logo

иқтисод

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОР

Фаро гирифтани аҳолӣ бо шуғл яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сол ба сол беҳтар ва имконият дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бештар мегардад.
Бино ба иттилои Салимҷон Нуралиев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Данғара, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармоён дар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. Дар ин давра ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 573 нафар шаҳрвандони корҷӯ муроҷиат карда, 348 нафари онҳо бо кор таъмин гардиданд. 131 нафар ба омӯзиши ҳунар (60 нафар ба дӯзандагӣ, 27 нафар ба омӯзиши компютер, 14 нафар ба гулдӯзӣ, 15 нафар ба қуроқдӯзӣ ва 15 нафар ба ороиши мӯй) фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин, аз ҳисоби духтарон ва модарони серфарзанд давоми 6 моҳи соли равон 10 нафар дар асоси роҳхат дар беморхонаи марказӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди ноҳия дар ин давра бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармоён 4 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод гузаронда шуда, дар ин ярмаркаҳо 66 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд. Дар зарфи 6 моҳи соли 2020 ба 107 нафар ҷавононе, ки хизматро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон адо кардаанд, ба маблағи 32 ҳазору 700 сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардидааст.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2020    №: 136    Мутолиа карданд: 936
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед