logo

сиёсат

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. АЗ ТАҲКИМИ НУФУЗ ТО ЧОРАҲОИ СУДБАХШ ДАР ПАСМАНЗАРИ COVID-19

- Ҷаҳон имрӯз бо буҳрони бузурге рӯ ба рӯ аст, ки метавонад нуқтаи таҳаввул дар таърихи муосир гардад. Дар давоми чанд моҳи пайдоиши COVID-19 - беморие, ки сабабгори он вируси нави корона аст, таҳлилгарон дидгоҳҳои гуногунро дар мавриди он ҷаҳоне, ки бемории ҳамагир пас аз худ мегузорад, баён карданд. Вале аксарият эътироф мекунанд, ҷаҳоне, ки мо ба он ворид шуда истодаем, ба таври бунёдӣ аз ҷаҳоне, ки қаблан вуҷуд дошт, фарқ хоҳад кард.
Ин матлабро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ баён намуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи пандемияи коронавирус 16 400 (10623 нафар тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва боқӣ тариқи роҳҳои заминӣ) шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуданд.
- Вазорат дар ҷалби ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ва баргардондани шаҳрвандон аз хориҷи кишвар, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла Россия, Чин, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ИМА, Германия, Ҳиндустон, Туркия, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Покистон ва ғайра дармонда буданд, саҳми босазо гузошт,- таъкид дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ ҲАР РӮЗ 2 ПАРВОЗ АНҶОМ ДОДА МЕШАВАД
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, кор дар самти баргардондани шаҳрвандон ба Ватан идома дошта, то кунун беш аз 42 ҳазор шаҳрванди мо, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, барои баргаштан ба Ватан тариқи электронию хаттӣ ба вазорат ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 41 ҳазор бо мақсади аз Россия ба Тоҷикистон баргаштан муроҷиат кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки 27 июл шумораи хатсайрҳои чартерӣ аз Россия ба Тоҷикистон дар рӯз 2 маротиба, ҳафтае 14 маротиба ба роҳ монда мешавад, ки метавонанд мушкилоти шаҳрвандонро дар ин самт осон гардонанд.

ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНАШРО АЗ СУРИЯ ҲАМ БАРМЕГАРДОНАД
Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Сурия зиёда аз 500 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Раванди гуфтугӯҳо дар мавриди баргардондани шаҳрвандон аз ин кишвари ҷангзада идома дошта, феълан барои ба Ватан овардани 286 шаҳрванд (занону кӯдакон) тавофуқот ба даст омадааст. Баробари ба эътидол омадани вазъ дар пасманзари паҳншавии COVID-19 ва барқарор шудани парвозҳои байналмилалӣ ин афрод ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва, ҳамзамон, дар Сурия муваззаф гардидааст, ки кор дар ин самтро пайгирӣ намояд. Дар ин робита, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва Салиби сурх низ хуб ба роҳ монда шудааст.

ДУШАНБЕ -  ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ
Вазири корҳои хориҷӣ гуфт, ки бо назардошти паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои ҷаҳон тасмим гирифта шуд, ки баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба соли оянда мононда шавад.
- Соли ҷорӣ қарор аст, ки давраи раёсати солонаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оғоз гардад. Соли оянда бошад, кишвари мо мизбони Иҷлосияи Шӯрои СААД ва нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсиси он хоҳад буд. Соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидааст, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2020    №: 142    Мутолиа карданд: 813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед