logo

иқтисод

ДОНИШКАДАИ КЎҲӢ - МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН. ҲАМКОРИИ СУДМАНД БО МАКТАБҲОИ ОЛИИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶ ТАВСЕА МЕЁБАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба фаъолияти макотиби олии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгўй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ пайваста таъкид бар он доранд, ки ин масъала доимӣ дар мадди назари Хукумат ва давлати Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ва агар мо хоҳем, ки ҳамаи соҳоти хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти худро дар заминаи технологияҳои муосиру инноватсионӣ ба роҳ монда, рушди дилхоҳро муваффақ шаванд, донишгоҳҳои кишвар бо макотиби олии мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамкории судмандро роҳандозӣ карда, лоиҳаҳои  муҳимро  дар таълим амалӣ созанд. Ҳамин аст, ки роҳбарияти Донишкадаи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бўстон, солҳои охир ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат тадобири зиёду муассир тарҳрезӣ кардааст, ки марҳила  ба марҳила татбиқ мегарданд. Яке аз чунин роҳҳои калидӣ баҳри беҳтарсозии сатҳу сифати таълим ва, ҳамзамон, тайёр кардани  мутахассисони мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, ин, албатта, ҳамкории ду  ва ё сеҷониба судманд бо пешрафтатарин макотиби олии кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрикост. Бино ба иттилои охир, Донишкадаи кўҳӣ - металлургӣ феълан бо 20 мактаби олии кишвари Россия,  чор донишгоҳи Ҷумҳурии Беларус, чор мактаби олии Қазоқистон, се мактаби олии Қирғизистон,  панҷ донишгоҳи Чин, ҳамчунин бо мактабҳои олии Словакия, Португалия, Словения, Ўзбекистон,  дар маҷмўъ, бо 40 мактаби олии дар ҷаҳон эътирофшуда ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, ки самари худро медиҳад. Мувофиқи нақшаҳои корӣ миёни Донишкадаи кўҳӣ - металлургӣ ва донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ дар ҷараёни таълим табодули таҷриба анҷом дода шуда, ҳамзамон, устодон ва донишҷўён баҳри шиносоӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои кории педагогӣ ва илмӣ анҷом медиҳанд. Дар доираи ҳамкории  дуҷонибаи судманд,  сафари кории гурўҳи устодони Донишкадаи кўҳӣ - металлургии шаҳри Бўстон ба Донишгоҳи НИТУ “МИСиС” - и шаҳри Москва анҷом шуд, ки устодони тоҷик бо таассуроти  хубе бозгаштанд, ки манзури шумо мегардонем.
Вохўрии гурўҳи корӣ аз мулоқот бо муовини сардори назорати таълимӣ – методии Донишгоҳи НИТУ “ МИСиС” - и шаҳри Москва – Данилин Андрей Владимирович оғоз гардид. Нафаре, ки солҳои зиёд дар ин даргоҳи маърифат фаъолият карда аз ин ифтихор дорад.
- Ҳамкорӣ бо макотиби олии кишварҳои хориҷи дуру наздик ба ҳар ду ҷониб судманд аст, - таъкид дорад ў, - аз ин хотир мо имкон дорем самимона ба меҳмонони азиз аз бурду бохти донишгоҳ дар солҳои охир ҳарф занему ба ҳамкории зичу судманд даъват намоем.
  Баъдан, таҳти роҳбарии ў бо дигар намояндагони донишгоҳи мазкур нақшаи вохўриҳо мувофиқа карда шуд. Нахуст бо муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Вадим Леонидович Петров вохўрдем. Бояд гуфт, ки ин марди саропо ғарқи илму маърифат бо як чеҳраи кушода мушаххасан аз пешрафти донишкада дар самтҳои гуногун ба меҳмонони тоҷикаш нақлҳои ҷолиб анҷом дод. Ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи зикршуда андешаҳои хешро иброз дошта, таъкид кард, ки ояндаи рушди макотиби олии ҳама кишварҳо табодули таҷриба хоҳад буд.          
Аз тарафи менеҷери лоиҳа, номзади илм, декани факултаи металлургии Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон  Абдусафо Абдунаимович Умарҷонов  барои истиқболи гарму самимона ба раёсати донишгоҳ аз номи ҳайати гурўҳи корӣ арзи сипос карда, аз ҳадафҳои лоиҳа, роҳҳои амалишавии он ва то чи андоза татбиқи лоиҳа дар рушди мактабҳои олии кишварҳои гуногун нақш мегузорад ва таҳкими равобит миёни онҳо сухан карда, ба шунавандагони донишгоҳ мазмуну моҳияти  лоиҳаи грантиро шарҳ дод.  Дар созишнома хусусият, мақсад ва вақти гузарондани корҳои машваратӣ ва вазифагузории тарафайн нишон дода шудааст. Дар рафти мулоқот бо В. Л. Петров маълум шуд, ки донишгоҳи мазкур дар рафти омодасозии раванди CDIO ва FabLab имконияти зиёд дорад. Барои ба имзо расондани созишнома аз тарафи В. Л. Петров дархост пешниҳод шуд, ки баррасии созишномаи мазкур аз тарафи ҳуқуқдонони донишгоҳ дида шавад.
- Дар мардуми Шарқ  мақоле роиҷ аст: “Шунидан кай бувад монанди дидан”, - иброз дошт профессор А. В Данилин,- аз ин хотир хуб мешуд ҷиҳати тақвият бахшидан ба он маълумоте, ки ҳар ду тараф табодул карданд, як сайругашт - экскурсия созмон диҳему аз наздик бо дастовардҳои илмиву техникии донишгоҳи мо ошно шавем. Дар рафти шиносоӣ бо синфхонаҳои FabLab ҳамаи корҳои эҷодии донишҷўён ва хонандагони мактаби миёна, ки бо ташаббуси лоиҳаи роҳбарияти вилояти Москва, ҳамкории донишгоҳи мазкур бо мактабҳои шаҳри Москва омода шудааст, аз наздик шинос шудем. Маълум гашт, ки дар синфхонаҳои FabLab бо масолеҳи пластмассавӣ ва чўбин конструксияҳо омода карда мешаванд. Ҳамаи корҳои эҷодии навоварон аввал тариқи барномаҳои махсус омода шуда, баъдан вобаста ба масолеҳи омодашавӣ он ба принтерҳои махсус корбарӣ мекунанд. Дар синфхонаҳои FabLab якчанд намуди принтерҳои 3D буд, ки вобаста ба параметри эҷодкорӣ интихоб карда мешавад. Масалан, донишҷўён тавассути барнома киштии ҳавопаймоиро бо баландии 2 метр бо ёрии 3D принтери навин омода кардаанд, ки дар расми мазкур нишон дода шудааст.
Дар рўзи  дигар барои баррасии корҳои машваратии видеоконференсия, ки мувофиқи нақшаи амалигардонии лоиҳа маҳсуб меёбад, бо сардори шуъбаи технологияи информатсионӣ Золкина Анна Валентиновна вохўрии судманд доир гардид.
Дар рафти вохўрӣ аз тарафи менеҷери лоиҳа А. А. Умарҷонов ҳамаи талабот барои гузарондани машварати видеоконференсия, тартиб додани маводи самтнок ва хусусияти раванди таълими CDIO барои донишҷўён тавассути шартномаи ҳамкорӣ барои гузарондани видеоконференсия ба А. В. Золкина пешниҳод шуд. Аз тарафи А. В. Золкина талаботи ҳамкорӣ, ба монанди интихоби шабакаи интернетӣ ва машваратчиён аз ҳисоби профессорони соҳаи металлургия, сана ва вақти баргузории видеоконференсия баррасӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки барои дар сатҳи баланд гузарондани видеоконференсия олимон, профессорони пешрафтаи соҳаро ҷалб кунанд, то ки самаранокии амалигардонии лоиҳа дар сатҳи баланд иҷро шавад.
Дар рўзи сеюм бо мудири кафедраи металлҳои ранга ва тилло прфессор, доктори илмҳои техникӣ Тарасов Вадим Петрович таҳти роҳбарии А. В. Данилин вохўрӣ баргузор гардид. Дар вохўрӣ менеҷери лоиҳа саҳми кафедраи мазкурро барои амалигардонии лоиҳа муҳокима кард. Интихоби профессоронро аз ҳайати кафедраи номбурда бо В. П. Тарасов мувофиқа карда, пайдарпайии кори онҳо барои пешбурди амалигардонии лоиҳа баррасӣ шуд.
Дар рўзи панҷум байни менеҷери лоиҳа А.  А. Умарҷонов ва муовини ректор оид ба бехатарӣ ва масъалаҳои умумӣ Исаев Игор Магомедович  маросими баимзорасонии созишнома миёни ҳайатҳои ду мактаби олӣ баргузор гардид.
- Кўшиш ба харҷ хоҳем дод, ки лоиҳа дар сатҳи баланд татбиқи худро пайдо кунад ва ҳамкориҳои ду мактаби олии кишварҳои бародарро беш аз пеш таҳким бахшад, - иброз дошт Игор Исаев.
Бояд зикр намуд, ки ҳангоми вохўрӣ бо намояндагони Донишгоҳи НИТУ “МИСиС”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамаи корҳои банақшагузошташуда бомуваффақият анҷом ёфтанд, дурнамои амалигардонии лоиҳаи мазкур мувофиқа кунонда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон пайваста дар талош аст, ки ҷиҳати рушди бемайлон ва воқеии иқтисодиёти мамлакат  аз омилҳои муҳиму калидии замони муосир баҳрабардорӣ кунад. Яке аз чунин омилҳо дар иртибот ба самаранок истифода кардани канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ - истихроҷ ва коркарди ниҳоии маъданҳост, ки  дар ин ҷода ҷумҳурии мо захоири зиёдеро дорост ва акнун дар шароити соҳибистиқлолии кишвар имконият  пеш омадааст, ки аз ин боигарӣ баҳри нумўи иқтисодии Ватан ва, албатта, боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ноил шудан ба рўзгори осудаи онҳо  ба таври самаранок ва муассир истифода барад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доранд, ки дар баробари ҷалби мутахассисони хориҷӣ, ҳамзамон, мутахассисони ватании худро омода созем, то ин ки дар ояндаи наздик худи онҳо дар иктишофу истихроҷи маъданҳои қиматбаҳои ватанӣ фаъолона иштирок карда бошанд. Дар ин радиф бояд ҳамкории мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо пешрафтатарин мактабҳои олии кишварҳои хориҷи дуру наздик дар сатҳи баланд роҳандозӣ шуда, табодули таҷрибаи ҳамдигар даст медиҳад, ки дар тайёр кардани мутахассисони ватанӣ ҳадафёб шавем. Татбиқи лоиҳаҳои грантӣ аз ҷумлаи яке аз чунин роҳҳои ҳалли масъала  маҳсуб меёбад.
Донишкадаи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон дар роҳандозии ин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат қадами ҷиддӣ мегузорад. Аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли равон гурўҳи корӣ бо роҳбарии менеҷери лоиҳа, декани факултаи металлургияи Донишкадаи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, аъзои Ассотсиатсияи таҳсилоти муҳандисии Россия (АИОР) Абдусафо Умарҷонов ҷиҳати иштирок барои мувофиқаи мундариҷа ва ҳаҷми хизматҳои машваратии лоиҳаи грантии “Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рўи ихтисоси 42010104 - металлургияи металлҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси байналхалқии CDIO, инчунин шарти иҷроиши лоиҳаи мазкур ва бастани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишкадаи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии шаҳри Портои Португалия” ба ин кишвари Аврупо сафари корӣ анҷом дод, ки натиҷаи онро манзури хонандагон мегардонем.
Иқлими нарму хушобуҳаво, истироҳатгоҳҳои хеле зиёди назди соҳилу ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Португалия садсолаҳост, ки таваҷҷуҳи мардуми дигар қитъаву кишварҳои сайёраро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамин аст, ки ҳар сол ба ин кишвар чандин миллион нафар ба саёҳат мераваду тиҷорат ва сафарҳои фарҳангиву корӣ анҷом медиҳад. Баъдан Португалия аз ҷумлаи узви Иттиҳоди давлатҳои Аврупо маҳсуб ёфта, ба ҷаҳониён аз ҷумлаи кишварҳои рушдёфта дар ҳамаи самтҳо низ муаррифӣ мешавад. Ин давлат дар олами илму равнақи макотиби олӣ низ чун мамлакати ҷолиб эътироф шудааст. Дар донишгоҳҳову донишкадаҳои он ҳазорҳо донишҷў аз ҳамаи манотиқи олам таҳсил мекунанду таҷриба меандўзанд ва соҳибтахассус мешаванд. Португалия 7 донишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Ин мактабҳои олӣ дар иртибот ба талаботу меъёрҳои замони муосир аз ислоҳоти ҷиддӣ гузашта, имрўз ҷавобгўй ба меъёрҳо ва чорчўбаи стандартҳои қитъаи пешқадами Аврупо мебошанд. Аз ҷумла Донишкадаи политехникии шаҳри Порто миёни дигар мактабҳои олии Португалия мавқеи устувор дошта, бо даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон ҳамкории судманд барқарор кардааст.
Сафари кории гурўҳ аз вохўриву мулоқот бо намояндаи ваколатдори президенти Донишкадаи политехникии Портои Португалия, профессор Хосе Карлос  Куадрадо, сардор - координатори донишкадаҳои Порто профессор Эдуардо Пинту Феррейра ва тарҷумон Елена оғоз гардид.  Дар ҷараёни вохўрӣ, ки хеле самимиву ошкоро суръат гирифт, гурўҳи кории Тоҷикистонро бо як ҷаҳон лутфу меҳрубонӣ истиқбол гирифта, ҳамаи самтҳои роҳандозии лоиҳа мавриди муҳокима қарор дода шуда, мувофиқа ба даст омад. Бо назардошти он, ки матни лоиҳа аллакай қаблан тавассути почтаи электронӣ ирсол гашта буд, дар масъалаи ҳамкориву амалисозии бандҳои созишнома зуд ҳамдигарфаҳмӣ  ҳукмрон шуда, ҳалли корҳо осон гашт.
 Дар рафти гуфтушуниду мулоқотҳо бо намояндагони донишкадаи мазкур қисмҳои нақшаи амалигардонии лоиҳа ва чорабиниҳои дар рафти сафари хизматӣ гузарондашаванда баррасӣ шуда, ҷаноби Хосе Карлос таъкид кард, ки барои аз лиҳози ҳуқуқӣ пурра ҷавобгўй будани шартномаҳои лоиҳа ба меъёрҳои имрўз дар мадди назари ҳуқуқшиносони донишкада қарор гирифта, баъди хулосаи ниҳоии онҳо ба имзо мерасанд.
Аз тарафи менеҷери лоиҳа А. Умарҷонов барои боз ҳам наздиктар шинос шудан бо дастовардҳои Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон ба Донишкадаи политехникии шаҳри Порто маҷаллаи махсус,  ки ба забони англисӣ таҳия шудааст, тақдим шуд.  Намояндагони донишкадаи Порто аз ин маҷаллаи пешниҳодшуда хушҳолу арзи сипос гуфта, ба мазмуну  ороиши маҷалла, дастовардҳои донишкадаи Тоҷикистон баҳои аъло доданд.
Мувофиқи барномаи тасдиқшудаи мулоқоти ду тараф аллакай рўзи дуюми сафари корӣ бо роҳбарии профессор Эдуардо Пинту Феррейра шиносоӣ бо озмоишгоҳҳои донишкадаи Порто ба роҳ монда шуд.
Дар рафти шиносоӣ бо озмоишгоҳҳои донишкада маълум гардид, ки барои ҳар як ихтисос озмоишгоҳҳои мустақилу алоҳида омода шуда, барои таҷрибаомўзӣ ба муҳассилон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам  аст. Ба мисоли, он ки дар ҳама  лавҳаҳои озмоишгоҳҳо QR - рамз оварда шудааст, ки донишҷў метавонад пеш аз омода шудани кор бо лавҳаҳои зарурӣ аввал тавассути QR - рамз оид ба фаъолияти лавҳа шинос шуда, ҳудуди кори онро бо қоидаҳои пайдарпайии он аз худ менамоянд. Ин раванд ба донишҷўён имкон медиҳад, ки бе ширкати омўзгор, балки бо назорати фосилавии омўзгор корҳои тадқиқотӣ - озмоишии худро оғоз ва баррасӣ намоянд.
Шиносоии озмоишгоҳҳои мазкур бо роҳбарии Антонио Квадро Флорес, доктори илмҳои техникаи барқӣ ва ҳисоббарорӣ дар самти системаҳои электроэнергетикӣ ва Силвия Спинола, омўзгор -  масъули озмоишгоҳҳо, дорандаи унвони доктори илмҳои Замин, оғоз гардид. Аз мушоҳидаи ҳамкасбони португалӣ ба чашм мерасид, ки ба машғулиятҳои амалӣ хеле зиёд таваҷҷуҳ доранд.
- Албатта, сатҳи дониши назариявӣ ҳар қадар боло бошад, хуб аст, аммо таҷрибаи бевоситаи воқеӣ бартарии зиёд дорад,- мегўяд устоди донишгоҳ Силвия Спинола,- аз ин хотир  роҳбарияти донишгоҳ низ ба ин самти масъала  зиёдтар аҳамият медиҳад.
 Дар ҳамаи озмоишгоҳҳо вобаста ба ихтисос лавҳаҳои ҳозиразамони электронӣ насб гардидаанд. Донишҷў метавонад дар як ҳафта то чор маротиба дар озмоишгоҳҳо фаъолият бурда, корҳои илмии худро пеш барад.  Шароит фароҳам оварда шудааст, ки донишҷў  ба таври мустақилона бо ҳар як лавҳа шинос шавад ва корро бе ягон монеаву мушкилӣ давом диҳад. Ҳар як кори илмии донишҷўён дар асоси талаботи корхонаҳои фаъол тартиб дода мешавад. Ин раванд ба ҳар донишҷў имкон медиҳад, ки кори эҷодии худро минбаъд дар корхонаҳои шавқдоштааш дида тавонад ва чунин ҳам мешавад фаъолияти баъдии худро дар ҳамин корхона оғоз бахшад. Ҳамаи ин имкониятҳо ба донишҷў аввал ҳавасмандӣ ва дуюм муносибати тозаи эҷодкорӣ мебахшад. Дар натиҷаи тасдиқ гаштани сифати аслии кору эътимоднокиашон,  сипас, ин кори муҳаққиқ ба истеҳсолот супурда мешавад. Шиносоӣ бо озмоишгоҳҳои металлография, дастгоҳҳои пневматикӣ, таҷҳизоти нақлиётӣ барои мо таассуроти наҷибу фаромўшнашаванда бахшид ва дар қалби мо низ орзуҳо гул карданд, ки солҳои наздик дар донишкадаи мо низ бо талошу меҳрубониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста таъкид доранд аз таҷрибаҳои пешқадамон омўзему дар худ ҷорӣ кунем, чунин шароити хуб ба донишҷўёну муҳаққиқони ҷавон пайдо мешавад. Ҳамаи лавҳаҳои дар озмоишгоҳҳо буда, барои донишҷўён ҳамчун ашёҳои истеҳсоли корхонаҳои пешрафтаи аврупоӣ дастрас мегарданд.
Таассуроти то имрўз фаромўшнашавандаи мо аз ошноӣ бо роҳбарии профессор Эдуардо Пинту Феррейра  аз  озмоишгоҳи робот техникӣ буд, ки ҳатто дар тасвираш қалам оҷизӣ мекашад. Иқрор бояд шуд, ки мамолики Аврупо дар рушди илму техника хеле пеш рафтаанд ва бояд аз онҳо омўхту табодули таҷриба кард. Ин ҷо донишҷўён ҳамаи пешниҳоду тахайюлоти зеҳнии худро  ба лоиҳа дароварда барои озмунҳои гуногуни миёни макотибҳои оливу байналмилалӣ омодагӣ мебинанд ва, инчунин, корҳои рисолаи магистриашонро ҳамчун модел – макет омода месозанд.  Ҳамаи донишҷўёни тадқиқотбаранда мақсад, вазифа ва мавзўи махсуси худашонро доранду ҷиҳати дурнамои онҳо донишгоҳ боз шароити мувофиқ муҳайё месозад. Ҳар донишҷў метавонад мувофиқи вақти ҷудошуда тадқиқоти худро дар озмоишгоҳи замонавӣ санҷида амалӣ созад. Дар расмҳои пешниҳодшуда дастовардҳои донишҷўён оварда шудаанд, ки онҳо дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот истифода шуда метавонанд, инчунин, дар асоси дастовардҳои омодашудаашон ҳар донишҷў мустақилона дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шудааст. Донишҷўён дар масъалаи молия барои ихтирои худ андеша намеронанд, ҳамаи маблағи зарурии хароҷот аз ҷониби донишгоҳ пардохта мешавад.
Озмоишгоҳи дигари машҳури ин донишгоҳ Fаblab аст, ки  ҳамкасбони португалӣ бо як ифтихор онро ба мо нишон доданд. Профессор Эдуардо Пинту Феррейра ва профессори озмоишгоҳи FabLab Мануел Баррос роҳбалади мо буда, бо як шавқу завқи беандоза аз ин озмоишгоҳ ҳарф задаву дурнамои дурахшони онро  муаррифӣ доштанд. Маълум шуд, ки ҳамкории донишгоҳ бо машҳуртарин ширкатҳои ҷаҳонӣ, аз қабили  Nokia, Ikea, Ford, Saab дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Онҳо омодаанд, дар ҷараёни ҳамкориҳо бо донишкадаи Тоҷикистон низ чунин ҳамкориҳои зичу тарафайни судмандро роҳандозӣ кунанд.
Баъди тамошои намоиш синфхона - озмоишгоҳҳои FabLab - ро аз назар гузарондем. Дар рафти шиносоӣ бо синфхона – озмоишгоҳҳои FabLab маълум гардид, ки донишҷўён корҳои эҷодии худашонро бо масолеҳи чўбу тахта, пластмасса ва полиэтиленӣ омода менамоянд ва барои тартиб додани эҷодиёташон аввал тавассути синфхонаи компютерӣ барномаи моделӣ тартиб дода, минбаъда бо 3D принтери зарурӣ чоп мекунанд.
Яке аз ҳадафҳои дигари сафари мо ба донишгоҳи мазкур аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо усули таълими устодони маърифатгоҳ буд, ки ба ин ҳадафи худ расидем. Бо роҳбарии  профессор Эдуардо Пинту Феррейра бо синфхона ва усули дарсгузарии системаи CDIO шинос гардидем. Тамоми синфхонаҳо бо тарзи замонавӣ омода карда шуда, дар он ҷо барои донишҷўён беҳтарин шароити таълимию дарс гуфтан муҳайё карда шудааст. Дар синфхонаҳо омўзгорон аслан чун як нафари машваратчӣ донишҷўёнро роҳбаладӣ мекунанд на ба он тарзе, ки чун даврони шўравӣ устод лексия мехонда бошад. Ин ҷо талаботи дарсгузарии системаи CDIO роҳандозӣ шудааст, барои ҳамаи донишҷўён аз оғози курси аввал мавзўъҳо супурда мешаванд ва устодон барои азхудкунии онҳо ба донишҷўён назари шахсии худро баён карда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки  худи донишҷўён мустақилона, бо назари шахсии худ мавзўъро ҳаллу фасл созанду нуқтаи назари худро дошта бошанд. Табиист, ки ин роҳу усули таълим замина мегузорад, ки худи донишҷў барои зуд ва бо осонӣ ҳазм кардани фан завқу шавқи иловагӣ пайдо созад. Бояд иқрор шавем, ки имрўз дар макотиби олии кишвари мо низ чунин таҷрибаҳо  роҳандозӣ мешаванд.
Донишҷўёни аълохони хатмкунанда бо либоси намунавӣ аз дигарон фарқ мекунанду дар асоси рейтинги хонишашон дар донишкада мақом доранд. Ин беҳтарин омил ҷиҳати ҷалб кардани дигар донишҷўён ба таълиму  корҳои мустақилонаи озмоишӣ мебошад.
Ҳангоми вохўриву мулоқот бо устодони Донишкадаи политехникии Портои Португалия ҳамаи ҳадафу нақшаҳои пешгузошта татбиқи худро ёфта, ҷиҳати ҳамкории минбаъдаи судманд миёни ду мактаби олии ду кишвар мувофиқаҳо ба даст омаданд.

Абдусафо УМАРҶОНОВ,
менеҷери лоиҳа, декани факултаи металлургия, профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, узви Ассотсиатсияи таҳсилоти муҳандисии Россия (АИОР)


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2020    №: 141    Мутолиа карданд: 916
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед