logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. НОҲИЯИ ҲАМСОЛИ ИСТИҚЛОЛ

Даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Тоҷикобод симояшро дигар карда, ба як шаҳраки замонавӣ мубаддал гардид.

- Пешорӯи халқи тоҷик, аз ҷумла мардуми  Тоҷикобод, дар ин шабу рӯз сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷиҳати солимии аҳолӣ меистад, дар баробари ин, мо мекӯшем, ки бо меҳнати софдилонаи худ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузорем,  - иброз дошт Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ноҳияи Тоҷикобод.
Имсол дар ноҳия дар ҳама  соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар нимсола нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 103,4  фоиз, яъне ба маблағи 13 миллиону 467,2  ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 440,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020 аз худ намудани 182 лоиҳа бо маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Солҳои 2018-2019 - ум 30 лоиҳа бо маблағи 14 миллиону 244 ҳазор сомонӣ татбиқ ёфт.  Имсол иҷрои лоиҳаҳои зерин дар назар аст: идомаи сохтмони бинои қасри фарҳанг бо маблағи умумии 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, чароғон ва мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия бо маблағи 8 миллион сомонӣ, сохтмони боғи фарҳанг бо маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, биноҳои 18 синфхона дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№2 ва 42, азнавсозии бинои мактаби № 10 бо маблағи 1 миллион сомонӣ, сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббии деҳаҳои Оби Сафед ва дараи Нӯшор дар доираи 22 лоиҳаи дигар зиёда аз 38 миллион сомонӣ корҳо идома дошта, 7 лоиҳа бо маблағи 8 миллион сомонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар ноҳия намояндагиҳои 3 бонк фаъолият мекунанд, ки аз ҷониби онҳо ба маблағи  2 миллиону 76 ҳазор сомонӣ ба шаҳрвандон қарзҳои кӯтоҳмуддат дода шудаанд, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 643 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.
Дар бахши кишоварзӣ рақамҳои оморӣ хушҳолкунандаанд, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 2005 гектар расид, ки нисбат ба соли гузашта 84,5 гектар зиёд буда, аз ин 937,7 гектараш ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Дар хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ назар ба порсола майдони кишти картошка 272,7 гектар васеъ гардид. Бо истифода аз боду ҳавои мувофиқ кишоварзон дар майдони 2518 гектар кишти зироатҳои гуногун гузаронданд. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия каналҳои обёрикунанда таъмир гардида, ҳоло бо иқтидори пурра кор мекунанд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар 6 моҳ 32 миллиону 790 ҳазор сомониро ташкил кард. Бояд зикр намуд, ки истеҳсоли шир ба 6117 тонна, гӯшт 788 тонна, тухм 1 миллиону 249 ҳазор дона, пашм 87 тонна расид, яъне нишондиҳандаҳои соҳаи чорводорӣ рӯ ба афзоишанд.
Вазифаи мушаххаси мардуми Тоҷикобод суръат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расондани ҳосили фаровони зироату боғот, дигаргунии ҷиддӣ ворид намудан ба раванди таълиму тарбия, беҳдоштии тандурустӣ, фарҳанг ва иҷтимоиёту маънавиёт мебошад, ки баҳри иҷрояшон дар нимсолаи дуюм камари ҳиммат бастаанд.  

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 574
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед