logo

иқтисод

НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. ШАКЛҲОИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД

25 июл ҳамасола кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ иди касбии худро таҷлил менамоянд. Дар шароити кишвари кӯҳистони мо рушд додани ин самти муҳими соҳа - нақлиёт кори бисёр заҳматталаб аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти нақлиёти автомобилӣ дар тамоми фаслҳои сол бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ роҳу инфрасохтори роҳдорӣ бунёд намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ба кишвари транзитӣ табдил додани онро ҳадафи стратегӣ муайян кард. Бо татбиқи амалии ин ҳадафи стратегӣ кишвари мо пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, нақлиёт аз шабакаи маҳдуди дохилӣ ба шабакаи васеи доимоамалкунанда табдил ёфт.
Тибқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, дар миқёси ҷумҳурӣ 1674 субъекти хоҷагидори нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (90 корхонаи нақлиёти мусофирбар, 131 корхонаи нақлиёти боркаш), 51 терминали мусофирбар, 11 терминали боркаш, 77 қароргоҳи нақлиётӣ ва 1314 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир фаъолият менамоянд. Дар самти ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бошад, 28 ширкати нақлиёти автомобилӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, ба мусофирон дар 17 хатсайри байналмилалӣ ба самти Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (алҳол бинобар сабаби таъмини амнияти марзӣ муваққатан фаъолият намекунад) хизмат расонда мешавад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  тавассути нақлиёти автомобилӣ 292 миллиону 283,7 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ба 71,2 ҳазор мусофир хидмат расонда шуд.
Айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёти байналмилалии автомобилӣ танҳо тариқи 18 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати пешгирии паҳншавии касалии сироятии коронавирус COVID - 19 муваққатан танҳо 6 гузаргоҳ (Гулистон, Фотеҳобод, Панҷи Поён, Дӯстӣ ва Кулма) амал мекунад.
Тавре Фаррух Неъматзода, сардори раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, изҳор дошт, шурӯъ аз 24 январи соли 2020 бо сабаби пайдоиши вируси сироятӣ фаъолияти гузаргоҳи “Кулма” маҳдуд шуда, 30 апрели соли 2020 аз нав барқарор гардид. Ҳоло интиқоли молу маҳсулот тавассути истифодаи механизми контейнерҳо амалӣ шуда истодааст.
-  Сарфи назар аз мушкили баамаловардаи пандемия дар миқёси ҷаҳон ва дар карантин қарор доштани сокинон, мутахассисони соҳа тавонистанд дар ҳолати зарурӣ аҳолиро бо нақлиёти автомобилӣ саривақт таъмин ва хизматрасонии хубу босифат пешниҳод кунанд. Барои устувор гардидани нақши мусофирбарии байналмилалии автомобилӣ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ кушодани хатсайрҳои нав дар назар аст ва гуфтугӯҳо дар ин самт бо сохторҳои дахлдори Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин, таҳияи лоиҳаи созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақл тавассути роҳҳои дипломатӣ бо 9 кишвари хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Арманистон, Лаҳистон, Литва, Молдова, Олмон ва Словения, идома дорад, - гуфт Ф. Неъматзода.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардондани таъминоти аҳолӣ бо нақлиёт дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ шаклу усулҳои наву муосири хизматрасонӣ роҳандозӣ мешаванд. 

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 585
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед