logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. АГАР ИМКОНИЯТҲО БОСАМАР ИСТИФОДА ШАВАНД…

Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, дар шароити ҷаҳонишавӣ, номуайянии авзои байналмилалӣ ва таъсири бемории COVID – 19 ба иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти бештар касб карда, дар мадди аввал қарор додани худкифоии миллиро тақозо менамояд. Татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар низ ба рушди истеҳсолоти кишоварзӣ робитаи мустақим дорад, зеро бе ашёи хоми саноатӣ, ки қариб пурра дар бахши кишоварзӣ истеҳсол мешавад, рушди саноатӣ хеле мушкил аст.
Дастгирии давлатӣ ҷузъи муҳими сиёсати давлатии кишоварзист ва дар шароити имрӯза ба таҳкими иқтидори маҷмааи (комплекси) агросаноатӣ - КАС нигаронда шудааст. Барои рушди КАС ва дар маҷмӯъ – соҳаи кишоварзӣ омӯзишу истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт низ аз аҳамият холӣ нест.
Тавре омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, назири Амрико, Чин, Корея, Олмон, Канада дар бахши кишоварзӣ аз таҳаввулоти илмию техникӣ – технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода мебаранд ва пайваста самаранокии онҳоро такмил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ин кишварҳо барои ҳифзу таъмини рушди устувори кишоварзӣ заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ фаро оварда шудаанд ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи самаранокии хоҷагиҳои кишоварзӣ, рушди деҳот, бехатарии истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии сармоягузорӣ дар деҳот, модернизатсияи истеҳсолот аз муҳимтарин бахшҳои қонунгузорӣ дар ин соҳа ба шумор мераванд. Таъмини талаботи афзояндаи аҳолӣ бо маҳсулоти озуқавории дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муназзаму устувори истеҳсолоти кишоварзӣ ҳадафи асосии ин иқдомҳо мебошад.
Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳанӯз мушкили ҷалби сармоя ба бахши истеҳсолоти кишоварзӣ эҳсос мешавад, яъне сармоягузории зарурӣ намерасад. Аз ин рӯ, дар чунин вазъ аҳамияти дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ меафзояд, яъне қабули барномаҳои давлатии дастгирии кишоварзон зарур аст. Самтҳои афзали ин барномаҳо бояд равнақи истеҳсолу коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул, рушди устувори пояҳои истеҳсолот дар деҳот (хусусан маҳсулоти ғизоӣ) ва дар заминаи технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошанд. Ба рушди истеҳсоли ғалла, мева, маҳсулоти чорводорӣ ва моҳӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа мебояд. Дар ин ҷода фароҳам овардани шароит барои дастрасии деҳқонон ба қарзҳои бонкии имтиёзнок, навсозии технологияи истеҳсолу коркард ва ҷалби маблағҳои дохилию берунии соҳибкорон низ аҳамияти калон доранд.
Фишанги асосӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар Канада ва ҳатто Лаҳистон (Полша) барои тақвияти иқтидори иқтисодӣ танзими давлатӣ ба ҳисоб меравад. Принсипҳои дастгирии давлатии хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҷумла комплексҳои агросаноатӣ, дар қонуни ИМА «Дар бораи амнияти молиявии деҳқонон ва сармоягузорӣ ба рушди деҳот» баён шудаанд. Маҳз дастгирии давлатӣ омили асосии самаранокии кори кишоварзони Лаҳистон шудааст, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои беҳтарин ба даст меоранд.
Яке аз афзалиятҳои дастгирии деҳқонон дар кишварҳои мутараққии Аврупо он аст, ки дар ин давлатҳо воридот ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи назар ба маҳсулоти дохилӣ арзон манъ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои дастгирии молиявии соҳаи кишоварзӣ назар ба ҳолати кунунӣ имкониятҳои васеътар дорад. Истифодаи босамари ин имконияту захираҳо бо омӯзишу амалисозии баъзе ҷиҳатҳои таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди босамару устувори кишоварзии мамлакат роҳи васеъ мекушояд.

Фаррух АБДУВОСИЕВ, коршиноси масоили иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2020    №: 145    Мутолиа карданд: 628
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед