logo

фарҳанг

ИМОРАТИ СУХАН

Зиндаёд Зайниддин Насриддинов аз чеҳраҳои шинохтаи журналистикаи ватанист. Фаъолияти рӯзноманигориро соли 1951 аз ходими адабии рӯзномаи шаҳрӣ оғоз карда, то ба мансаби раиси Агентии телеграфии Тоҷикистон - ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») расид, ки сарварии онро чоряк аср ба зимма дошт. Вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Хизмати содиқонаи беш аз нимасрааш дар матбуот бо орденҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», медалҳои зиёд, унвонҳои фахрии Арбоби шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр шудааст.
Пас аз ба нафақа баромадан ҳам, Зайниддин Насриддинов, то вопасин рӯзҳо хома аз даст нагузошт. Маҳз дар ҳамин давра чанд китоб эҷод ва чоп кард. Аз ин миён махсусан повести публитсистии тарҷумаиҳолияш «Иморати сухан», ки дар он на танҳо аз кору рӯзгор, таҷрибаи ғании андӯхтааш гуфтааст, балки чеҳраи басо фарзонагони миллатро ба риштаи тасвир кашидааст, дар миёни хонандагон маҳбубияти хоса пайдо намуд.
Бо зикри хайри пири рӯзноманигорӣ Зайниддин Насриддинов порчаеро аз повести «Иморати сухан» манзуратон менамоем.
УСЛУБИ ГУНОГУНИ РОҲБАРӢ
Дар суҳбатҳо Ҷаббор Расулов гаштаю баргашта таъкид менамуд, ки дар матбуот ба тарғиби дастовардҳои олимонамон бештар диққат диҳем. Олимони соҳаҳои гуногунро ба мардум муаррифӣ намоем, то ки ба онҳо эҳтирому эътиқод бештар шавад. Эътиқод, ки бештар шуд, эътироф ҳам афзуда, кашфиёту пешниҳодҳои онҳо тезтар ҷомаи амал мепӯшанд, мегуфт ӯ.
 Гар сухан аз боби пахтакорӣ мерафт, номи олимони ислоҳкунандаи навъи пахта (селексионер) Вячеслав Прокофевич Красичков, Бобо Сангиновро мегирифт. Гуфтаҳо, навиштаҳо, пешниҳодҳои агро-номҳои хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Бад-риддин Шамсиддинов, Ҳ. Ҷумонқулов, М. С. Шифрин, С. Ю. Очилдиевро дар бораи беҳтар кардани навъҳои зироат, аз ҷумла пахта ташвиқу тарғиб кунед, мегуфт. Дар бораи ҳиссаи В. Красичков ва Б. Сангинов дар боби такмилу ихтирои навъҳои нави пахта бо ифтихор сухан меронд, хосияту сифатҳои навъҳои нави пахтаи ихтироъкардаи онҳоро дар пешрафту равнақи пахтакорӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон, афзудани ҳосилнокию истеҳсоли пахта ва ислоҳу беҳтар гардидани сифати нахи пахта таъриф мекард.
Яке аз рӯзҳои моҳи августи соли 1972 буд. Соати шаши пагоҳӣ аз фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳи Ҷ. Расулов парвоз кардем. Дар дохили тайёраи «АН-2» ҳамроҳи мо раиси Кумитаи назорати халқии Тоҷикистон Лақай Қармишев ҳам буд. Вале ба куҷо парвоз карданамонро ман намедонистам. Дар арафаи ин сафар дар ҳуҷраи корияш гуфта буд, ки ҷамъомади сардорони бригадаҳои пахтакориро мегузаронад.
- Ҷояшро гӯед, ман расида меравам, - гуфтам, вале ӯ қабул накарда фармуд, ки субҳи барвақт ба фурудгоҳ оям, ҳамроҳ меравем.
Тайёра хеле паст парвоз мекард. Ҳамин ки аз ҳудуди колхози «Россия» - и ноҳияи Ленин гузашта, ба самти ғарб роҳ пеш гирифтем, пай бурдам, ки ё ба ноҳияи Қумсангир ё ба ноҳияи Шаҳритус меравем. Ҷаббор Расулович ҳангоми парвоз аз тирезаи тайёра ба мо заминҳои киштро нишон дода, қариб дар бораи қитъаҳои алоҳидаи он нақл мекард. «Ана ниҳоли пахтаи ин қитъа аз об коҳидааст. Ана ваяш ба шолизор табдил ёфтааст, ӯ ноинсофҳое»,- мегуфт бо афсӯс роҳбалади мо.
Ба Шаҳритус расидем. Он ҷо ӯ ба ман гуфт:
- Ту ба райком рафта, бо корҳои худат машғул шав. Ё пахтаро мебинӣ? Шояд дербоз дар пахтазор набудӣ, рав, як шамоли пахтаро хӯр, илҳомро бедор мекунад, - шӯхӣ ҳам кард.
- Майлаш, гуфти Шумо шавад.- ҷавоб додам ман.
 Худаш ба мошини котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Шаҳритус Ҷалолиддин Муҳаммадов нишасту рафт. Л. Қармишев ҳам бо раиси комиҷроияи ноҳия роҳи пахтазорро пеш гирифтанд.
 Ҳайрон мондам. Аммо дар он ҷо котиби якуми кумитаи ҳизбии вилояти Қӯрғонтеппа Ғоибназар Паллаев, сардори кумитаи амнияти давлатии вилоят В. Красовский ва чанд нафари дигари ба пешвоз омада меистоданд.
- Маро кӣ барои илҳомгирӣ аз пахта ба саҳро мебарад?- саволи шӯхиомез додам ба онҳо.
- Мо-дия, мо, - дасти росташро ба сари синааш бурда бо шӯхӣ ҷавоб дод Ғоибназар Паллаев.
 Мо секаса - ӯ, ман ва сардори кумитаи амният ба мушоҳидаи вазъи пахтазор рафтем. Мошин маркази ноҳияро ақиб гузошта, қад-қади дарғоти сероб ба ҷануб роҳ мепаймуд. Ниҳолҳои пахта ончунон хуб дар нашъунамо буданд, ки дар баъзе майдонҳо қади ниҳоли пахта ба қади кас баробар буд. Инро аз он мушоҳида кардам, ки дар сари роҳ раиси колхози ба номи Ломоносов, вакили мардумӣ ба Шӯрои Олии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Талбак Садриддинов меистод. Ӯ моро ба пахтазор роҳбалад шуд. Ниҳолҳо ғарқи шонаю гул буданд. Мо ҳама аз ин манзара хеле қаноатманд гардидем. Дар қад - қади роҳи лаби дарғот бошишгоҳҳои барҳаво сохтаанд. Дар ин бошишгоҳҳо пахтакорон ҳини танаффуси нисфирӯзӣ аз гармии ҷонгудози офтоб фароғат мекарданд.
 Он солҳо дар бошишгоҳҳои саҳроӣ дукончаҳои сайёр фаъолият дошт. Дар ин дукончаҳои бефурӯшанда собуну сачоқ, лимонад, кефир, нон, чой, намак, гӯгирд, рӯзномаву маҷалла фурӯхта мешуд. Харидор пули маводи мавриди ниёзашро ба қуттичае, ки он ҷо гузошта шуда буд, андохта мерафт. Агар пул надошта бошад, чизҳои харидаашро бо арзишашон дар дафтар сабт мекард ва баробари пайдо кардани пул қарзашро мепардохт.
 Ба Айваҷ расидем. Ҳаво он қадар тафсида буд, ки дар ҳавои кушод дар як они воҳид тухм мепухт. Он сол ман вакили мардумии Шӯрои Олии Тоҷикистон будам ва дар комиссияи кори байни занон, ҳифзи сиҳатии модар ва кӯдак вазифаи котибро ба уҳда доштам. Табиист, ки дар ҳар сафари хизматиям ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз аҳволи занону кӯдакон огоҳ мешудам. Дар Айваҷ сари роҳ чашмам ба белинчаки зери дарахт афтод. Ҳатто бо як ресмон ду ва се белинчак сохтаанд. Ба он ҷо рафта дидем, ки ҳам боғчаи бачагон ва ҳам ширхоргоҳ (яслӣ) будааст. Аз мутасаддиёнаш пурсидам, ки ба тарбиятгирандагон чӣ ғизо медиҳанд? «Оши палав, макарон, тухм» - ҷавоб доданд. Шир набудааст. Аз шунидани ин ҷавоб ва вазъи ширхоргоҳи мавсимӣ табъи Ғоибназар Паллаев ҳам хира шуд.
Дар кумитаи ҳизбии ноҳия Ҷ. Расулов бо Ҷ. Муҳаммадов суҳбат дошт. Пай бурд, ки ман дар ҳақиқат ба пахтазор рафтаам. Чунки рӯям гӯё дар танӯр сӯхта бошад, суп-сурх шуда буд, аз сару рӯям арақ мерехт. Таассуротамро пурсон шуд, гуфтам, ки ҳамааш нағзу лекин дар ҳамин даври тобистон ба тарбиятгирандагони кӯдакистон оши палав, макарон, тухм медодаанд. Ӯ дар аввал ба суханонам аҳамият надодагӣ барин намуд. Бори дигар ба комиссияи Шӯрои Олӣ марбутиямро далел оварда гуфтам:
- Наход барои кӯдак як пиёла шир ёфт нашавад?
 Ин дам ӯ ба Ҷ. Муҳаммадов расонда кинояомез ҷавоб дод:
- Ту медонӣ - ку, колхозҳои Шаҳритус камбағаланд. Барои гови ҷӯшоӣ харида ба кӯдакон шир додан зӯрашон намерасад.
 Дар ҳуҷраи корӣ хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Баъд ба маҷлисгоҳ рафтем. Дар маҷлис, ки асосан сардорони бригадаҳои пахтакорӣ, мудирони қитъаву агрономҳо иштирок мекарданд, рӯҳбаландии аҷоибе ҳукмфармо буд. Ҳар нотиқ аз вазъи хуби пахтазораш иттилоъ медод ва ваъда мекард, ки нақшаю уҳдадорияшро барзиёд баҷо оварда, аз ҳар гектар 1,2,3 ва ҳатто то 5 - сентнерӣ зиёд пахта ҷамъоварӣ мекунаду ба давлат месупорад. Ҷаббор Расулович меболид. Дар ҷавоб ғайр аз калимаи «раҳмат, раҳмат» дигар чизе намегуфт. Маълум буд, ки корҳо хубанд ва ҳосили пахта дар ин ҷо ҳамаро шод мегардонад. Ҳамин «раҳматгӯиҳо» ҳам як навъ роҳу усули кори роҳбарӣ будааст. Баъди чанд соат дар ҳамон сафар услуби дигари роҳбариро ҳам мушоҳида кардам.
Мо ба Қӯрғонтеппа омадему Ҷ. Расулов магар ба мани доим сари мизи корӣ менишаста раҳмаш омад, ки «рав, бо кори худат машғул шав» гуфту худаш боз роҳи майдони пахтаро пеш гирифт. Он ҷо ба ӯ котиби КМ оид ба кишоварзӣ  М.  Бобоев  ва вазири кишоварзӣ А. Н. Махсумов ҳамроҳ шуданд, ки пештар ба ин ҷо омада буданд.
 Баъди чанд соат Ҷ. Расулов пайдо шуд, ки дар обу арақ ғӯтида буд. Дар рӯзномаи дасташ чизе печонда. Раиси бахши дар Қӯрғонтеппа будаи пажӯҳишгоҳи зироат академик, селексионери машҳури пахта Бобо Сангиновро дидан замон тамоми хашму ғазабашро ба сари ӯ фурӯ рехт.
- Хонаи пахтакоронро сӯхтӣ! – бе ягон истиҳола дарафтод ба олим.
 Одамони гирдомада ин бархӯрдро дида, аз онҳо дур шуданд. Аз ғазаби Ҷ. Расулов меҳаросиданд роҳбарони шаҳру ноҳияҳо. Дар ҳақиқат, ӯ одами сахтгапу бадқаҳр буд, вале тез аз ҷаҳлаш мефаромад.
- Хонаи пахтакоронро котибони райкомҳоятон сӯхтанд. Онҳо ба парвариши ниҳоли пахта назорат накунанд, гуноҳи ман чӣ? – суст наомад Бобо Сангинов. Онҳо як ба як монда хеле «ману ту» карда, дилашонро холӣ намуданд. Маълум шуд, ки аз бемасъулиятию беназоратии сарварони маҳаллӣ пахтазори ноҳияи Қӯрғонтеппаро ҳашароти зараррасон зер кардаасту нашъунамои ниҳолҳо ақиб мондааст. Дар рӯзномаи дар дасти роҳбар буда намунаи ин ҳашарот ҷамъ оварда шуда буд.
 Дар маҷлисе, ки дар боғи колхози ба номи Ленини ноҳияи Қӯрғонтеппа барпо гардид, калимаи «раҳмат» ягон маротиба аз забони Ҷ. Расулов шунида нашуд. Баръакс, ӯ то тавонист вазъиятро бо мақсади бартараф намудани норасоиҳо дар парвариши ниҳолҳои пахта муташанниҷ гардонд. Бисёр роҳбарони хоҷагиро аз ҷояшон хезонда сахт сарзаниш кард ва ҳатто ба ман фармуд, ки номи худу номи падарашонро дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ зикр намуда шармандаашон кунам. Аҳволи он рӯз доштаи котиби якуми ҳизбии шаҳри Қӯрғонтеппа З. Шукуров хеле табоҳ буд. Шояд ҳангоми пахтазорро дидан кардан аз роҳбари олии ҳизбии ҷумҳурӣ сахт танбеҳ дида буд, ки дар ҷараёни бурдани маҷлис ҳам дасту по мехӯрду гапашро гум мекард.
 Оид ба Бобо Сангинович бошад, Ҷ. Расулов чунин рафтор кард. Шояд ин рафтори ӯ пушаймонӣ аз кирдори нисбати вай кардааш буд. Дар ҳақиқат вазъи пахта ба вай дахл надошт. Яке котиби якуми КМ дар шафаташ, ҳатто қаторҳои яку дуи раёсати маҷлис Боборо надида садо баровард:
- Бобо, ту дар куҷоӣ?
 Аз қатори аз ҳама қафои раёсат «ман ин ҷоям» - гӯён ҷавоб омад. Ҷ. Расулов ӯро наздаш хонда, дар қатори аввал, дар паҳлуяш шинонда, ба иштирокдорони маҷлис гуфт:
- Вазифаи илм роҳ нишон додан аст. Касе дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ аз роҳи илм равад, бурд мекунад. Вале олим, масалан Бобо Сангинов ба ҷои шумо ба пахтазор об, озуқа намедиҳад, бо ҳашарот мубориза намебарад. Роҳбари гуфтаи ин олими селексионерро иҷронакарда мард нест, роҳбар нест.
 Баъд аз ӯ хоҳиш кард, ки дар маҷлис сухан гӯяд, табодули назар кунад ва роҳҳои илмию амалии ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахтаро баён созад. Суханронии Б. Сангиновро ҳозирон бо диққати тамом шуниданд ва аксари сардорон андешаҳои ӯро ба дафтарчаҳояшон сабт карданд.
 Мақсади нақли ҷараёни сафари навбатӣ бо Ҷ. Расулов он буд, ки ҷузъиёти усули роҳбарии ӯро дар ҳолатҳои гуногун нишон диҳам ва нақши олимону аҳамияти кашфиёти онҳоро дар пешбурди истеҳсолоту иқтисодиёт, дар кишоварзӣ ва алалхусус пахтакорӣ зикр намоям.

СОАТ БА ТАШАББУСКОР
Боре Ҷаббор Расулович телефон карда гуфт:
- Як даро, хабари хуше ҳаст.
Бояд гуфт, ки ӯ баъди ҳар сафараш ба ноҳияю шаҳрҳои ҷумҳурӣ телефон карда, ному нишони сардорони бригада, мудирони ферма, агрономҳо, обмонҳо, говҷӯшзанон, механизаторон ва истеҳсолотчиёни касбу кори гуногунро мегуфт. Аксари онҳо баъди тавсифи кори ҳалолашон соҳиби ордену медал ва унвонҳои фахрӣ мегардиданд. Мушоҳидаҳои сотсиологӣ собит менамуданд, ки ин шахсон баъди дар рӯзнома пайдо шудани номашон басо пурсамар кор мекарданд.
Ташаббуси И. Қувватов ҳам натиҷаи чунин сафарҳо буд.
Ҷ. Расулов дар рӯзи таваллудаш аксар дар Душанбе дар ҷои кораш намемонд. Зеро табрикоту таҳниятҳоро нағз намедид, ки дар зери аксари он тамаллуқ ва хушомад ниҳон буд. Соли 1980 дар рӯзи таваллудаш Ҷ. Расулов ба назди дӯсташ Сироҷиддин Исоев – котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Колхозобод меравад. Сироҷиддин Исоев ба Ҷаббор Расулович меҳри махсусе дошт. Ана ҳамин дӯсташ ӯро дар рӯзи таваллудаш ба бошишгоҳи саҳроии Иззат Қувватов мебарад, ки воқеъ дар колхози ба номи Карл Маркс мебошад. Сари дастархони деҳқонӣ сухан аз истеҳсоли пахта ва аҳамияти он барои ҷумҳурӣ, ҳар сокини он меравад. Дар рафти суҳбат Иззат Қувватов изҳор мекунад, ки бригадааш имсол аз ҳар гектар 60 - сентнерӣ ҳосили пахта мегирад.
- Дуруст ҳисоб кардӣ? – мепурсад Ҷ. Расулов.
- Бале. Мо на як солу ду сол бо пахтакорӣ машғулем. Модар моро гӯё дар пахтазор таваллуд кардааст. Гулу шонаи ниҳоли пахта аз 60 сентнер дарак медиҳад. Ин аниқ, раисбобо.
Ин дам Ҷаббор Расулович, ки рӯзи таваллудашро «қайд» мекард, ба ваҷд омада, соаташро аз даст кушода, ба дасти И. Қувватов баста, мегӯяд:
- Ин аванс. Ман боз қарздорам аз ту. Агар гуфтаат иҷро шавад, мукофоти калон аз ман.
Ин ташаббусро дар вилояти Ленинобод ҳамон сол 60 бригадаи пахтакор, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 140 бригада дастгирӣ намуданд. Муборизаи пахтакорони тоҷик он сол бо бештар аз як миллион тонна пахта хотирнишон гардид. Ба котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шуд.
 Хӯш, тақдири И. Қувватов чӣ шуд? Мо, масалан, бештар аз даҳ маротиба дар борааш навиштем. Ҷамъияти «Дониш» оид ба фаъолияти ӯ мусаввараи хубе баровард. Ҳатто  кайҳоннавардони  шӯравӣ аз коинот И. Қувватовро табрик гуфтанд. Вале дар охири мавсим маълум гардид, ки И. Қувватов аз ухдаи иҷрои қавлаш набаромада, ҳамагӣ 42 - сентнерӣ ҳосили пахта гирифтааст. Инро дар вохӯрии навбатии роҳбарони воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ, ки тез - тез баргузор мегардид, ба Ҷ. Расулов маълум кардам. Ӯ гуфта буд:
- Худаш уҳдадорияшро иҷро накарда бошад ҳам, барои дар ҷумҳурӣ 280 ҳазор тонна зиёд шудани истеҳсоли пахта ҳисса гузошт…

Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2020    №: 143    Мутолиа карданд: 614
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед