logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. АЗ АФЗОИШИ ҲАҶМИ МАҲСУЛОТ ТО МУАММОИ МОҲИПАРВАРӢ

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Вазорати кишоварзӣ таъкид шуд, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ наздики 9 миллиарду 394 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона 606443, сабзавот 902607, полизӣ 243149, мева 123515, ангур 2148, гӯшт 80676, шир 366417, асал беш аз 616, моҳӣ 832, пашм 4762 тонна ва тухм наздики 444 миллион донаро ташкил дод. Ҳамчунин, 196815 тонна картошка ва 378 тонна пилла истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда мутаносибан 22,2 ва 49,6 дарсад кам мебошад.
Дар майдони 389535 гектар ғалладона, 214050 гектар зироатҳои техникӣ, 58148 гектар картошка, 69886 гектар сабзавот, 22754 гектар полизӣ ва 102279 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта масоҳати кишти ғалладона 5785, картошка 6392, сабзавот 2767 ва полизӣ 864 гектар зиёд шудааст.
Кишоварзони мамлакат барои таъмини фаровонҳосилӣ дар майдони 60858 гектар кишти такрорӣ гузаронданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор гектар бештар аст.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар то 1 июли соли равон наздики  2115 гектар боғ ва 389 гектар токзор бунёд гардид. Дар баробари ин, беш аз 108 гектар боғи интенсивӣ сабз гашта, зиёда аз 1960 гектар боғу токзори куҳна барқарор шуд.
Бо вуҷуди паҳн гаштани бемории коронавирус, кишоварзон имкон пайдо карданд, ки маҳсулоташонро ба бозори хориҷи кишвар бароранд. Дар шашмоҳа 96447 тонна маҳсулоти рустанипарварӣ (ба маблағи 12650692 доллар) содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,6 дарсад зиёд аст. Содироти пиёз наздики 44, меваи ситрусӣ 5, меваи хушк 9,4 ва гелос 8,3 дарсад афзуд.
Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расида, то ин давра беш аз 832 тонна моҳӣ истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 368 тонна зиёд мебошад.
Ба таъкиди муовини вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода бо дастгирии Пешвои миллат аз нимаи дуюми соли 2019 дар соҳа имтиёзҳои андозию гумрукӣ мавриди амал қарор доранд. Дар пайи ин иқдом теъдоди хоҷагиҳо аз 300 ба 352 адад расида, истеҳсолот ҳам афзоиш ёфт. Мутаассифона, низоми соҳа ҳанӯз беҳбудиро талаб мекунад.
- 3 сол пеш дар назди вазорат барои муқаррар намудани меъёри сайди моҳӣ аз обанборҳои кишвар Шӯрои илмии истеҳсоли моҳидорӣ фаъолият мекард. Мутаассифона, ин шӯро аз байн рафт ва ҳоло дубора барқарор намудани он амри зарурист. Барои мисол, сайди яксолаи моҳӣ аз обанбори «Баҳри тоҷик» ҳамагӣ 150 тоннаро ташкил дод, ки хеле ночиз аст. Ҳол он ки тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ аз ин обанбор бо суфмоҳӣ (судак) таъмин мешаванд, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, моҳипарварони вилояти Суғд, аллакай, парвариши интенсивии моҳиро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаи хуб дода истодааст. Мутаассифона, раванди гузариш ба ин тарзи кор дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ хеле суст аст. КВД «Моҳии Тоҷикистон» дар ин самт бояд тадбир андешад.

М. ҚОДИРОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 517
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед