logo

сиёсат

ДУНЯВИЯТ.РОҲИ МАНУ МО БА СӮИ ФАРДО

Давлате, ки дар асоси низоми сиёсии дунявӣ барномаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро дар амал татбиқ менамояд, ояндаи дурахшон дорад. Ин довариест, ки таҷриба ва собиқаи таърихи инсонӣ собит сохтааст. Одатан, дар фазо ва муҳитҳои илмӣ, ихтисосӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мафҳуми дунявият дар истилоҳи “секуляризм” ҷилва мекунад.
«Секуляризм» (аз калимаи лотинии «saecularis» ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) маънои дунявият дошта, динро аз давлат ҷудо мекунад. Ин шаҳодат медиҳад, ки бештари давлатҳои дунё, гарчанде хусусияти динӣ дошта бошанд ҳам, арзишҳои дунявиро қабул карда, дар раванди ҷаҳонишавии имрӯза дар як самт фаъолият карда истодаанд. Имрӯз тамоми аҳолии сайёра қисми ҷудонашавандаи ин раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд. Новобаста аз миллат, дин ва назарҳои сиёсӣ ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки як қисми ҷомеаи комилҳуқуқи ҷаҳон бошад. Сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки давлатҳои дунявиро метавон ба се намуд тақсим кард: якум, кишварҳое, ки бо вуҷуди эътирофи дини расмии давлатӣ, асосан, зери назари қонунҳои дунявӣ амал мекунанд ва ба ин навъ кишварҳо Британияи Кабир, Италия, Испания, Полша ва ғайраҳо дохиланд; дуюм, мамлакатҳое, ки дар онҳо бо вуҷуди аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ байни дину давлат ҳамкориву ҳамоҳангӣ, алалхусус дар умури тарбияи маънавию ахлоқӣ ва барангехтани рӯҳияи миллӣ - ватанхоҳӣ ҳукмрон аст. Ин намуди дунявият дар Франсия, Олмон, ИМА, Россия, Туркия, Ҳиндустон амал мекунад. Дар ин давлатҳо дунявият ба маънии бединӣ ё атеистӣ будан нест ва сарварон низ диндорӣ ва эҳтироми худро ба дини кишварашон пинҳон намесозанд; сеюм, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он дин ҳамчун муҳити муносибатҳои шахсию хусусӣ аз давлат ҷудо буда, байни дин ва давлат, ки бар пояи идеологияи моҳиятан материалистию атеистӣ устувор буд, ҳеҷ гуна муносибат набуд. Дар он, воқеан, дин комилан аз давлат ҷудо буд ва дар ҳеҷ умури давлатдорӣ ҳамкорӣ надошт.
Аммо, чуноне ки мо имрӯз мушоҳида мекунем, дар ҳар минтақа ҳар гуна мушкилиҳои миллатгароӣ, бегонапарастӣ, иғвогароӣ, ифротгароӣ ва дигар ҳаракатҳое, ки вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаро зери хатар  мегузоранд, вуҷуд доранд. Яке аз чунин мушкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавҷуданд - зери шиорҳои динӣ садҳо навҷавонони ноогоҳ ва фикру ақидаашон ташаккулнаёфтаро ба худ ҷалб карда, ба онҳо таъсири худро расонда, ҷони онҳоро аз байн бурданд.
Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақа ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро дорад новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ - мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст. 
Бояд гуфт, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо давлати дунявӣ эълон шудааст (моддаи 1) ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ (моддаи 8) “ба ҳайси мафкураи давлатӣ” эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Эътиқоди динӣ кори хусусии  ҳар  шахс  буда,  “ҳар  кас  ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд” (моддаи 26).  Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат маънои онро дорад, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ хусусияти дунявӣ дошта, дастрас будани намудҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсилот, новобаста аз муносибат ба дин, таъмин карда мешаванд. Давлат фаъолияти қонунии иттиҳодияҳои диниро ҳимоя намуда, додани имтиёзҳои мухталиф, аз ҷумла ёрии моливу моддӣ барои ташкилотҳои диниро тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии қонунгузории Тоҷикистон танзим менамояд.
Бо вуҷуди ин, баъзе ташкилотҳо ва гурӯҳҳои алоҳида кӯшиш менамоянд, ки аз бовариҳои динии мардум истифода намуда, аз номи дини Ислом  бар зидди дунявият садо баланд кунанд ва бо ин роҳ пеши рушду нумӯи кишварро мегиранд.
Бояд гуфт, ки баъди соли 2011 чаҳонро таҳдиди шадиди террористӣ  дар симои “ДИИШ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”,  “Ҳизбуллоҳ” ва ғайраҳо фаро гирифт.
Дар соли 2015 фаъолияти собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Ин қарорро созмонҳои минтақавӣ, ба хусус СҲШ, ИДМ ва СААД дастгирӣ карданд. Дар давоми 5 соли сипаришуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо шаҳрвандони калонсолу ҷавонон гузаронид. Барои чунин чорабиниҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ комиссияи махсус оид ба мубориза бар зидди ҳаракатҳои номатлуб таъсис ёфт ва аз ҷониби он чораҳои зарурӣ  андешида шуданд. Бояд зикр кард, ки дар ин муддат Ҳукумат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва сатҳи огоҳию зиракии сиёсии мардумро боло бардошт.
Хушбахтона, Тоҷикистон дар роҳи низоми сиёсии дунявӣ қадам мениҳад ва аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ҳаракат мекунад. Низоми сиёсии дунявӣ ба баробарии инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва моддию маънавӣ асос ёфтааст. Бар асоси таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми кишвар саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, мардум ҷойгоҳи муносиби иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки мардуми Тоҷикистон дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми дархӯри сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар ин масир пайгирона ҳаракат мекунад.

Акбар САЛИМОВ,
ходими калони илмии АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2020    №: 134    Мутолиа карданд: 947
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед