logo

фарҳанг

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. НА ТАНҲО ТАЪРИХРО ҲИФЗ КАРДЕМ, БАЛКИ ЭҲЁ КАРДЕМУ ЭҲЁ ШУДЕМ

Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН

Воқеан, миллати куҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарист. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ, онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Осори мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик маҳсули ташаккули ин миллати қадим ба шумор меравад. Онҳо дар худ маҳсули тафаккур ва эҷоди ин миллати тамаддунофарро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгонамон аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шаклҳои бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадорис ва дигар шакли хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум менамоянд. Намунаи боқимондаҳои иншооти мероси бостонӣ ва фарҳангӣ дар мисоли маданияти шаҳрсозии Саразми бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри несториании Айваҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва ғайраҳо тавассути санъати волои меъморӣ, нигоришоти музайян, ороиши бадеии намои онҳо бо санг, гил ва хишт дар шакли кунгура, равоқ, тоқ, панҷара ва дохилии онҳо бо гачкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ мероси гаронбаҳои ниёгон ба наслҳои имрӯза ба шумор мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои арзишманди зиёдро ба анҷом расондаанд.
Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 1993 яке аз аввалинҳо шуда дар ҳудуди Осиёи Миёна узвияти Тоҷикистон ба ЮНЕСКО нуфузу эътибори ҷумҳурии моро на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон хеле баланд намудааст.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти мероси моддӣ 17 санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул гардид. Ҳамзамон, шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва дар заминаи эҳёи онҳо боло бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ мавқеи муҳим касб намуд.
Дар радифи таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва афзудани шумораи муассисаҳои соҳа, ҳамчунин, ба масъалаи тармиму нигаҳдошти онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар заминаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 90 ёдгории таърихӣ, фарҳангию меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардид. Корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 - 2020 амалӣ мешаванд. Мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардондани сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки яке аз воситаҳои дигари ҳифозати осори гузаштаи ниёгон ин таъсиси мамнӯъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо назардошти ҳифзу нигоҳдошт ва тарғиби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва худшиносии миллӣ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги ниёгони хеш, тармиму эҳёи осори фарҳанги гузашта ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон имрӯз дар Тоҷикистон 5 мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ ва бостоншиносӣ таъсис дода шудааст.
Ҷиҳати фаъолнокии сайёҳӣ мамнӯъгоҳҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз ҳамин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар бисёр маврид ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ мебошанд. Онҳо ба нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, воридсозии муваффақиятноки технологияи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Соли ҷорӣ Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021 - 2025  таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 тасдиқ гардид, ки дар доираи ин тадбир таъмиру навсозӣ, нигоҳдошт ва ҳифзи даҳҳо ёдгории дигар амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, ба ҷаҳониён исбот гашт, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷоти ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои “Қуръони карим” бо хати кӯфии шукуфо, инчунин, девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои наботот, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти Хазинаи Амударё чун қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ҳамчун мероси нодири фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Тавре Президенти кишвар иброз доштаанд: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».
Ба андешаи Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, имрӯз ҷомеа дарк намудааст, ки ибтикори дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, воқеан, дар тафаккури мардум ва рӯзгорамон инқилоби воқеӣ ба амал овард. Ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқи тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор дорад.
Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин, барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун обектҳои туризми фарҳангӣ истифода намудани онҳо ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу таърихи миллат ва афзудани нуфузи миллату кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.

Бахтовар КАРИМЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2020    №: 142    Мутолиа карданд: 766
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед