logo

фарҳанг

ВАЗОРАТ ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ МЕАНДЕШАД

Мақолаи Мурод Ёров,  ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 3 марти соли 2020 бо номи «Таърих. Агар пеши роҳи фориғболиро нагирем…» нашр шудааст, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки Вазорати фарҳанги кишвар ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, барои тармиму барқарорнамоӣ, тарғибу ташвиқ ва тозаву озода нигоҳ доштани  ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ чорабиниҳои оммавиро на танҳо дар рӯзҳои ид, балки мунтазам ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар маҳал, мудирони шуъбаҳои фарҳанг ва кормандони муассисаҳои тобеи вазорат, аз ҷумла муҷтамаъ ва мамнӯъгоҳҳо, ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тозаву озода намудани ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои вазорат дар ҷумҳурӣ пайваста семинару машваратҳо гузаронда мешавад. Аз ҷумла, соли 2019 вазорат дар якҷоягӣ бо муассисаҳои соҳавӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 60 чорабинии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро дар самти ҳифз ва нигаҳдошти мероси ғайриманқул баргузор намуд, ки дар он нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мутахассисону кормандони дахлдори кишвар ширкат доштанд.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Вазорати фарҳанг ҳамкории доимӣ дошта, доир ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ филмҳои мустанад ва ролику барномаҳои тарғиботию ташвиқотӣ таҳия ва манзури тамошобинон намуда истодааст.
Албатта, баъзан норасоиҳо ба чашм мерасанд, аммо дастовардҳо бештаранд. Вобаста ба худсарона ғасб намудани ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, бо пешниҳоди вазорат танҳо соли 2019 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 қарори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои истифодаи замини ҳудуди ёдгориҳо  бекор карда шуд. Вазорат дар ин самт бо мақомоти марбута ҳамкорӣ  дошта, баҳри пешгирӣ аз несту нобудшавии мероси таърихию фарҳангӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Зулфия ДАВЛАТЗОДА,вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед