logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ҚАСРИ ТЕННИС ВА МАҶМААИ ВАРЗИШИ ОБӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад. Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардидааст. Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, бунёди он таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия таҳия намудааст. Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд. Дар маҷмааи варзиш беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонда шудаанд. Баробари ба истифода додани маҷмаа беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин гардид.
Баъди ифтитоҳи иншоот, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзиш аз қасри теннис барои 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 280 воситаи  нақлиёт,  қасри  намудҳои  варзиши обӣ бо 2000 ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 285 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки ҳар кадом дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.
Яке аз иншооти калони маҷмаа қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад ва боздиди Сарвари давлат низ аз он оғоз гардид.
Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад. Он дорои қариб дую ним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква - аэробика - рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, ҳуҷраҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, ҳуҷраҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгиранд.
Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, пешбинӣ шудаанд.
Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин  мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунанд.
Дар маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.
Қасрҳо ва дигар иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.
Баъди шиносоӣ бо имкониятҳои машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзиши обӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз иншооти дигари маҷмаа – ҳавзи шиноварии болокушода боздид карданд.
Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъйин шудааст.
Ҳавзи шиноварии болокушода дар масоҳати қариб 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 288 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1; 3; 5; 7,5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ мешавад.
Ҳавзи шиноварии болокушода низ тибқи талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё шуда, лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гашт.
Мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) дар иншоот барои гузарондани мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ системаи шабакаҳои зарурӣ насб гардидааст.
Бояд гуфт, ки мутахассисони Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани маҷмаа тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки маҷмааи варзиш аз тарафи сохтмончиёни тоҷик бо тарҳи зебо, бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир ва бо сифати баланд бунёд шуд.
Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидаанд, ки тавассути онҳо сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз қасри теннис, ки дар як бинои алоҳидаи зебо ҷойгир аст, дидан карданд.
Қасри теннис 5-ошёна  буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ қомат меафрозад ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат аст. Дар 3 корти теннис 12 ҳуҷраи либосивазкунӣ барои 300 варзишгар, 4 толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт мебошад. Дар ошёнаи дуюм толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толорҳои гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва дигар ҷойҳои машқу тамрин мавҷуданд.
Бунёди қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва яке аз иншооти бузурги ҷашнии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Варзишгарон, ҷавонони саодатманду хуштолеи кишвар ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми шоиста - бунёди чунин як маҷмааи бузург ва дорои тамоми шароити зарурии машқу тамрин изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар як қисми маҷмаа барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун  ва  машқу  тамрини варзишгарон дар масоҳати 5500 метри мураббаъ 8 майдони тенниси болокушода сохта шудааст.
Бо дарназардошти он ки маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, минбаъд дар он имконияти баргузории на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ пайдо гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо имкониятҳои дар он фароҳамовардашуда  дар  қасри теннис дар ҳузури ҷавонону наврасон ва варзишгарони кишвар суханронӣ карданд.
Нахуст, Пешвои миллат ифтитоҳи иншооти бузурги варзишро ба ҷавонони кишвар ва сокинони пойтахт табрик гуфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба бунёдкорони маҷмаа барои иҷрои босифати корҳо арзи сипос карданд.
Бунёду ба истифода додани қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе боиси ободии як гӯшаи пойтахти кишвари азизамон гардид. Ороиши маҷмаа бо таҷҳизоти ҳозиразамони нурпошӣ ин мавзеи зебоманзари пойтахтро ба як макони афсонавӣ табдил дод.
Бояд гуфт, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. 
Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд мегардад, ки боз як туҳфаи беҳтарин ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Баъди шиносоӣ бо иншоот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои сифати корҳои сохтмон баҳои баланд дода, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои истифодаи самараноку мақсадноки иншооти варзиш ва корҳои ободонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2020    №: 136    Мутолиа карданд: 739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед