logo

иқтисод

БАРАКАТИ МЕҲНАТИ ҲАЛОЛ

Рӯзгордидаҳо мегӯянд, ки одамро меҳнати ҳалолу софдилона ба нафъи халқу кишвар соҳиби обру мегардонад.
Марди накуном Қувват Раҳимов бо амри дилу виҷдони пок ҳамвора пайи ободию шукуфоии Ватани азиз дар талош аст. Ӯ дар деҳаи хушманзараи Муъминободи ноҳияи Файзобод хоҷагии деҳқонии «Бедил» - ро ташкил карда, аз заминҳои солиёни дароз бекорхобида ҳосили фаровон мерӯёнад.
Аъзои хоҷагӣ дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз чор гектар замини бекорхобидаи талу теппаро тахту ҳамвор карданд ва дар майдони як гектар боғи нав бунёд намуда, дар майдони ду гектар картошка, ним гектар сабзавот кишт намуданд ва ҳосили фаровон ба даст оварданд. Дарахтони боғи нав, аллакай, серборанд. Аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 250 - сентнерӣ ҳосили картошка ба даст омад. Сабзавот ҳам ҳосили хуб дод. Ҳосили хуб ғайрати аъзои хоҷагиро бештар кард. Соли дигар аз дарёчаи Оби Ғозӣ ба баландии қариб панҷсад метр об бароварданду масоҳати замини картошкаро ба панҷ гектар расонданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ҳам афзуд.
Ҳоло  Қувват  Раҳимов аз ҳисоби фоидаи замин ба омӯзгорон, соби-қадорони ҷангу меҳнат ва ниёзмандон ёрӣ мерасонад. Ӯ ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин сармашқи фаъолият қарор дода, ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мақсад гузоштааст, ки имсол ҳосилнокии ҳар гектар картошказорро ба 300 - сентнерӣ расонад.
Имсол аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд барои панҷ гектар картошкаи тухмӣ дастрас карда, онро сари вақт кошт.
Мардум ӯро эҳтиром мекунанд, пирони умрдида  ӯро ба дигарон чун намунаи ибрат нишон медиҳанд. Чанде пеш Қувват Раҳимов дар зодгоҳаш – деҳаи Муъминободи деҳоти Мискинобод болои дарёчаи Оби Ғозӣ пул сохту мушкили мардумро осон кард.

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед