logo

фарҳанг

АЗ СИДҚ ТО САДОҚАТ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АЗИЗБЕК ШАРИФОВ

Дар яке аз нишастҳо ходими шинохтаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Азизбек Шарифов дар тавсифи як ҳамкораш гуфт: “Дар зиндагӣ шахсоне ба дунё меоянд, ки меҳнатдӯстиву фидокорӣ ва масъулиятшиносиро пешаи ҳаёти худ қарор дода, умрашонро ба беҳбудии ҷамъият ва хушбахтии одамон сарф менамоянд”.  Воқеан, ин маъниро метавон ба худи Азизбек Шарифов, шахси ҷӯяндаву хушкор, нисбат дод.
Азизбек дар деҳаи хушманзари Мағмуруди деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Дастпарвари факултети сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимист.
Фаъолияти меҳнатии ӯ дар ташкилоти сохтмонии ноҳия оғоз меёбад ва ба шарофати ташкилотчигиву кордониаш дере нагузашта ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ пешбарӣ мегардад. Азизбек Шарифов ҳамчун раиси комиҷроияи Шӯрои вакилони халқ, котиби якуми ҳизб ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ ифои вазифа намуда, дар пешрафту тараққиёт, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми муносиб мегузорад. Мардум хуб дар ёд доранд, ки беҳтар шудани таъминоти оби нӯшиданӣ, бунёди як қатор мактабҳо, биноҳои китобхонаю беморхонаи бачагона, почтаву дорухонаи сеошёна, мактаб - интернат, якчанд фермаҳои чорводорӣ ва асфалтпӯш кардани даҳҳо километр роҳҳо ба деҳаҳои Дурманбулоқ, Ҷаландар, Қулмаҳмадӣ, Қиблаӣ, Охтоқ, Шехону Мағмуруд ва ғайра бо номи Азизбек Шарифов алоқаманд аст.
Фаъолияти хизмати давлатии Азизбек Шарифов дар давраи вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш қобили зикр мебошад. Ӯ дар солҳои нооромиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамчун вакили Шӯрои Олӣ баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ, ҳифзи истиқлолият ва дар асоси қонун бо роҳи мусолиҳа ҳал намудани ихтилофҳо, роҳандозӣ кардани бунёди давлатдории ҷавобгӯи аксари мутлақи сокинони мамлакат, пешгирии амалҳои бадхоҳони миллату кишвар ва донистани қадри соҳибихтиёрию давлатдории навин фаъолияти пурарзиш доштааст.
Имрӯз   Азизбек   Шарифов дар вазифаи раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Тоҷикистон фаъолият дорад. Ташкилоти мазкур яке аз созмонҳои бонуфузи ҷумҳурӣ буда, ба хоҷагиҳои  деҳқонӣ дар бобати тартиб додани нақшаҳои соҳибкорӣ, тарзи ҳисобдорию ҳисобгузорӣ, усулҳои парвариши зироатҳо, боғдорию чорводорӣ зимни ташкили семинару машваратҳо ва дастрас намудани дастурамалу тавсияномаҳо ба вусъати фаъолияти онҳо мусоидат менамояд. Шахсан худаш бо тавсияи Пешвои муаззами миллат дар хоҷагии деҳқонии “Шарифиён” фабрикаи мурғпарварӣ ташкил кардаасту боғи интенсивии себу зардолуяш дар нашъунамост.
Имрӯзҳо Азизбек Шарифов ба синни мубораки ҳафтод қадам мегузорад. Ёру дӯстон дар ин лаҳзаҳои гуворои зиндагиаш ба ӯ сиҳатии комил орзу намуда, итминон доранд ки минбаъд низ тамоми ҳастиашро баҳри пешрафти кишвари азиз сарф менамояд. Бигузор, ҳамин тавр ҳам шавад.

Сангин ҲАФИЗОВ,
Мирзомаҳмуд МИРБОБОЗОДА,
собиқадорони меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 532
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед