logo

сиёсат

КАБИРӢ - МАЗҲАБФУРӮШӢ КАМ БУД, КИ АКНУН ЗАБОНРО ФУРӮХТАНӢ ҲАСТӢ!

Таърих гувоҳ аст, ки бо вуҷуди вазъи печидаву мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва минбаъд дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт аз ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушду густариши забон фориғ набуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз анҷоми соли 1992 ва аввали соли 1993 ба тақвияти мақоми забони давлатӣ иқдом гирифт. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забон вусъат ёфта, 21-уми октябри соли 1997 Барномаи давлатӣ доир ба тавсия ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш ба мақоми забон таваҷҷуҳи беандоза доранд ва забони тоҷикиро яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён, гиромидошти забонро мояи худшиносӣ ва огоҳии миллӣ ва забонро появу бунёди ҳастии миллат меҳисобанд.
Забони тоҷикӣ офаридаи миллати тоҷик буда, шукри Истиқлоли кишвар, ки ин забон боз ба гаҳвораи худ баргашт ва чун ҳазор соли пеш забони расмӣ гардида, мақоми пешинаи хешро касб кард. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забонро ба минбарҳои баланди дунё бароварданд, бо ифтихору сарфарозӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан карданд ва бори дигар паёми сулҳу ваҳдату шукуфоии Ватани азизи моро ба оламиён расониданд.
Муҳиддин Кабирии рондашуда, дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ аз хориҷа истода, бобати забон таҳти унвони “Чӣ гуна забони мо қурбони сиёсатҳои зиддимиллӣ шуд” муколамае ташкил карда, ба мо – соҳибони забони тоҷикӣ маслиҳатҳо доданист.
Ба ин тазод мутаваҷҷеҳ бошед. Шахсе, ки аз илми забоншиносӣ бохабар несту дар такомули он саҳме надорад, шахсе, ки дину мазҳабро ба сиёсат омехта, онҳоро олуда сохту ба савдо гузошт, оё ба забони миллат эътиқоде дошта метавонад? Оё онро ҳифзу ҳимоят карда метавонад?!
Аҷиб, муколама оид ба забон буд. Аммо забон як сӯ монду боз чун Аҳмади порина ба сиёсат гузашта рафт. Боз ҳамон туҳмат, иғво, дурӯғ, дасиса, ки чандин моҳ боз ӯ ва пайравонаш машғуланд.
Эй забоншиноси бофтаву сохта, эй забоншиноси навбаромад, ту куҷову дар бораи забон сухан рондан куҷо?! Мазҳаби поки ҳанафиро фурӯхаву ба он ақидаҳои ваҳҳобия ва шиапарастиро ворид кардӣ! Мазҳабфурӯшӣ кам буд, ки акнун забонро фурӯхтанӣ ҳастӣ. Акнун ба ғаразҳои сиёсӣ забонро истифода бурданӣ ҳастӣ?
Магар Кабирии деҳотиро мактаби болшевикии шӯравӣ таълиму тарбия дода, одам накардааст?! Мегӯянд, ки намак хӯрдӣ, ба намакдон туф накун. Агар мактаби шӯравӣ намебуд, ту барин пойлучҳо аз куҷо соҳиби маълумот мешуданд?
Дар кишваре, ки амали ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ манъ гардидааст, Кабирӣ барин хоинро оё ба ин кишвар роҳ медиҳанду боз ӯроҷойгузинаш менамоянд? Хестӣ, ки хобат.
Забони тоҷикӣ забони халқи тоҷик аст. Забони форсии дарии тоҷикӣ як забон аст. Зарурат ба дигар кардани номи он нест.
Забони тоҷикӣ соҳиб дорад. Соҳиби он халқи тоҷик аст.

Одинашо Мирзоёров, 
омӯзгор аз шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1983
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед