявӣ, 6 ҷашни домодию арӯсӣ, 36 мулоқоту  вохӯрӣ, 8 муроҷиати шаҳрвандон, 37  ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаанд. Аз тарафи соҳаи дину танзими ноҳия як қонунвайронкунӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ошкор гардида, соҳиби маърака аз тарафи суди ноҳияи Мурғоб панҷ ҳазору панҷсад сомонӣ ҷарима шуд.
Тибқи ҳисоботи бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1229 бекор ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 761 зан ва 351 ҷавон. Аз ноҳияи Мурғоб 853 нафар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ  дар  хориҷа қарор дорад. Албатта, дар кӯҳистони шароиташ вазнин дарёфти ҷойи кор осон нест, вале тамоми имкониятҳоро истифода мебарем, ки соҳаи хизматрасонӣ, тиҷорати хурд, бунёди корхонаҳои хурди оилавӣ, коркарди маҳсулоти чорво, сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб минбаъд ҳам барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, дар иҷрои вазифаҳои аз тарафи Президенти мамлакат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят гузошташуда тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2020    №: 132    Мутолиа карданд: 542
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед