logo

иқтисод

БАРЎЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузарондани барўйхатгирии  аҳолӣ  ва  фонди манзили  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соли  2020» 
(№ 1356 аз 30 сентябри соли 2019), аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мегардад. Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил яке аз роҳҳои муҳими ба даст овардани маълумот дар бораи аҳолӣ буда, дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ тибқи пурсиши фардии шаҳрвандон на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми барўйхатгирии  навбатии аҳолии ҷаҳон сурат мегирад.
Мақсади барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ин баланд бардоштани рушди иҷтимоии ҷомеа, комёб шудан ба дараҷаи баланди некуаҳволии омма, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, маданию маърифатӣ, хизмати коммуналию маишӣ, такмили сатҳи маълумоти аҳолӣ ва шароити манзили аҳолӣ мебошад.
Барўйхатгирии аҳолӣ барои гирифтани маълумотҳои объективӣ оид ба тавсифи иҷтимоӣ - демографӣ, иқтисодӣ ва миллии аҳолӣ аст. Маълумоти барўйхатгирии аҳолӣ ба ҷумҳурӣ барои фаъолияти ҳарчи беҳтари ташкилии сиёсати иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад. Вазифаҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гирифтани доираи васеи иттилооти демографӣ ва иҷтимоӣ  - иқтисодии тавсифкунандаи истиқоматкунандагони кишвар аз рўи ҳар як маҳали аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурӣ – ҳудудӣ, махзани аввалин барои арзёбии шумораи аҳолӣ ва сохтори синнусолӣ дар давраи байни барўйхатгирии аҳолӣ, иттилооти тавсифкунандаи аҳолии гурўҳҳои гуногуни иҷтимоию демографӣ, ҳисоби  нишондиҳандаҳои демографӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ аст.
Маълумоти зарурие, ки аз барўйхатгирии аҳолӣ ҷамъ мегардад, барои таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, барои барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ лозим мешавад.
Тавсифи ҳар давлат аз баёни шумора ва ҳайати аҳолӣ, яъне гаронтарин бойигарии он шурўъ мешавад. Зеро аҳолӣ сарчашмаи пурра кардани қувваи коргарии ҳамаи зинаҳои тараққиёти ҷамъият мебошад.
Барўйхатгирии аҳолӣ – мушоҳидаи мунтазаму пурраи давлатии оморӣ, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолии дар санаи муайянкарда ҷамъ оварда, коркард ва ҷамъбаст мешавад.
Мақсади барўйхатгирии аҳолӣ аз дастрас намудани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгўии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омўзиш, ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, гузарондани тадқиқоти илмӣ иборат аст.
Барўйхатгирии аҳолӣ бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии ҳаёт ва манзили шахс, ки онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, амалӣ мегардад.
Барўйхатгирии аҳолӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:
- асоси илмӣ;
- даврият;
- умумият ва якмуддатӣ;
- махфияти маълумоти шахсӣ;
- дастрас ва ошкоро будани ҷамъбасти он.
Шумораи мардону занони синну соли қобили меҳнат, тайёрии касбии онҳо, сатҳи маълумот, шароити зисту манзил, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар ҷиҳатҳои онро надониста тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва шаҳрҳоро ба нақша гирифта намешавад. Бояд донист, ки дар давоми даҳ сол чанд нафар ба синну соли қобили меҳнат мерасанд ва чанд нафар қобили меҳнат карданро гум мекунанд.
Барўйхатгирии аҳолӣ маълумотро дар бораи шумораи кўдакон, занони синни қобили таваллуд, ҳайати оила, таркиби синну соли таваллудро муайян менамояд, ки солҳои наздик кўдакони синни томактабӣ ва мактабӣ чанд нафар мешаванд, аз ин рў, чӣ қадар боғча ва муассисаҳои таълимӣ, мураббию омўзгорон, китобҳои дарсӣ, табобатгоҳу духтурон заруранд, донистан лозим аст, зеро, вақте ки сохтмони муассисаҳо, кўдакистонҳо ва дигар иншоотро ба нақша мегиранд, пеш аз ҳама, шумораи аҳолии он ба назар гирифта мешавад.
Ҳамаи маълумоти дар вақти барўйхатгирӣ гирифташуда, ба ягон тадбирҳои маъмурӣ, на ба қайдгирӣ, тақсимоту истифодаи масоҳати манзил ва дигар воситаҳои хизмати коммуналӣ дахл надорад.
Маълумоти барўйхатгирии аҳолӣ фақат бо мақсади оморӣ гирифта шуда, махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Он дар оянда барои беҳтар намудани шароити зиндагонии аҳолӣ истифода бурда мешавад. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, ба рўйхат гирифта мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ», таҳти № 523, ки аз 19 майи соли 2009 қабул карда шудааст, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми омода кардан, гузарондан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.
Саволномаҳои барўйхатгирии аҳолӣ чунин маълумоти шахси ба рўйхат гирифташавандаро дар бар мегирад: ҷинс, синну сол, сана ва ҷои таваллуд, миллат, забони модарӣ, донистани дигар забонҳо, шаҳрвандӣ, ҳолати оилавӣ, шумораи фарзандон, таҳсилот, ҷои зист, фаъолияти муҳоҷиратӣ, шароити манзилӣ, манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ ва шуғл, фонди манзил ва ғайраҳо.
Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомат доранд, сарфи назар аз он ки онҳо ҳангоми барўйхатгирӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳастанд ва муваққатан ба хориҷа рафтанд ва, инчунин, шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошанд, ба рўйхат гирифта мешаванд.
Барўйхатгирии аҳолӣ дар муассисаҳо ва иншооти пўшидаи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии онҳо, аз тарафи кормандони махсус омўзондашуда дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мақомоти маҳаллии омор гузаронда мешавад.
Барўйхатгирии аҳолӣ ҷараёни ягонаи ҷамъ овардан, ҷамъбаст кардан, баҳо додан, таҳлилу ба табъ расидан ё интишор кардани маълумоти демографӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Барўйхатгирии аҳолӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими маълумот дар бораи аҳолӣ мебошад, ки дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ тавассути пурсиши фардии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба даст меояд.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз маъракаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузарад, ба саволномаҳо ҷавобҳои дуруст ва мушаххас диҳад.
Иштирок дар маъракаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар фард мебошад.
Ҳар фарди Тоҷикистон азиз аст!

Агентии омори назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2020    №: 141    Мутолиа карданд: 897
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед