logo

фарҳанг

ТЕАТР ВА ПАНДЕМИЯ. ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИК БЕТАРАФ НЕСТАНД

Аҳли ҳунар ҳамеша мекӯшанд, то бо замони хеш ҳамқадам ва бо ҷомеа ҳаммаром бошанд. Бо дарки амиқи хатари бемории сирояти COVID - 19 ҳунарпешаҳои муассисаҳои театрию консертии ҷумҳурӣ  бо сухану маҳсули эҷоди хеш, расондани ёрмандиҳои маънавию моддӣ сокинони кишварро ба сабру таҳаммул, эҳсоси рӯҳбаландӣ ва умед ба фардои нек даъват менамоянд.

Чуноне ки муовини аввали вазири фарҳанги кишвар Обид Назариён ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, барои анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз ҳисоби кормандони вазорат ва муассисаҳои театриву консертӣ гурӯҳи таблиғотӣ ташкил шуд.
- Аз ҷониби аҳли ҳунар зимни суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бовар накардан ба ҳама гуна овозаҳои бардурӯғу беасос, ки хатари онҳо бештар аз ин беморӣ мебошад, талқин гардид. Ҷиҳати ба роҳ мондани ташвиқу тарғиб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муассисаҳои театрӣ ва ҳунарпешаҳои алоҳида даҳҳо муроҷиатнома ва ролик омодаву паҳн намуданд, ки дар онҳо, пеш аз ҳама, дур намудани эҳсоси тарсу навмедӣ, бовар ба фардо нақши калидӣ доранд, - иброз дошт О. Назариён.
Роҳбарият ва ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо мақсади арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб ва дастгирии аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ маводи антисептикӣ, айнакҳои тиббӣ, ва хӯрока харида, ба беморхона ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт, шаҳрҳои Ҳисор, Бохтар ва Кӯлоб ба таври ройгон тақсим карданд. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба марказҳои саломатии пойтахт 2800 ниқоб, 1200 шишаи маҳлули антисептикӣ, 800 дастпӯши резинӣ, 80 айнак ва 120 ҷуфт либоси муҳофизатӣ тақдим намуда, маоши якрӯзаи кормандони худро ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус гузаронд.
Ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон, Театри давлатии драмавии русӣ, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ ва ҳунарпешагони алоҳида видео-роликҳои таблиғотиро бо ҷалби ҳунарпешагони шинохта, дар алоҳидагӣ ва дастаҷамъона таҳия карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пайваста пешниҳод намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки вобаста ба ин мавзӯъ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов суруди наверо бо номи “Дар ҳифзи ҷони миллат” (муаллиф Камол Насрулло) эҷод ва дар “Телевизиони Тоҷикистон” сабт намуд.
Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Телевизиони давлатии наврасону кӯдакони “Баҳористон” барои тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки айни замон дар таътил қарор доранд, силсилабарномаҳои омӯзишии телевизионӣ, ба монанди “Бурро, бурро мехонем”, “Афсонаи шомгоҳон” ва сабти беҳтарин намоишҳо фаъолияти худро ба роҳ монда, шурӯъ аз 1 июн барномаҳои мазкур манзури кӯдакону наврасон аст.
Новобаста аз вазъияти баамаломада, дар театрҳои касбии кишвар то ин дам 15 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 5 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 10 намоиш рӯйи саҳна омад.
Тибқи иттилои Тоҳири Муҳаммадризо, корманди масъули раёсати санъати Вазорати фарҳанг, ҳайати эҷодии Театри академии драмавӣ дар ин давра намоишҳои навро аз рӯи асари Б. Ратсер ва В. Константинов “Диоген” дар таҳияи Султон Усмонов, асари Антон Павлович Чехов “Хостгорӣ” дар таҳияи Давлат Убайдуллоев ва “Ишқи Ватан”- и Раҷабалӣ Қудратов дар таҳияи Баҳром Қурбонзода саҳнавӣ намуд. Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии опера ва балет намоишҳои мусиқии  “Найи сеҳрнок”, балетҳои “Золушка” - и Сергей Прокофйев ва “Шелкунчик” - и Пётр Чайковскийро манзури тамошобинони ҷавону наврас гардонд. Бо ташаббуси кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон операи “Хусрав ва Ширин” - и Амирбек Мӯсоев намоиш дода шуд. Театр мухлисони худро моҳи апрел бо нахустнамоиши операи “Хонум пик”-и Чайковский шод намуд. Чуноне ки ба мо аз қисми адабии муассиса хабар доданд, театр дар давоми шаш моҳ 40 намоиш ва барномаи ҳунариро манзури дувоздаҳ ҳазор тамошогар гардондааст.
Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара дар ин давра намоишро аз рӯйи асари А. Абдураҳмонов «Тезии корд дар нӯги корд» ва асари Шодӣ Солеҳ “Тавқи лаънат ва номзад”, дар таҳияи С. Додарбеков, Театри давлатии лӯхтак аз рӯйи ҳикояҳои “Маснавии маънавӣ” - и Ҷалолиддини Балхӣ-  “Пайғоми тӯтӣ” дар таҳияи Зафар Ҷаводов, Театри Хуҷанд намоиши “Гурбаи мӯзапӯш”-и Ҷумъа Қуддус, дар таҳияи Т. Султонов, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи Александр Сергеевич Пушкини шаҳри Бӯстон намоиши «Чароғи сеҳрноки Аловуддин», дар таҳияи Р. Раҳматуллоева ва “Дети генералов” -  и Нарзулло Шарифовро бахшида ба 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд намоиши “Дӯсти ҳақиқӣ” - и Н. Бартенев, дар таҳияи Н. Аҳмадов, Театри драмаи мусиқии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиши “Вирод” (Бародар) - и Мансур Суруш дар таҳияи Умед Хусравов, Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон асари “Кали зирак ва бой” - и Нарзулло Шарифов, дар таҳияи Нодира Аҳмадова, Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона” – и шаҳри Бохтар намоишҳои “Ба некӣ бадӣ нашояд” - и Тоҳири Муҳаммадризо  ва “Мор ва гаҳвораҷунбон” - и Зариф Ибодро дар таҳияи А. Абдураҳмонов рӯи саҳна оварданд.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2020    №: 138    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед