logo

туризм

САЙЁҲӢ. РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ МУҲИМ АСТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози имкониятҳои табиӣ яке аз давлатҳои ояндадори дунё дар бахши сайёҳист. Кӯҳсор будани 93 дарсади ҳудуди кишвар, ки дар гузашта яке аз монеаҳои рушди он шумурда мешуд, дар шароити муосир сарчашмаи асосии тараққии давлат ва воситаи муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт. 

Тибқи сарчашмаҳо, ҳар сол зиёда аз 700 миллион (дар ҷойи дигар, зиёда аз 1 миллиард) нафар ҳамчун сайёҳ ба минтақаҳои гуногун сафар мекунад. Омори мазкур танҳо ифодагари вазъи сайёҳии байналмилалӣ мебошад. Шумораи сайёҳони дохилии кишварҳо бамаротиб зиёд аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб буда, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо аз рӯи хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон дониста шуд. Сомонаи интернетии «Globe Spots» соли 2014 Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ ҷой дод. Нашри русии маҷаллаи маъруфи «National Geographic» соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро яке аз даҳ роҳи зеботарини дунё унвон кард. Маҷаллаи “ТОП - 100” соли 2015-ум 3 минтақаи Тоҷикистон ва соли 2016 кӯҳҳои Помирро мавзеъҳои ҷолиби туристӣ эътироф намуд. Инчунин, соли 2016 Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро дуюмин кишваре донист, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад.
Ба соҳаи сайёҳӣ на ҳамчун бахши ёрирасон, балки ба сифати бизнеси асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад ва барои сайёҳон тамоми шароити экологию эстетикӣ, имкониятҳои бархӯрдорӣ аз тарзи ҳаёти деҳот (саёҳат тавассути асп, қутос, ҷамъоварии замбурӯғ, мева, гиёҳҳои шифобахш, моҳидорӣ), дастрасӣ ба маҳсулоти арзони истеъмолии маҳаллӣ, ошноӣ бо хусусиятҳои этнографии деҳа ва афзалиятҳои фарҳанги мардуми он ва ғайра фароҳам мегарданд. Чунин навъи сайёҳӣ, яъне сайёҳии сабзи деҳот (green rural tourism) ва ё сайёҳии аграрӣ (agrotourism, farm tourism) дар кишвар хеле маъмуланд. Сайёҳон муддате дар деҳа зиста, тарзи ҳаёти деҳро барои худ таҷриба мекунанд.
Дар Тоҷикистон сайёҳӣ самти нисбатан нав, вале ояндадор буда, барои рушди он иқтидори беназири захираҳои табииро соҳиб аст. Бо гузашти вақт, сайёҳӣ ба омили рушди бахшҳои дигар, аз ҷумла кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, манзил ва истироҳат, сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, рушди инфрасохтори деҳот, ҳифзи муҳити зист, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мусоидат хоҳад намуд. Вобаста ба ин, рушди сайёҳии Тоҷикистонро барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ намудан мумкин аст.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва пешниҳоди маҳсулоти ҷолиби сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ маводи нави таблиғотӣ, аз ҷумла “Даҳ ганҷинаи Тоҷикистон” бо се забон, вариантҳои электронии “Даҳ сабаби сафар ба Тоҷикистон” бо ду забон, наворҳои видеоии нав, аз ҷумла оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ба якчанд шаҳру ноҳияҳо, сайёҳии табобатию солимгардонӣ, гиёҳҳои шифобахш, хатсайри сайёҳии Данғара - Пушинг, корномаи Восеъ, ҳафт хатсайри сайёҳӣ ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, шаҳрҳои Нораку Роғун, водии Рашт, дар маҷмӯъ зиёда аз 40 хатсайри нави сайёҳӣ омода ва роҳандозӣ шуд.
Рӯйхати васеи маҳсулоти сайёҳиро тартиб додан мумкин аст, аммо барои мусоидат ба пешбурди интихоби истеъмолӣ дар қадами аввал муайян намудани якчанд категорияҳои нисбатан содаи маҳсулоти сайёҳӣ беҳтар аст. Аввалан, ин категорияҳо бояд он маҳсулоти сайёҳиро, ки дар мамлакат бештар рушд ёфтаанд ва маблағгузориҳои нав ва зиёд талаб намекунанд, фаро гиранд. Ҳар як категория хусусиятҳои ба худ хос ва инкишоф дорад. Ҷолибнокии маҳсулоти сайёҳӣ метавонад тавассути мукаммалгардонӣ ва пешниҳоди он ба муштариён баланд бардошта шавад.
Аслан, сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бояд аз рӯи намудҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ташаккул дода шавад.
Меҳмоннавозии мардуми мо афзалияти мамлакат аст. Вале айни замон дарки аҳамият ва фоидаи рушди сайёҳӣ дар бахши хусусӣ на он қадар назаррас аст. Чун роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, дарки аҳамияти рушди соҳа, таъсири он ба пешрафти мамлакат ва нақши ҳар шахс дар рушди он муҳим аст.

Фахриддин ХОЛИҚЗОДА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
иҷозатномадиҳии Кумитаи
рушди сайёҳии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2020    №: 145    Мутолиа карданд: 3422
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед