logo

фарҳанг

ДУНЁИ РАНГҲО

Рассоми мониқалам  Далер Миҳтоҷов ба мусаввараи офаридааш менигаристу дар олами андешаҳо сайр мекард. Ман ҳам ба расм чашм дӯхтам, то асрори онро дарк бисозам. Чун аз омаданам воқиф гашт, сар бардошт.

Аз ӯ пурсидам:
- Мӯйсафеди танҳо дар кӯчаҳои шаҳр дар фикри чӣ бошад?
Ба ҷои посух суолам дод:
- Шумо дар ин расм чиро мебинед?
Баъди каме мулоҳиза гуфтам:
- Аз сабаби он ки  дар асар ранги сабз ба чашм намерасад, шояд ғаму андуҳ бошад...
Рассом баъди лаҳзае пурсид:
- Боз чиро мебинӣ?
- Шояд одамон аз ягон хатаре паноҳ  бурда бошанд, ки дар шаҳр ғайр аз мӯйсафед касеро намебинам,- гуфтам.
Дар расм  розе пинҳон буд, ки на ҳар кас қобили дарки онро дошт. Сабуриро аз даст дода, мехостам зудтар роз ошкор шавад. Розе, ки рассом аз он ғарқи андеша буд.
- Манзараи ғуборолудро мебинед? - гуфт ӯ. - “Шаҳри Хомӯшон” аст ин ҷо, ки сокинонаш аз даҳшати коронавирус одамгариро фаромӯш кардаанд. Ҳамсоя аз ҳамсоя гурезон шуд, аз тарси марг ба ҷанозаи наздикони худ рафта наметавонанд. Мебинед, дар шаҳр ғайр аз мӯйсафед касе ба чашм намерасад, ҳама дар кошонаи худ пинҳон. Пирмард  дар назди  оромгоҳ нишастааст, дарахте, ки якчанд шохаш шикаста, аз он дарак медиҳад, ки марги бераҳм фарзандонро аз ӯ рабуда. Ин пир  хушбахтиро дар марг мебинад ва ӯ дар интизори бо фарзандонаш пайвастан аст. Аммо бисёр нафароне, ки дар ин оромгоҳ қарор доранд, шахсҳоеанд,  ки аз ҷавон буданашон дилпуранд. Ва онҳо фикр мекунанд, ки ҳеҷ вақт намемиранд.  Бале, аслан, инсон ҳеҷ гоҳ ноумед намешавад. Дар расм ранги зард нишонаи паҳншавии беморӣ ва даҳшатест, ки инсонро фаро гирифта. Аммо ранги сурх миёни рассомон нишонаи мубориза аст, ки онро дар ин ҷо истифода намудам, яъне инсон бояд ҳамеша бо мушкилоти дунё дар набард бошад. Осмон ранги  сафед дорад ва ин ба он маъност, ки поёни шаби сияҳ сафед аст. Шумо дар расм ранги сабзро, ки рамзи умедворист, пайдо карда натавонистед, аммо он вуҷуд дорад. Ҳамин пироҳане, ки пир ба бар карда, сабзранг аст. Ин чунин маъно дорад, ки инсон бидуни умед зиндагӣ карда наметавонад. 
Воқеан, дунёи рангҳо мафтункунанда аст.  Мо рангҳоро бо ном ифода мекунему рассом дар он зиндагиро мебинад. Аз ин лиҳоз, хушбин бояд буду шод бояд зист.

Руқия ҚУРБОНОВА,
коромӯзи “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2020    №: 145    Мутолиа карданд: 726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед