номаҳо
АЗ «ҶУМҲУРИЯТ» СИПОСГУЗОРЕМ
Мо – сокинони деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент миннатдории самимии худро ба аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» мерасонем. Рӯзнома мушкили мо – беобии заминҳои киштро мушкили худ донист, ба он расидагӣ кард ва баъди чопи матлаб душворӣ дар муддати кӯтоҳ осон шуд.
Дар ин радиф, мехоҳем тавассути ин минбари баланди сухан аз хизматҳои шабонарӯзии муовини раиси шаҳр Шавқат Бобозода ёдовар шавем, ки тайи чанд рӯз бо мо буду бо дастгирии ӯ дар соҳили дарёи Зарафшон пойгоҳи обкашӣ насб намудем, ба масофаи 1675 метр лӯла кашидем ва ба заминҳои ташналаб об омад.
Мо – кишоварзони деҳа кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо истифода аз шароити фароҳамомада ҳар порча заминро самаранок истифода барем ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми босазои хешро гузорем.
Сокинони деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2020 №: 143 Мутолиа карданд: 3885