logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. КАРТОШКАПАРВАРОН УСУЛҲОИ ПЕШҚАДАМРО МЕОМӮЗАНД

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами парвариши картошка, усулҳои истифодаи нуриҳо ва таҳияи системаҳои обёрӣ бо картошкапарварон курсҳои омӯзишию вохӯриҳо ташкил намуданд.
Гурӯҳи мақсадноки амалисози ин чорабиниҳо аъзои кооперативҳои кишоварзии ноҳияҳои Шаҳристон ва Нуробод мебошанд, ки моҳи май аз тақсимоти 80 тонна тухмии баландҳосил барои таъсиси фондҳои тухмии картошка ва беҳгардонии амнияти озуқавории аҳолии деҳот бо мақсади пешгирӣ аз таъсири иҷтимоию иқтисодии бемории сироятии COVID-19 баҳра гирифта буданд.
Ҳадафи машварату вохӯриҳо шинос намудани кишоварзон бо усулҳои пешқадами парвариши картошка, тарзи обёрӣ ва додани нуриҳои органикӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва парвариши маҳсулоти хушсифат арзёбӣ мешавад.
Алҳол дар қатори тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ пандемияи COVID-19 низ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад.
Картошка дар Тоҷикистон маҳсулоти муҳими кишоварзӣ ба шумор меравад ва онро «нони дуюм» низ меноманд, аз ин рӯ, мустаҳкам намудани пойгоҳи истеҳсоли ин маҳсулот барои таъмини амнияти ғизоӣ омили зарурист. Кооперативҳои кишоварзӣ метавонанд дар ин самт саҳми назаррас дошта бошанд.
Афзоиши маҳсулнокии кишоварзӣ аксар вақт ба технологияҳои муосир, усулҳои истифодаи нуриҳо, системаҳои обёрӣ ва сифати тухмӣ вобастагии мустақим дорад. Инчунин,  боло бурдани сатҳи донишу малакаи кишоварзон оид ба роҳҳои босамари зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка ва ҳосилнокии он амалҳои саривақтӣ буда, ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот мусоидат мекунанд.
-  Дастгирии техникии кооперативҳо барои афзоиши даромади аҳолии деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калон дорад, - иброз дошт дар ин бора Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
Баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва самаранокии соҳаи кишоварзӣ тавассути дастрасии беҳтар ба озуқаворӣ ҳадафҳои асосии лоиҳа мебошанд.

С. РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2020    №: 142    Мутолиа карданд: 799
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед