logo

фарҳанг

САДРИДДИН АЙНӢ. ҶОЙГОҲИ ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ ДАР «ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»

Инсони комил ҳамеша ба гузаштаи худ назар мекунад, гоҳе аз он ифтихор менамояд ва гоҳе андуҳгин мегардад. Ҳамеша  аз хубӣ ва корномаҳои ниёгони худ сабақ меомӯзад ва аз нокомию бедодгариҳо низ сабақ мебардорад. Арзишҳои маънавии ҳар як давру замон  робитаи байни фарҳангу тамаддун, афкору андешаи миллӣ, таърих, адабиёт, фалсафа, дин, ахлоқ чун занҷирест ногусастанӣ дар андешаву афкор. Ба ин васила фарҳанг, осори насли минбаъда, орзуву ормонҳои миллӣ инкишоф ва идома меёбад. Таърих барандаи маънавиест, ки аз замонаҳо, аз қаъри дили шоирону нависандагонаш мегузарад ва таҳаввулоти ҷомеаро, инсонро аз гузашта ба имрӯз ва фардо мебарад.  Дар оғози садаи ХХ андешаву афкори миллии халқи мо  вобаста ба талаботу тақозои замон, дар ин марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз  ва табаддулоти куллӣ дар шашяки рӯи Замин рисолати худро пеш мебурд. Фарзандони  ғаюру ҷасур ва фарзонаи миллат ба мисли  Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода  ва даҳҳо шоирону нависандагон, аҳли илму аҳли зиё  баҳри бедорӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, мероси  волою нотакрори маънавии миллати тоҷик ва ғояи миллиро таблиғу ташвиқ сохтаанд.
Шахсияти устод Айнӣ  яке аз он шаҳсутунҳоест, ки бинои маънавиёт, бинои ҳастии фарҳанги миллатро барои Тоҷикистони навин нигаҳ дошт. Ӯ тавонист алайҳи боду бӯронҳои  тунди замон пойдор бимонад. Аз нигоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон устод Садриддин Айнӣ аз шахсиятҳои миллатсоз буда, дар раҳоии миллат аз вартаҳои нестӣ нақши бузурге гузоштааст.
Сарвари давлат дар қисми ниҳоӣ, дар бахши панҷуми китоби бунёдии худ «Чеҳраҳои мондагор» панҷ нафар Қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаро зикр намудаанд. Нахуст зиндагонӣ ва қаҳрамонии Садриддин Айниро пешорӯи хонандагон бозгӯ кардаанд. Муаллифи китоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайроҳаи пуршебу фарози зиндагии онҳоро омӯхтаанд.  Онҳо бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор мераванд ва умри азизи худро баҳри ташаккули худшиносии миллӣ, боло бурдани маънавиёти ҷомеаи худ ва ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ  масраф кардаанд. 
Аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон нахуст хизмати шоистаи  Садриддин  Айнӣ алайҳи онҳое, ки бешармона халқи тоҷик ва забону адабиётро инкор мекарданд, солҳои 1919-1921 ва 1924-1926 дар  саҳифаҳои матбуот хосатан, дар маҷалаи “Шуълаи инқилоб” бо санаду бурҳони қотеъ доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик, мероси фарҳангӣ, мактабу маорифи миллӣ, матбуоти тоҷикӣ, давлату давлатдорӣ мақолаҳои зиёд интишор намуда, халқро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ даъват кардааст. Таълифи асари барҷастаи “Намунаи адабиёти тоҷик” дар шинохти камолоти халқи тоҷик, бедорию худшиносии миллати тоҷик хидмати беназир буд. Иловатан, нигоштаи муаллифи “Чеҳраҳои мондагор”-ро ба шаҳодат меорем:  “Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза  устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид”
Муаллифи  “Чеҳраҳои мондагор” ҳамчун тадқиқгари комилан касбӣ бо далелҳои раднашаванда нуктаҳои зиёдро дар шинохти қаҳрамонии Садриддин Айнӣ зикр намуда,  мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ собит кардаанд. Ҳамин тавр,   Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Чеҳраҳои мондагор” ба хулоса омада, зикр намудаанд: “Устод Айнӣ ҳар лаҳза дар арсаи мубориза бо қалам  каҳрамонӣ нишон дод ва барои сарбаландии имрӯзиён роҳ кушод”. Волоияти  асари бунёдии Пешвои миллат, Сарвари фазилатоин Эмомалӣ Раҳмон як сарчашмаи мустақил дар шинохти чеҳраҳои мондагор, бахусус муайян намудани ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ, таҳаввули афкори сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангӣ, манбаи муътамади таҳқиқии зиндагинома ва кору пайкори фарзонафарзандони миллати тоҷик маҳсуб мешавад. 

Кибриёхон АТОЕВА,
Манзура САЙДУЛЛОЕВА,
устодони Донишкадаи
кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2020    №: 146    Мутолиа карданд: 607
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед