logo

иқтисод

ЭНЕРГЕТИКА. СОДИРОТИ 912,4 МИЛЛИОН КВТ - СОАТ НЕРУИ БАРҚ

- Дар нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 10 миллиарду 243,2 миллион кВт - соат неруи  барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 миллион кВт - соат зиёд мебошад, - гуфт Ҷамшед Шоимзода,  муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Вазорат бо дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ба масъалаи барқарор кардани  иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳоло таҷдиди неругоҳҳои «Сарбанд», «Қайроққум» ва марҳилаи якуми таҷдиди НБО «Норак» бомаром идома дошта, баъди навсозӣ тавоноии ин се неругоҳ зиёд мегардад. Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ин давра 912,4 миллион кВт - соатро ташкил дод.
Аз муштариёни дохилӣ 1 миллиарду 477 миллион сомонӣ маблағи неруи барқ ҷамъ оварда шуд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи соли гузашта 241,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Сарфи назар аз ин, дар ин давра қарзи дебитории ШСХК «Барқи тоҷик» аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ 271,3 миллион сомониро ташкил дод.
Дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара, татбиқи шартномаи идоракунии беруна дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва дастгирии Буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар робита ба ин, аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои маблағгузории барнома 105 миллион доллари ИМА грант пешбинӣ шудааст. Аз он 70 миллион доллари ИМА барои кам намудани талафоти энергияи барқ, 15 миллион доллар барои маблағгузории шартномаи идоракунӣ дар ҶСК  «Шабакаҳои тақсимоти барқ»  ва  20 миллион доллар барои дастгирии Буҷети давлатӣ равона мегардад. Дар доираи лоиҳа барои ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби неруи барқ Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба сифати қарзи имтиёзнок 25 миллион доллар пешниҳод кардааст.
Тайи ним сол дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 132 тонна нафт истеҳсол гардид. Истихроҷи гази табиӣ бошад, ба 354 ҳазор метри мукааб расонда шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои саҳомӣ 577 ҳазору 883 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва реактивӣ, мазут, битум, равғанҳои молиданӣ, кокси нафтӣ ва гази моеъ ворид гардидааст.
- Алҳол дар соҳаи электроэнергетика 7 лоиҳаи  сармоягузорӣ роҳандозӣ гашта истодааст, ки яке аз онҳо «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA - 1000» мебошад. Дар доираи лоиҳаи минтақавии CASA - 1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои  иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома доранд. Дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ идома ёфта, то ин муддат конструксияҳои металлии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ба майдони сохтмонӣ оварда шуданд, - гуфт Ҷамшед Шоимзода.
CASA – 1000 лоиҳаи минтақавии беҳамто буда, аз бунёди он ҳам кишварҳои содиркунанда ва ҳам кишварҳои истеъмолкунанда фоида мегиранд. Агар кишварҳои содиркунанда ба даромади хуб даст ёбанд, пас кишварҳои истеъмолкунанда низ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон таъмин хоҳанд шуд, ки дар самти густариши робитаҳои иқтисодӣ ва аз байн бурдани камбуди неруи барқ хеле муҳим аст.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2020    №: 136    Мутолиа карданд: 1031
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед