logo

фармонҳои президент

ШАРҲИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия"
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2020 зиёд карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад.
Тибқи фармони мазкур, аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин, ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин, маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд мегардад.
Мутобиқи ин фармон, андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, ба ғайр аз стипендияи президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамзамон, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд мегардад.
Аз 1 сентябри соли 2020, инчунин, андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд мегардад.
Дар баробари ин, андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд, ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бе дарназардошти нафақа барои хизматҳои дарозмуддат ва хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақалли нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.
Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол, ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд, кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин шудааст, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.
Инчунин, қисми суғуртавии нафақаи нафақаҳои суғуртавии то 1 январи соли 2020 таъйингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд, ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба андозаи 8 фоиз индексатсия мешавад.
Зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, амалӣ карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки анҷоми тадбири мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа, дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2020    №: 146    Мутолиа карданд: 1219
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед