фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Раҷаб Мардон яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти мансури муосири мост. Ҳар касе, ки китобҳои “Мошинсозон”, “Марде собит ҳамчу кӯҳ”, “Бунёдгузорон”, “Интихоб”, “Дарёи нур”, “Оташи абр”, “Оташи дил”, “Эҳёи хирад”, “Ҳикмати умр”, “Қаҳрамони замони мо” ва “Куштори бехун” - ро хонда бошад, Раҷаб Мардонро мешиносад.
Ӯ моҳи июни соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) дар нашрияҳои даврии “Пионери Тоҷикистон”, “Маориф ва маданият”, “Комсомоли Тоҷикистон”, Телевизиони Тоҷикистон, нашриёти “Адиб”, рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”), ҳафтаномаҳои “Саноати Тоҷикистон”, “Ватанпарвар” ва “Боҷу хироҷ” фаъолият намудааст.
Раҷаб Мардон нависандаи воқеагаро аст. Дар осори ӯ зиндагии воқеӣ, андеша ва музокираи публитсистӣ афзалият дорад. Ба ин, пеш аз ҳама, мактаби рӯзноманигорӣ таъсиргузор будааст. Асарҳои ӯ аз нигоҳи интихоби мавзӯъ, қаҳрамон, гузориши масъала, тарзи музокира, шеваи тасвир, вусъати назар ҷолиб буда, фикри хонандаро ба ҳаракат медароранд, ӯро ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ талқин мекунанд.
Қаҳрамонони асарҳои адиб аксар зодагони кӯҳистонанд, онҳо бо тақозои замон ба водиҳо муҳоҷир шуда, сахтиҳои зиндагиро аз сар гузарондаанд, рагу паяшон бо меҳнат шах шудааст. Онҳо аз душвориҳои зиндагӣ ҳарос надоранд, мушкилнописанданд, шебу фарозҳои зиндагиро маърифат кардаанд, анъанаву суннатҳои касби худро хуб донанд ҳам, ҳамеша дар фикри дарёфти усулҳои нави замонавии пешбурди касбу шуғланд ва дар ин кор маслиҳатҳояшонро аз дигарон низ дареғ намедоранд.
Дар идомаи фаъолияти рӯзно-манигорӣ зиёда аз 20 асари адабӣ ва публитсистиаш ба нашр расидааст. Асарҳои алоҳида ва маҷмӯаҳои ӯ, ба монанди “Номус”, “Дар ҳалқаи халқи ҷаҳон”, “Китоби аср”, “Достони асп” ва амсоли инҳо собит месозанд, ки дар эҷодиёти нависанда жанри очерк мавқеи намоён дорад ва аксари асарҳояш дар ҳамин қолаб офарида шудаанд.
Очеркҳои Раҷаб Мардон ба проблемаҳои рӯз иртибот доранд. Ва онҳо мардони кор, бардаму солор, паҳлавон, таҳамтан, меҳнаткашу матинирода, кордидаву кордон, саховатманду сахопешаанд, ки на танҳо дар фикри зиндагии худу хешованданд, балки дар андешаи ободии маҳал, диёр ва дар маҷмӯъ, як гӯшаи кишвари маҳбубамон мебошанд. Онҳо зиндагии хуби оилавӣ ва иҷтимоӣ доранд. Фарзандони хубро ба воя расондаанд, дар тарбияи ҷомеа низ саҳм гузоштаанд, дар байни мардум обрӯ доранд, халқ дӯсташон медорад.
- Умуман, эҷодиёти Раҷаб Мардон аз як тараф, бозтоби бадеии воқеоти иҷтимоии давру замони муайян, тасвири рӯзгори босаодат, мақоми аслии одамият, тараннуми меҳнат, хушҳолии мардум ва созандагиҳои кишвари азизамон бошанд, аз тарафи дигар, ифодакунандаи маърифати баланди зиндагӣ, садоқати бепоёни касбӣ, ҳисси волои ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳунару маҳорати эҷодии нигорандаашон мебошад, ки аз воқеагарои моҳир будани ӯ дарак медиҳанд.
Хизматҳои арзишманди Раҷаб Мардон бо унвони Журналисти шоистаи Тоҷикистон, ордени “Шараф” дараҷаи ду ва нишону ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Б. КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2020 №: 134 Мутолиа карданд: 931