logo

иқтисод

ХУҶАНД. КОМБИНАТИ ШИР БАЪДИ ТАҶДИД БА КОР МЕДАРОЯД

Дар натиҷаи ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо бахши хусусӣ комбинати шири шаҳри Хуҷанд иқтидорҳои хешро барқарор мекунад.
Дар ин бора Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, иттилоъ дода, гуфт, ки чанде пеш раиси вилоят  Раҷаббой  Аҳмадзода аз корхона дидан карда, барои зудтар бакорандозии он дастур дод.
- Корхонаи «Комбинати шир» бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба кор оғоз хоҳад кард. Муассиси корхона соҳибкори ватанӣ Раҳмонбек Раҷабов бо таҳияи лоиҳаи бузург ва ҷалби 20 миллион доллари ИМА якҷо бо шарикони хориҷӣ корхонаро эҳё  карданист, - иброз дошт Музаффар Юнусов.
Раҳмонбек Раҷабов гуфт, ки, аллакай, гуфтушунид бо шарикон ба воситаи Бонки аврупоии рушд ҷараён дошта, коршиносон заминаҳои моддӣ ва ҳаҷми истеҳсолро муайян намудаанд.
Тибқи лоиҳа корхона дар чанд марҳила навсозӣ гардида, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштиро ба роҳ хоҳад монд. Дар назар аст, ки дар комбинат беш аз 400 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад ва марҳилаи аввали он дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Айни замон дар «Комбинати шир» коргоҳи хурди яхмосбарорӣ фаъол буда, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот ҳисса мегузорад.

Кароматулло АТО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2020    №: 137    Мутолиа карданд: 899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед