logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ҲИСОР ВА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Шиносоӣ бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов шинос шуданд.
Талабшо Давлатов ва аҳли оилааш масоҳати 0,1 гектарро босамар истифода менамоянд. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ кишти зироати лӯбиёӣ ва сабзавотро хуб ба роҳ монда, ҳамасола аз ду то се ҳосил ба даст меорад. Истифодаи мақсадноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам овард, ки ин оила ҳосили фаровони сабзавоту полизӣ рӯёнда, сатҳи зиндагии худро баланд бардорад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандуму лӯбиё, наску нахӯд, мошу зағир ва дигар навъи зироати кишоварзӣ дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин, наздики 50 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо, ки аксари онҳо ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамин оила мебошад, дар шакли консерва захира гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Талабшо Давлатов баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёндани ҳосили зиёди  сабзавоту полизӣ маҳз дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.
Аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ оилаи Давлатовҳо дар шаҳри Ҳисор ҳосили дилхоҳи помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, картошкаву пиёз, ҷуворию лӯбиё, караму сабзӣ, сирпиёз ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ мегиранд. Ҳамин тариқ, заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори босаодат доранд.
Дар истифодаи мақсадноку босамари қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бештари сокинони деҳаи Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор фаъолияти назаррас дошта, баробари таъмини аҳли оилаи худ бо маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ, инчунин, дар ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми босазо мегузоранд.
Аз меҳнати садоқатмандона ва муносибати дилсӯзона ба замин дастархони сокинони ин гӯшаи файзбори диёр пурнозу неъмат гардида, сатҳи некуаҳволиашон сол ба сол беҳтар мегардад. Захира намудани маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳм хоҳад гузошт.
Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Давлатовҳо дар истифодаи босамари замин баҳои баланд доданд.
Саҳни ҳавлӣ бошад, бо гулҳои рангоранг зинат ёфтааст, ки аз завқу салиқаи баланди зебоиписанди ин хонавода дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки Талабшо Давлатов табиб аст ва 27 сол инҷониб ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Боздид аз ҶДММ “50-солагии Октябр”-и шаҳри Ҳисор
22 июл дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” шинос шуданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагӣ ба кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз бахшида, ба кишоварзон дар фаъолияти пурмасъулу заҳматталаб барору комёбӣ орзу карданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” яке аз хоҷагиҳои намунавии шаҳри Ҳисор ба шумор рафта, 232, 6 гектар замини корамро дар ихтиёр дорад.
Роҳбарият ва аҳли заҳмати ҷамъият дар афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, дар фаровонии бозорҳои маҳаллӣ ва шаҳри Душанбе саҳми худро мегузоранд.
Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими кишти такрорӣ дар шаҳри Ҳисор майдони парвариши картошка то 40 дарсад зиёд карда мешавад. Имсол дар ҳамаи бахшҳои кишоварзии шаҳр дар масоҳати 600 гектар картошка кишт хоҳад шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки кормандони ҶДММ “50 – солагии Октябр” бо мақсади амалӣ намудани ин нақшаҳо дар майдони 25 гектар картошкаи тирамоҳӣ кишт мекунанд. Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ масъулон тухмиҳои хушсифат дастрас намудаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар ҶДММ “50-солагии Октябр” 200 нафар фаъолият дошта, 80 нафараш коргари доимӣ ва 120 нафари дигар коргари мавсимӣ мебошад.
Ҷамъият дар самти парвариши дигар зироатҳои кишоварзӣ низ пешсаф буда, дар як қисми заминҳои обии он ҷуворимакка барои дон, пахта, сабзавот ва ғайра кишт шудаанд.
Деҳқонони хоҷагӣ аз кишти баҳорӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, бозорҳои маҳаллӣ ва пойтахтро бо маҳсулоти тарутоза таъмин намуданд. Акнун, бо ҳамин азму талош кишти такрориро ба роҳ мемонанд.
Баъд  аз  шиносоӣ  бо  фаъолияти  хоҷагӣ,  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба заҳмати софдилонаву пурмаҳсул ҳидоят намуданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тарутоза, махсусан картошка ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –  таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти хубу босамари кишоварзон вобастагӣ дорад.

Боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ”-и шаҳри Ҳисор
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ” дидан намуда, бо нашъунамои зироат аз наздик шинос шуданд.
Нахуст, Роҳбари давлат бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” ошно шуда, бо аҳли заҳмат суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замини хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” 1,35 гектар буда, аҳли заҳмат ба парвариши навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ машғуланд. Бо истифода аз маслиҳати мутахассисон ва риояи меъёрҳои агротехникӣ коргарони хоҷагӣ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифат нақши бориз мегузоранд.
Имсол хоҷагидорон дар кишти асосӣ карам, боимҷон ва гулкарам корида, аз 0,25 гектар замини кишти карам 8 тонна маҳсулот ба даст оварданд. Ҳамчунин, 0,3 гектари дигар барои парвариши картошка истифода гардида буд ва кишоварзон тавонистанд аз ин ҳисоб 7,5 тонна ҳосил ҷамъ оваранд. Дар самти парвариши дигар зироатҳо низ нишондиҳандаҳо чашмрасанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аҳли заҳмати хоҷагӣ ба масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва рӯёндани чанд ҳосил диққати хоса дода, айни ҳол кишти такрории карам, гулкарам, картошка ва  боимҷонро мегузаронанд.
Ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо сабзавоти барвақтии тарутоза хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” гармхона бунёд намудааст. Дар он, ки масоҳаташ 0,65 гектарро дар бар мегирад, бодирингу помидор парвариш меёбанд. Хоҷагидорон, аллакай, 25 тонна помидор ва 10,2 тонна бодиринг ҷамъ оварда, дар бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода ба фурӯш гузоштаанд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Файзи Ҳоҷӣ” бошад, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзон дар кишти асосӣ картошка, пиёз, караму гулкарами барвақтӣ, гандум ва пунбадона  коридаанд. Дар маҷмӯъ, хоҷагӣ 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, баъди ҷамъоварии  ҳосили барвақтӣ дар қисме аз заминҳои холишуда кишти такрорӣ гузаронданд. Дар кишти такрорӣ бошад, дар масоҳати 0,40 гектар карам, 0,10 гектар картошка ва 0,80 гектари дигар ҷуворимаккаи дон коридаанд.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки аз майдони 0,75 гектар замини пиёз 45 тонна маҳсулот ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҳосилнокии ҳар гектар майдони кишти картошка 262 сентнер, карами барвақтӣ 370 сентнер ва гандум 50 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол хоҷагидорон дар масоҳати 0,6 гектар пахта ва дар майдони 0,5 гектар беда коридаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёндани ҳосили баланд ва гузарондани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёндани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тарутоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо  маводи ғизоӣ қонеъ созад.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуданд.
 Аҳли заҳмат номгӯи гуногуни маҳсулотро, ки маҳсули заминҳои ҳосилхези хоҷагиҳо мебошад, муаррифӣ карда, оид ба дастовардҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни сабзавот, зироати ғалладонагӣ ва полизӣ ба маъраз гузошта шуда, сокинон имкониятҳои худро дар соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ муаррифӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ имсол дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли тухми мурғ 90 ҳазор дона ва асал 38,7  тонна афзудааст. Айни замон дар шаҳр 9 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки 8-тои он дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, хоҷагиҳои молпарвар зотҳои гуногуни чорворо ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Ҳисор соҳаи чорвопарварӣ низ рушд карда, тибқи натиҷагирии нимсолаи аввали соли 2020-ум 192 ҳазору 269 сар чорво зиёд гардидааст. Дар фермаҳои ширию молии хоҷагиҳои чорвопарвар  чорвои зоти “сиёҳалои тоҷикӣ”, “голштайн” ва зоти нави “сементал” нигоҳубин мешавад.
Аснои боздид аз намоишгоҳ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии зироатҳо ва гузарондани кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт ба масъулон дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.
То имрӯз дар шаҳри Ҳсиор аз майдони 4 ҳазору 659 гектар замин, аллакай, ғалла ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26,7 сентнериро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии картошка ва пиёз бошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз аз майдони 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ғунучин гардидааст. Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат айни ҳол дар майдони 756 гектар кишти такрории зироатҳои гуногуни кишоварзӣ идома дорад. Кишоварзон дар кишти такрорӣ, асосан, парвариши ҷуворимаккаи дон, шолӣ, зироатҳои лӯбиёӣ ва техникӣ, картошка, сабзавот ва хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз намоишгоҳ, ба фаъолияти пурсамари кишоварзони шаҳри Ҳисор баҳои баланд дода, барои самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, зиёд намудани майдони кишт ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин, барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик дар шаҳри Ҳисор
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.
Он ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Фозил Бадиев ва Ҷӯрабек Сайфиддинов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхонаи шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.
Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хати муосири технологӣ – истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудааст, ки раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешавад. Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхонаест, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.
Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 дарсад сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.
 Аз рӯи ҳисоби миёна, корхона дар як рӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор шифер ва 300 қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ, дар маҷмӯъ, 76 намуди чунин маҳсулот бо шакл, андоза ва қутрҳои мухталиф истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онҳо барои содиротанд.
Дар корхона маҳсулоти асбестӣ, ки ҳамчун маводи асосӣ дар омода кардани шифер ва қубурҳо истифода мешавад, ба миқдори зарурӣ захира гардидааст.
Дар ин ва дигар хати муосири технологӣ наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардида, моҳонаи ҳар яки онҳо аз 2 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нахи шишагин, ки аслан барои устувории ду намуди маҳсулот – шифер ва қубури асбестӣ маводи лозима ба шумор меравад, дар худи корхона коркард ва истеҳсол мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, бо хати дигари муосири технологӣ – истеҳсолӣ – қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар ин ҷо бо андозаҳои гуногун, доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод карда мешаванд. Ашёи хом, аз ҷумла тунука, барои истеҳсоли профилҳои оҳанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.
Айни ҳол дар корхона барои истеҳсоли ин намуди масолеҳи сохтмонӣ ба миқдори 900 тонна ашёи хом захира шудааст.
Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хати муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфтаи муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестию оҳанӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ҳисор ин аввалин корхонаест, ки бо иқтидори зиёд шифер ва қубурҳои асбестию оҳаниро истеҳсол менамояд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа, қубурҳои асбестӣ дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 40 сол мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шуда, тавлидоти дигар намуди масолеҳ, ки, асосан аз асбесту семент истеҳсол мешаванд, роҳандозӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа диҳанд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад рақобатпазир бошад ва харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷи мамлакат пайдо намояд.
Бояд зикр намуд, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ, муқаррар гардидани имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам овард, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пешниҳодшуда дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Соҳибкорон дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд фаъолияти худро барои рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши хоҳанд дод.
Ғайр аз ин, дар қисми дигари корхона ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ, ҳамзамон, коргоҳи хурди истеҳсол, ороиш ва рангубори қубурҳои оҳанӣ ва дарвозаҳо сохта шудааст, ки он дар доираи дархост омода ва пешниҳод мешавад.
Дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни корхона ва муҳайё сохтани шароити хуби хизматрасонӣ ба кормандон ошхона бо 20 ҷои нишаст, анбор барои захираи хӯрокворӣ ва нуқтаи таъмири дастгоҳҳо сохта шуда, атрофи корхона дар масофаи беш аз 1 километр мумфарш гардидааст.
Дар саҳни корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик намунаҳои маҳсулоти истеҳсолгардида ба намоиш гузошта шуданд.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Шиносоӣ бо тарзи истифодаи самараноки замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ нахуст аз замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо боздид ба амал оварда, бо тарзи истифодаи пурсамару оқилонаи замин ва вазъи зиндагии ин оилаи намунавӣ аз наздик шинос шуданд.
Масоҳати умумии замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо 0,14 гектарро фаро мегирад, ки дар 0,08 садяки он кишту парвариши зироатҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Аъзои оила дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти меҳнати содиқона ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ, ки баробари таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ, ҳамчунин, ба баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунад, дар назди ҳавлии хеш ду гармхона бунёд намуда, парвариши помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лаблабу, ангур, лимӯ ва навъи гуногуни зироатро ба роҳ мондаанд.
Соли ҷорӣ аз гармхонаҳо 200 килограмм ҳосили бодиринг ҷамъоварӣ гардидааст ва аз нашъунамои ниҳолҳои бодирингу помидор ва дигар сабзавот интизор меравад, ки имсол аз ин ҳам бештар ҳосил ба даст оварда шавад.
Кишоварзӣ аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, дар самти бо ҷойи кор таъмин шудани сокинон ва ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нақши арзишманд дорад.
Сокинони маҳаллаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ раванди кишту парвариши зироатро дар заминҳои наздиҳавлигӣ сол ба сол тақвият мебахшанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 704 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз он 445 гектараш замини наздиҳавлигӣ мебошад.
Сокинони маҳаллӣ таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи истифодаи пурсамару оқилонаи замин, аз ҷумла кишту парвариши зироат дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба даст овардани се - чор ҳосил сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола аз ин ҳисоб маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд.
Оилаи Усмоновҳо, ҳамзамон, дар назди ҳавлии хеш 10 навъи дарахтони гуногуни мевадиҳандаро шинондаанд ва аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба даст меоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пухтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ барои зимистон машғул буданд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Занони рӯзгордидаи деҳаи Фалакон қоидаҳои дурусти тайёр намудани консерваю мураббо ва афшураи меваҷотро риоя намуда, ҳамасола ба миқдори зарурӣ маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаро барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамоянд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола аз ҷониби аъзои оилаи Усмоновҳо зиёда аз 700 қуттии шартӣ консерваю мураббо, афшураи меваҷот омода ва захира мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони рӯзгордида ва соҳибтаҷрибаи деҳаро барои омӯзондани ин ҳунар ба ҷавондухтарон ҳидоят намуданд.
Аъзои оилаи Усмоновҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгӯи гуногуни маҳсулот, аз қабили гандум, биринҷ, мош, зағер, нахӯд, лӯбиёиҳо ва ғайраро дар зарфҳои махсус барои ду соли оянда захира доранд.
Истифодаи пурсамари заминҳои корам, аз ҷумла қитъаҳои наздиҳавлигӣ, дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз ба фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзгор, аз ҷумла яхдон, телевизор, компютер, мошинаи дарздӯзӣ, бастаи китобҳои бадеӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд, тақдим намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Усмоновҳо дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, бори дигар оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду сол ва саҳм гузоштан дар ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд доданд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасони деҳоти Фалакон
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд.
Дар намоиш асал, ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полизиҳо, аз қабили гандум, нахӯд, ду навъи лӯбиё, ҷуворимакка, шолӣ, ду намуди картошка, помидору бодиринг, карам, себу шафтолу ва ғайра, ки аз заминҳои зархези ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсол шудаанд, ба маъраз гузошта шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти банамоишгузошташуда беш аз 2 тонна ва 40 намудро ташкил медиҳад. Мутобиқи маълумот, дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд, ки саҳми онҳо дар фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тарутозаи ватании аз лиҳози экологӣ тоза назаррас аст.  
Зимни боздид аз заминҳои хоҷагии иловагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заминҳои президентӣ дар ноҳия 1 ҳазору 650 ва дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷамоати мазкур бошад, беш аз 50 гектарро ташкил намуда, дар онҳо навъҳои гуногуни карам, помидор, ҷуворимакка, боимҷон ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш мешаванд.
Айни замон дар хоҷагиҳои ёрирасон пас аз як маротиба ҷамъоварии ҳосили фаровони маккаи дон, офтобпараст, шалғаму помидор ва ғалла, акнун картошка, боимҷон ва дигар навъи маҳсулот кишт шудааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 704 гектар замини корам мавҷуд мебошад. Аз ин ҳисоб замини ғалладонагӣ 72, картошка 15, сабзавоту полизӣ 476, зироати хӯроки чорво 97, боғу токзор 48, аз ҷумла 39 гектар дарахтони ҳосилдеҳ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ 445 гектар буда, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 170 ададро ташкил медиҳанд.
Ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он бо сабзавоти тарутоза соли ҷорӣ дар 35 гектар гармхона кишту парвариш ва истеҳсоли сабзавоти тарутозаи табиӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз гармхонаҳои ҳудуди ноҳия ба миқдори 397 тонна сабзавот, аз қабили помидор 164, бодиринг 152 ва 81 тонна намуди дигари маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Тибқи нақша, то охири сол масоҳати гармхонаҳо 13 гектари дигар зиёд мегардад.
Бо мақсади татбиқи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 230 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст ва ин раванд бомаром амалӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибони заминҳои президентӣ, ки оқилонаву самаранок истифода шудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баҳри дар оянда парваришу истеҳсоли навъҳои серҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Аҳли заҳмат иброз доштанд, ки истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз масъалаи муҳим дар назди кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, аз ин рӯ соли ҷорӣ дар масоҳати 1 ҳазору 170 гектар кишти зироати такрорӣ анҷом дода шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 399 гектар зиёд мебошад.
Сокинон иқдом гирифтаанд, ки бо заҳмати аҳлона ва гирифтани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо гузоранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2020    №: 137    Мутолиа карданд: 2068
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед