logo

иқтисод

БОҒПАРВАРӢ. ИМКОНИЯТҲОИ ТОҶИКИСТОН БЕНАЗИРАНД

Таҳқиқҳои илмии ҷаҳонӣ ва ватанӣ муайян намудаанд, ки соҳаи  боғпарварии Тоҷикистон метавонад дар муддати  10 - 15 соли охир  боз ҳам бештар рушд кунад ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо бошад, зеро хоку иқлими ҷумҳурии мо барои рушди ин соҳа мусоиданд. Ин имконият медиҳад, ки майдони боғу токзор аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд, талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркард бо ашёи хом пурра таъмин ва қисми зиёди маҳсулот содирот карда шавад. Пас, чӣ бояд кард, то нишондиҳандаҳои кишоварзии мо боиси ифтихор ва намунаи ибрат бошанд?
- Яке аз омилҳои асосӣ барои ба комёбӣ даст ёфтани боғпарварон интихоби дурусти ниҳол аст. Он  бояд ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ бошад. Ниҳоли стандартӣ пайвандӣ, навъӣ ва минтақабоб аст. Бояд ҳангоми интихобу харидани  ниҳол сертификати сифат  талаб карда шавад. Як сабаби хушкшавии ниҳолҳо ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набудан бошад, омилҳои дигар  нодуруст шинондани ниҳол, ба андозаи зарурӣ накандани чуқурӣ, нодуруст додани об, ғизо ва  риоя накардани қоидаҳои дигари агротехникӣ мебошанд, - гуфт Нурмуҳаммад Камолов, сарходими шуъбаи мевапарварии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории АИКТ.
То замони истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 63,7 ҳазор гектар боғ мавҷуд буд. Имрӯз масоҳати боғу токзор  беш аз се маротиба афзуда, ба 200 ҳазор гектар расидааст.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, ҳарчанд ҳаҷми майдони боғу токзор пайваста афзоиш меёбад, вале ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар ҳанӯз зиёд нест. Мутаассифона, имсол ҳосили дарахтони мевадиҳанда ва ток нисбат ба соли гузашта камтар шуд, зеро барфе, ки шаби 8 - 9 апрел борид,  дар аксарияти минтақаҳои кишвар ба давраи гулкунӣ  ва ғӯрабандии дарахтони мевадиҳанда рост омад ва ба ҳосилбандӣ таъсири манфию ба боғпарварон хисороти ҷиддӣ расонд.
- Яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ба назар гирифтани шароити иқлими маҳал ҳангоми бунёди боғ аст. Тоҷикистон аз рӯи шароити иқлимӣ ба 5 минтақаи боғу токпарварӣ ҷудо карда шудааст: вилояти Суғд, қисмати водии вилояти Хатлон, водии Ҳисор, минтақаи кӯҳии вилояти Хатлон ва  водии Рашту Бадахшон.  Мувофиқи тавсияи олимони кишвар, дарахтони мевадиҳанда бояд вобаста ба шароити иқлимии минтақаҳо шинонда шаванд. Дар минтақаи Суғд бештар донакдорон - зардолу, қисман шафтолу,  гелос  ва  дар  минтақаҳои  кӯҳӣ себу нок, дар минтақаи водии  вилояти Хатлон дарахтони гармидӯст - бодом, шафтолу, анор, анҷир ва меваҳои ситрусӣ (лимӯ, афлесун ва норанҷ), дар дараҷаи дуюм зардолу, олу, гелос ва себ, дар минтақаи Ҳисор, дарахтони тухмдор - себу нок, донакдор - олу гелос, олуболу ва чормағзиҳо, навъҳои миёнапаз ва дерпази себу нок   мувофиқ мебошанд.
Ба нақшаи коршиносон, дар ҳар минтақа ба роҳ мондани парвариши  ин ё он навъи мева бо назардошти  талаботи бозори дохилӣ ва беруна  аҳамияти  хос дорад. Боғпарваронро зарур аст, ки  ҳангоми бунёди боғ ниҳолҳои стандартии ба талабот ҷавобгӯй, пайвандшуда ва минтақабоб бихаранд, ҳатман ҳангоми бунёд кардани боғ аз  тавсияи мутахассисону олимон истифода кунанд. Рушди минбаъдаи боғу токпарварӣ дар асоси истифодаи ниҳолҳои стандартии ба талабот ҷавобгӯ имконият медиҳад, ки на танҳо талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркарди ҷумҳурӣ бо меваю ангур қонеъ гардонда шавад, балки он ба як соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ мубаддал гардида, маҳсулоти аълосифат ба  бозори беруна роҳ ёбад.

Нигина РАҲМОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2020    №: 138    Мутолиа карданд: 564
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед