logo

иқтисод

ФАРХОР. РӮЗГОРИ МАРДУМ ЗИНАТИ ТОЗА МЕГИРАД

Сокинони меҳандӯсту соҳибкорони баору номуси ноҳияи Фархор бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аҳамияти Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк карда, дар асоси раҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориву ободониро пешаи худ кардаанд. Ҳоло дар ҳама гӯшаву канори ноҳия созандагиҳо ба назар мерасанд.
Пас аз қомат афрохтани иншооти Парчам ва Нишони давлатӣ дар даромадгоҳи асосии боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия ва шинондани 3 ҳазору 510 дарахти гуногуни сояафкану ороишӣ, 22 ҳазору 500 гулу буттаҳои зебо дар боғи мазкур ва ба истифода додани дигар марказҳои маишӣ – хизматрасонӣ, ноҳия, махсусан маркази он – шаҳраки Фархор, хеле зеботар шуд. 
Барои амалишавии нақшаи чорабиниҳо аз моҳи июни соли 2018 то имрӯз корҳои муҳим ба анҷом расонда шуданд. Дар  шаҳраки Фархор соли 2018 - ум 5, соли гузашта 35 иншоот бунёд ёфта, соли равон бунёду навсозии 39 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар 17 иншоот корҳои сохтмонӣ мувофиқи лоиҳа ҷараён дошта, дар 19 иншооти дигар корҳои лоиҳакашӣ дар арафаи анҷомёбианд.
Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз 52 иншооти дар нақша пешбинишуда бунёди 8 иншоот, аз ҷумла маркази саломатӣ, корхонаи коркарди пахта, таваллудхона, кандани чоҳи амудӣ, насби трансформатор ва кашидани як километр хати оби нӯшоӣ, ба охир расонда шуд. Соли гузашта аз тарафи соҳибкорони хурду миёна ва шахсони саховатпеша дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 146,6 километр роҳҳо сангфаршу шағалпӯш ва кӯчаҳои 55 деҳа чароғон гардиданд.
Сохтмону  навсозии  2 км хати  оби  нӯшоӣ , кандани 3 чоҳи амудӣ, насби 3 насоси обкашии ЭСВ-10 ва трансформатори 400 кв ба охир расида, онҳо мавриди баҳрабардорӣ  қарор  гирифтанд.
Сохтмони иншооти дигар,  аз  ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 дар шаҳраки  Фархор, МТМУ  № 4  дар  деҳаи  Аловуддин, сардхона ва кохи фарҳанг дар деҳаи Хуррамзамини  Ҷамоати деҳоти  Фархор,  синфхонаҳои   иловагӣ  дар  назди  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии  №№ 25, 36, 43 ва 5 бинои панҷошёнаи истиқоматию бинои раёсати молияи ноҳия дар маркази  шаҳрак, дорухона ва дукону  фурӯшгоҳҳои  хурду  калон  мувофиқи  лоиҳа  идома  дорад.
Соли гузашта коргоҳҳои  истеҳсоли  хишти  сементии  ҶДММ «Сабоҳ - 2018», мевахушккунӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, фермаи мурғпарварӣ ва корхонаи қуму шағал бунёд ёфтанд. Моҳи январи соли равон 11 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
То Ҷашни муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо заҳмати аҳлонаи мардуми сарбаланди ноҳия тамоми нақшаҳои ояндасоз дар амал татбиқ гардида, зиндагиву рӯзгори сокинон зинати бештар мегирад.

Сайлигул ОДИНАЕВА,
омӯзгори МТМУ № 17 - и
ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2020    №: 135    Мутолиа карданд: 846
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед