logo

иқтисод

ДАРВОЗ. ҶАНГАЛ ЗИНДАГӢ МЕСОЗАД

Ба гуфтаи мудири бахши ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Суҳроб Холов, дар мавзеъҳои Яхчисору Яхчи Миёна, дашти Роғак, Овгард, Удун, Шист, Бредун, Марғзори Ҷорф, даштҳои Роғу Пушинги шафати шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Қулма ва дигар ҷойҳо дарахту буттаҳои нодир хеле зиёд мерӯянд. Дар фасли тирамоҳ занону духтарони деҳоти Нулванд, Қалъаи Хумбу Вишхарв ба тагдаштҳо, канорҳои роҳҳои мошингард ва пуштакӯҳҳо рафта, халта – халта писта ва бодом чида меоварданд. Мутаассифона, тайи чанд соли охир гурӯҳи бонувонро, ки ба чидани писта ва бодом баромада бошанд, касе дучор намеояд. Зеро дар пуштаҳо то домони кӯҳсорону тагдаштҳо пиставу бодом дигар вуҷуд надошт, ки ҳосили онро ҷамъоварӣ намоянд.
Сабабаш дар он аст, ки солиёни зиёд аз беназоратӣ ва беаҳамиятии масъулони ҳифзи табиат, раисони деҳот ва ташкилотҳои маҳаллӣ истифода бурда, шахсони беинсоф дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дарахти писта ва бодомро бурида, ҳамчун ҳезум мефурӯхтанд ва ё барои гарм кардани хонаҳояшон истифода мебурданд. Онҳо на танҳо писта ва бодомзори тагдаштҳо ва канораҳои роҳҳои мошингард, балки пуштаҳоро низ то наздики кӯҳҳои баланд ба бехашон табари бераҳмона зада, қариб саросар буриданд, вале касе монеаи ин амали носавобашон намешуд. Нафаре ҳам зараррасондагони табиатро панд намедод, ки зиён овардан ба олами набототи диёри маҳбуб гуноҳи азим аст.
Хушбахтона, бо мусоидати роҳбарияти ноҳия идораҳои ҳифзи табиат ва идораи ҷангалпарварӣ, раисони деҳот, сардорони идораву муассисаҳои масъулро вазифадор намуд, ки дар ҳифзи боигариҳои табиат, аз ҷумла дарахтону буттаҳои пиставу бодом ва дигар анвои набототи сарироҳӣ тадбирҳо андешанд.
Ба ҳамин тариқ дар баробари ба роҳ мондани амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар кори муҳофизати сарватҳои табиати Дарвоз низ чорасозӣ шуд. Ба буридани ниҳолу дарахтони ҷангалзорҳо, пеш аз ҳама, пиставу бодом, ангат ва гулхор хотима гузоштанд. Акнун таи се сол мешавад, ки дар ҳаққи ашхосе, ки ин боигариҳои табиатро тороҷ ва ба нестӣ мерасонанд, чораҳои қатъӣ дида мешаванд. Дар ин кор мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ ёрӣ мерасонанд. Ҷамоати деҳот, бахши ҳифзи табиат ва идораи хоҷагии ҷангал ва фаъолон дар муҳофизати ҷангалзор, олами наботот ва ҳайвоноти нодири Дарвоз якҷоя амал мекунанд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ низ муваффақ гаштаанд.
Ҳоло олами наботот, алалхусус писта ва бодомзори шафати шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ  - Мурғоб – Қулмаро дигар шахси зиёнкоре намебурад. Ҳамчунин, барои буридани пиставу бодом ва дигар анвои дарахтон ягон сабаб ва эҳтиёҷе нест. Чунки ҳамасола аз конҳои ангишти Равнов, Зиддӣ ва Фон Яғноб ба ноҳияи Дарвоз ва дигар минтақаҳои Бадахшон ба таври кофӣ ангишт кашонда мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот,  бахши ҳифзи муҳити зисту хоҷагии ҷангали ноҳияи Дарвоз дар ҳифзи табиати диёрашон тадбирҳои судбахштар меандешанд ва ба он мусоидат мекунанд, ки писта ва бодомзори тагдаштҳо, пуштаҳо ва шафати роҳҳо хуб нашъунамо карда ба ҳосил дароянд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2020    №: 140    Мутолиа карданд: 585
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед