фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССЧАЙНВОРДИ «ҲАМАДОН»
1. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 2. Нашриёт дар Тоҷикистон. 3. Лӯбиёгиҳо. 4. Махзани дониш. 5. Он, ки оҳанг эҷод мекунад. 6. Сурх, сафед, сиёҳ. 7. Асари Саъдӣ. 8. Камёфт, ноёб. 9. Як, ду, чор, панҷ. 10. Шинохташуда. 11. Муродифи душман. 12. Исми маъмулии мардона. 13. Маҳсулоти полизӣ. 14. Воситаи муошират. 15. Ифодакунандаи ҳар гуна мол. 16. Ҳайвони ваҳшӣ. 17. Найза бо арабӣ. 18. Шаҳри энергетикҳо. 19. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 20. «Хона» - и паранда. 21. Шакли ҷамъи сир. 22. Итоаткорони ҷомеа, давлат. 23. Повести П. Толис. 24. Ҳарфи алифбои ниёгон. 25. Навъи спирт. 26. ... Шалоэр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон. 27. Шакли ҷамъи ҳукм. 28. Шахси якуми шумораи танҳо. 29. Рутубат. 30. Узви ин ё он паранда. 31. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 32. Ғизои асосии инсон. 33. Ҷинси адабӣ. (Дар доира). 34. Сайёра. 35. Яке аз муқаддасоти миллӣ. 36. Равшанӣ. 37. Жанри адабӣ. 38. ... Думбадзе, адиби шинохтаи гурҷӣ. 39. Қаҳрамони «Актёр» - и Сорбон. 40. Ҳарфи арабиасоси тоҷикон. 41. Хоҳиш, орзу. 42. Он аз гандум тайёр мешавад. 43. Асъори хурди миллӣ. 44. Фиреб, баҳона. 45. Ҳаммаънои ресмон. 46. Фармон, супориш. 47. Исми собиқи шаҳри Турсунзода. 48. Галаи чорпоён. 49. Фоида аз даромад.
Мураттиб Ҳ. САИДАҲМАДОВ, сокини шаҳри Душанбе
Ҷавоб ба «Муаммои «У» дар мобайн», аз 10 июли соли 2020.
1. Нур, 2. Амудӣ, 3. Секунҷа, 4. Сарбурида, 5. Нопурра, 6. Умумӣ, 7. Куб.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Дар деҳаи мо як мӯйсафеди миёнақади нуронӣ зиндагӣ мекунад, ки хурду калон, ҳатто одамони даҳ-понздаҳ сол аз худаш калонтар ҳам, бо эҳтиром ӯро бобои «суфӣ Ато» гуфта муомила менамоянд. Хислати ба ман бисёр писандаш ҳамин аст, ки рӯйи ҳамсуҳбаташро, хоҳ қадпаст бошад, хоҳ даҳ ваҷаб қадбаланд, нигоҳ накарда, мисли он ки умрбод аз чизеву аз касе хиҷолатманд аст, сарро хам карда, чашм пеши пойи худ дӯхта суҳбат мекунад.
* * *
Мисоли кӯҳҳои Тоҷикистон
Сарафрозему вазнинему хомӯш.
Касе бо мушт кӯҳи хора нашкаст,
Касе нашнид оҳи кӯҳ бар гӯш.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 10 июли соли 2020
Мутеулло Наҷмиддинов
Лоиқ Шералӣ
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
ТОП 10
БАЛАНДТАРИН КӮҲҲОИ СИСТЕМАИ ОФТОБӢ
Эверест дар рӯи Замин баландтарин кӯҳ ба ҳисоб меравад. Вале агар мо системаи офтобиро ба инобат бигирем, он ҳатто ба даҳгонаи баландтарин қуллаҳо дохил намешавад. Инак, баҳри шумо – хонандагони азизи саҳифаи «Шоми шанбе», дар асоси таҳқиқоти қайҳоннавардон, баландтарин кӯҳҳои системаи офтобиро муаррифӣ менамоем.
Кӯҳи Эдгар
Кӯҳи Эдгар, ки дар радифи Оберони сайёраи Уран ҷойгир аст, раддабандии баландтарин қуллаҳои системаи офтобиро оғоз мебахшад. Баландиаш, тақрибан, 11 ҳазор метрро ташкил медиҳад ва нисбат ба кӯҳи Эверест (8848 м) беш аз 2 ҳазор метр баландтар аст.
Бояд гуфт, ки аввалин шуда акси онро киштии «Voyager 2»-и Идораи миллии аэронавтика ва таҳқиқоти фазои кайҳонии ИМА (NASA) гирифтааст.
Тибқи фарзияи олимон, кӯҳи Эдгар дар натиҷаи ҷунбиши қисмҳои болоии қабати Оберон ва бархӯрд бо объекти калон, тақрибан, 10 миллион сол пеш ба вуҷуд меояд.
Таҳияи Комрон САФАР
ҲАЙКАЛИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКДУХТАР
Шояд бисёриҳо надонанд ва ё дар хотир надошта бошанд, ки дар Намоишгоҳи дастовардҳои умумииттифоқии хоҷагии халқ (ВДНХ)-и шаҳри Москва дукони Тоҷикистон фарҳанги миллии кишварро муаррифӣ мекард. 5 толори дукон бо усули шарқиёна оро ёфта буд. Даромадгоҳи дуконро муҷассамаи «Оилаи тоҷик» ва «Якҷояшавии коргару деҳқон» дар таҳияи Антон Лавинский ҳусни дигар мебахшид.
Вале, мутаассифона, он соли 1965 барҳам дода шуд. Вале ҳайкали тиллоии духтари тоҷик назди фаввораи “Дӯстии халқҳо” ҳамчун рамзи ягонагии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳоло боқӣ мондааст. Соли 2019 фаввораи “Дӯстии халқҳо” навсозӣ шуд. Ба гуфтаи ходими Департаменти фарҳанги меросии Москва Алексей Емелянов ҳангоми зарҳалкунӣ аз ҳама вақти зиёдро духтари тоҳик гирифтааст, махсусан дарозии 25 кокули бофтааш.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МЕНДЕЛЕЕВ ВА КНЯЗ
Дмитрий Менделеев ҳеҷ қабул надошт, ки ба одамон аз рӯи мансабу дороиҳои авлодӣ ва ё оилавиашон муносибат кунанд. Дар донишгоҳ ҳам, ки шогирдон хислати устодро хуб медонистанд, кӯшиш мекарданд, то вақти имтиҳон аз рӯи алифбо ва бо навбат наздаш дароянд. Дар ҳамин ҳол, боре чунин шуд, ки як нафар бе навбат назди Менделеев даромад ва худро ҳавобаландона муаррифӣ кард:
-Дар ҳузури шумо Княз Василчиков.
-Бисёр хуб, вале дарро аз берун пӯшед, зеро донишҷӯёнеро, ки насабашон бо ҳарфи «К» сар мешавад, ман пагоҳ қабул мекунам,- мегӯяд устод, ки аз афташ сахт хафа шуда буд.
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
«САРВАТМАНД» ВА «КАМБАҒАЛ»
Марди сарватманде писарашро ба сайругашти деҳа бурд. Ӯ мехост, ки ба фарзандаш тарзи зиндагии камбағалонро нишон диҳад. Пас аз бозгашт, падар аз писараш пурсид:
- Акнун дидӣ, ки одамони камбағал чӣ хел зиндагӣ доранд?
-Бале, - гуфт ӯ,
Падар боз пурсид:
-Хуб, пас бигӯ, ки аз сайругашт чиро омӯхтӣ?
Писар ҷавоб дод:
-Мо як саг дорем, онҳо чорто. Мо ҳавзи сунъӣ дорем, онҳо дарё. Мо чароғҳои барқӣ дорем, онҳо ситораҳо. Мо хӯроквориро мехарем, онҳо худ ҳосил мебардоранд. Мо барои ҳифзи худ девору панҷара бардоштаем, онҳо бошанд, рафиқ доранд. Мо вақти худро бо тамошои телевизор мегузаронем, онҳо бо оила ва наздиконашон.
Падар аз чунин посухи фарзанд ба ҳайрат омада, хомӯш шуд. Пас, фарзанд илова кард:
-Ташаккур, падарҷон! Воқеан, ба ман нишон додед, ки чӣ қадр мо камбағалем.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА
БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
34. Вақте инқилоб дар Фаронса авҷ гирифт, муҳофизони дарбор хостанд оилаи шоҳро бо фойтуни сабуку тезраве то ҷои бехавф гурезонанд, вале дар лаҳзаҳои охир, малика Мария-Антуанетта (1755 – 1793) қарори онҳоро бекор кард ва талаб намуд, ки ҳатман фойтуни калони шоҳиро омода созанд. Ҳамин хатои малика сабаб шуду инқилобчиён дар ними роҳ ба фойтуни вазнину сустҳаракат расида гирифтанд ва ҳамаро ба асорат бурданд.
35. Шояд бисёриҳо надонанд, вале шаҳри Нагасаки аз аввал ҳадафи бомбаборонкунии ИМА набуд. Тибқи нақша, бояд шаҳрҳои Ҳиросима ва Кокура мавриди ҳамла қарор мегирифтанд. Вале ҳамон лаҳзае, ки тайёраҳои бомбаандози Амрико болои Кокура мерасанд, шаҳр зери абрҳои ғафс пинҳону ноаён буд. Маҳз бо ҳамин сабаб, шаҳри Нагасакиро ба нишон гирифта, Кокураро аз чанголи маргбори худ раҳо мекунанд.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА
БОЛОИ ТИЛЛО МЕХОБИДУ…
Соли 1932 Аллан Роберте дар қитъаи замини шахсиаш дар мавзеи Аанденки Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба ҷустуҷӯи тилло оғоз намуд. Шахтае канд бо чуқурии 1220 метр, вале аз тилло дараке набуд. Ба гузашти вақт, Аллан ва шариконаш маҷбур шуданд, ки корро қатъ созанд, зеро дигар барои идомаи кор маблағ надоштанд. Ҳамаи дороияшон дар роҳи ҷустуҷӯи тилло барбод рафта буд. Ба заминаш дигар кас молик шуд ва баъди кандани боз 130 метри дигар ба захираи ҳангуфти тилло бархӯрд. Баъдан, дар он 70 дарсади тиллои ҷаҳон истеҳсол мешуд. Нахустин кашшофи кон Аллан Роберте бошад, аз олам муфлис даргузашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ИХТИРООТИ ЗАНОНАЕРО, КИ МАРДОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Оташнишонӣ – касби сангини мардона аст. Дар бештари кишварҳои ҷаҳон мутобиқи қонун занҳо ҳуқуқи дар оташнишонӣ кор карданро надоранд. Вале, тааҷҷубовар ин аст, нардбони оташнишониро, ки аз берун ба деворҳои бино насб мешавад, махсусан зан ихтироъ кардааст. Соли 1887 ба яке аз бюроҳои патентии Амрико зане бо номи Анна Коннели муроҷиат намуда, пешниҳод менамояд, ки биноҳои ҳамсояро бо пулҳои оҳанин бипайванданд, зеро бо истифода аз он оташнишонҳо ба зудӣ то маҳали алангаи оташ мерасанд ва сокинонаш бошанд, ба ҷои бехатар мегузаранд. Баъдтар пулҳоро бо нардбонҳои кушода иваз намуданд, ки алҳол низ мавриди истифода қарор доранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ТӮБИ БОБАРОРИ УРУГВАИҲО
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аз 13 то 30 июли соли 1930 дар Уругвай баргузор шуд ва мувофиқи маълумоти шоҳидон дар он воқеаи аҷибе рух медиҳад.
Пеш аз оғози бозии финалӣ, ки дар он тимҳои миллии Уругвай ва Аргентина вомехӯрданд, ҳолати баҳснок ба вуҷуд омад. Гап сари он аст, ки ҳар як даста мехост, бозии ниҳоии чемпионат маҳз бо тӯби онҳо доир шавад. Аз вазъи баамаломада, мутасаддиёни мусобиқа ба ҳайрат афтоданд. Ва оқибат, пас аз машварати тӯлонӣ, ба қарор омаданд, ки қисми аввали бозӣ бо тӯби аргентиниҳо, қисми дуюм бошад, бо тӯби уругваиҳо сурат гирад. Чуноне ҷараёни қувваозмоӣ нишон дод, тӯбҳои худӣ барои дастаҳо бобарор буд. Агар нимаи аввали бозӣ ба фоидаи Аргентина (2:1) ба анҷом расида бошад, пас дар қисми дуюм пирӯзӣ насиби Уругвай (3:0) гардид. Ҳамин тавр, Уругвай бо ҳисоби 4:2 ғолиб омада, чемпиони ҷаҳон шуд. Хуллас, тӯби уругваиҳо барояшон шафоати бештар доштааст.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО
ЛОРД НЮТОН
Ба Исаак Нютон, олими бузурги англис, барои хизматҳои шоистааш дар роҳи илм унвони лорд доданд ва ӯ маҷбур шуд, ки чанд сол дар ҷаласаҳои палата ширкат варзад. Аҷиб ин аст, ки давоми фаъолияти худ ҳамчун лорд Нютон ҳамагӣ як бор даст бардошта, сухан пурсидааст. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки вақте Нютон аз ҷояш бархост, ҳама дар ҳайрат монданд ва интизор буданд, ки ӯ чӣ мегуфта бошад. Вале ғайричашмдошти ҳозирин, Нютон ҳамагӣ як ҷумла гуфт:
-Ҷанобон, агар Шумо зид набошед, ман хоҳиш мекунам, ки тирезаҳоро пӯшанд, метарсам, ки шамол хӯрам.
Воқеан, ин аввалину охирин «маърӯза»-и Нютон дар палата буд.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ТАВСИЯИ УСТОД
Муҳаммад Рашид, зодаи Покистонро дар давраи мактабхонӣ, муаллим ҳамеша таъкид менамуд, ки боақл бошад ва каллаашро бештар кор фармояд.
Ӯ гуфтаи устодашро ба таври худ қабул намуд ва солҳои дароз бо сараш шикастани чормағзро машқ мекард. Ниҳоят, тамринҳояш натиҷа доданд. Муҳаммад Рашид бо сараш дар як дақиқа 155 чормағзро шикаста, рекорди ҷаҳонӣ нишон дод ва бо ин амалаш вориди "Китоби рекордҳои Гиннес" гардид.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
КОРОНАВИРУС ПОЙАФЗОЛИ ФОСИЛАВӢ НИЗ ПАЙДО КАРД
Дар давраи пандемия пойафзолдӯзи руминиягӣ Клуж Григоре Луп кафшеро сохт, ки истифодаи он имкон медиҳад, то фосилаи иҷтимоӣ риоя гардад. Сухан дар бораи пойафзоле меравад, ки дарозиаш 75 см мебошад. Яъне, агар ду нафар бо чунин кашф рӯ ба рӯ истанд, фосилаи байнашон яку ним метрро, ки тавсияи табибон мебошад, ташкил медиҳад.
Тибқи гуфтаи Клуж, барои таҳияи ҳар ҷуфт ду рӯз ва қариб ним метри мураббаъ чарм сарф мешавад. Мӯзадӯз гуфт, ки ба наздикӣ барои чунин пойафзол дархостҳои аввалинро қабул кард. Арзишаш, тақрибан, 100 евро мебошад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ХУБТАР ОН АСТ, КИ РОЗ НИҲОН БИМОНАД
Боре, ҳангоми вохӯрии ҳамсинфон, ҷавоне назди устоди мактабиаш омада, гуфт:
- Шумо маро дар ёд доред?
- Не,- ҷавоб дод ӯ.
- Чӣ хел?! Ман ҳамонам, ки овони мактабхонӣ соати ҳамсинфамро дуздида будам. Ба ин хотир, барои пайдо карданаш, шумо гуфтед, ки кисаҳоятонро мекобам. Чун соатро дуздида будам, ба дилам ваҳм афтод, ки баъди ифшо шудани гуноҳам чӣ ҷавоб хоҳам дод. Аммо шумо ҳангоми ҷустуҷӯ, моро фармудед, ки рӯ ҷониби девор кунеду чашмонатонро пӯшед. Вақте кисаҳоямонро мекофтед, навбат ба ман расид ва соатро аз ҷайбам ёфтед, аммо бо ин ҳама ҷустуҷӯро идома медодед. Дар охир, соатро ба соҳибаш баргардонда, асли воқеаро ба касе нагуфтед. Наход, дар хотир надошта бошед, ки соатро кӣ дуздида буд?
- Не, -гуфт муаллим.- Он замон кисаҳоятонро бо чашмони пӯшида кофта будам.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
10. Пол Кругман (тав. 1953)
Иқтисоддон ва журналист - шореҳи яҳудитабори амрикоӣ, барандаи мукофотҳои машҳуртарини ҷаҳон – Ҷоизаи Нобел (2008), Нишони Ҷ. Кларк (1991), Ҷоизаи Адам Смит (1995), Ҷоизаи Ректенвалд ва Ҷоизаи шоҳзода Асурий (2004). Масъули гӯшаи «Таҳлили иқтисодӣ» - и рӯзномаи Ню – Йорк таймс».
«Сохтори бозорӣ ва савдои хориҷӣ» (1985), «Сиёсати стратегии савдо ва назарияи нави байналмилалии иқтисодӣ» (1986), «Сиёсати савдо ва сохтори бозор» (1989), «Дурӯғи бузург» (2004) ва «Бозгашти Буҳрони Бузург» (2009) китобҳои машҳуртарини ӯ мебошанд. Тайи 8 соли президентии Ҷорҷ Буш (хурдӣ) аз сиёсати иқтисодии ӯ дар «Ню - Йорк таймс» сахт интиҳод кард, аммо ин танқидҳо ба маъмурияти Буш таъсир накарданд: мамлакат боз (2008) ба шикасти молиявӣ мувоҷеҳ шуда (айнан ҳамон гуна, ки Кругман пешгӯӣ кард), аз пайи худ ҷаҳонро ба буҳрони шадиди иқтисодӣ кашид.
Ба андешаи Кругман, ҳатто дар ҳоли 1,3 триллион дефитсит (норасоӣ) доштани буҷети давлатӣ давлат бояд боз зиёда аз 1 триллион доллар сарф кунад, то иқтисоди Амрикоро аз карахтӣ раҳонад.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО
АМНТАРИН НАҚБИ МОШИНГАРДИ АВРУПО
Моҳи марти соли 2003 дар Шоҳигарии Нидерланд дарозтарин нақби мошингарди зериобии Аврупо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки коршиносон онро намунаи беҳтарини саноеи инженерии кишвар эътироф намудаанд.
Ин иншооти камназир дар музофоти Зееланд зери маҷрои дарёи Шелд бунёд ёфта, дарозиаш 6,5 километрро ташкил медиҳад. Барои сохтмонаш аз ҳисоби буҷети давлатӣ наздики 800 миллион евро харҷ гардид. Ҳамчунин, он амнтарин нақби мошингарди Аврупо ба ҳисоб рафта, дар дохилаш дар баробари камераҳои назоратӣ, ҳар 50 метр телефон насб шудааст, ки дар сурати ба амал омадани садама, вайрон шудани автомобил ва ё даъват намудани кормандони хадамоти «ёрии таъҷилӣ» метавон аз онҳо истифода бурд. Бар замми ин, нақб бо муосиртарин асбобҳои ҳавотозакунанда ва сӯхторхомӯшсозӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бояд гуфт, ки дар нақб равуои нақлиёти сустҳаракат – велосипед, трактор ва амсоли инҳо манъ аст.
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИРОВ
ВАЗИРОНИ СССР ЧӢ ҚАДАР МАОШ МЕГИРИФТАНД?
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 комиссар (вазир)-и халқии СССР 4000 - 5000, комиссари халқӣ бо рутбаи генерал 6500 - 7000 сӯм маош мегирифтанд.
Моҳонаи устувори майор 1200, ангишткан 700 сӯмро ташкил медод. Соли 1944 музди миёнаи меҳнати Иттиҳоди Шӯравӣ ба 573 сӯм баробар буд.
Соли 1970 (соли 1961 дар ИҶШС ислоҳоти пулӣ сурат гирифт ва асъор 1/100 иваз шуд) маоши вазири умумииттифоқӣ 1000 - 1100, котиби райком 400 - 450 сӯм буда, моҳонаи миёнаи коргарон соли 1975 - ум 146 сӯмро ташкил медод.
Таҳияи Умар АЛӢ
САБАҚИ ДАРДОВАР
ҲУКМИ ФОҶИАБОРЕ, КИ БАЪД АЗ ДАҲ СОЛ БЕКОР ШУД
Баҳори соли 1996 Хуугдҷи ном ҷавони 18-сола дар мабрази истифодаи умуми шаҳри Хух-Хото (Чин) ҷасади занеро пайдо карда, ба полис хабар медиҳад. Вале ин амали ҷавонмардона ҳаёташро сӯхт. Кормандони полис худи ӯро ба гумони қатли зан боздошт карданд. Дертар бо ҳукми суд ба қатл маҳкум гардид ва пас аз ду моҳ кушта шуд.
Баъд аз гузашти наздик ба 10 сол (соли 2005) қотили аслӣ - Чхао Чжихун пайдо шуд, ки худ ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар пайи он, суд ҳукми қатл нисбат ба Хуугдҷиро бекор ва ӯро сафед мекунад. Илова бар ин, ба волидонаш 330 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пардохта шуд.
- Мо аз ин ҳодиса сабақи дардовар омӯхтем, - гуфт намояндаи додгоҳ пас аз эълони ҳукми нав. Вале бо ҳамин кор тамом нашуд ва ҳукми иштибоҳӣ 27 корманди суд, прокуратура ва полисро ба ҷавобгарӣ кашид.
Волидони Хуугдҷии ҷавонмарг нусхаи ҳукмро ба сари гӯраш оварда оташ заданд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.07.2020 №: 133 Мутолиа карданд: 1027