logo

маориф

МАОРИФ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ИЛМИ СОҲАВӢ

Таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи кунунии соҳаи илм, махсусан илми соҳавӣ, зимни мулоқоти Сарвари давлат бо олимони кишвар, идомаи мантиқии андешаҳои Пешвои миллат оид ба нақши боризи илм дар ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар ин радиф фаъолияти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-ро зикр кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Муассиса 28 сол мешавад, ки ҳамчун сохтори таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ, танзими онҳо, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ, роҳу усулҳои муосири танзими шаклҳои гуногуни муҳоҷират таҳқиқоти илмӣ-амалиро анҷом медиҳад.
Бо мақсади боз ҳам самарабахштар гардондани раванди таҳқиқот ва натиҷаҳои он, роҳбарият ва ҳайати ходимони илмии пажӯҳишгоҳ тасмим гирифтанд, ки дар навбати аввал проблемаҳои дар соҳаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муҳоҷирати аҳолӣ ва дигар ҷанбаҳои иҷтимоӣ - меҳнатии дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойдоштаро ба таври амиқ ва возеҳ муайян намуда, дар заминаи пешбурди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои онҳо, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро пешниҳоди мақоми марбута гардонанд.
Аз натиҷаҳои таҳқиқоти олимони пажӯҳишгоҳ бармеояд, ки айни замон дар самти меъёрбандӣ, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бо назардошти проблемаҳои мавҷуда, татбиқ намудани тадбирҳои зайл метавонад низоми мавҷудаи меъёрбандӣ ва музди меҳнатро такомул бахшад:
- таҳия ва тасдиқ намудани лоиҳаи «Барномаи такмили  низоми меъёрбандии меҳнат ва музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2028»;
- гузарондани таҳқиқот ва дар заминаи он дар таҳрири нав қабул намудани «Тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоӣ-демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- мутобиқ сохтани “Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғлҳо” ба талаботи “Стандарти байналмилалии таснифоти шуғлҳо-2008”-и Ташкилоти байналмилалии меҳнат;
- таҳия ва тасдиқ намудани “Маълумотномаи ягонаи тарифӣ - тахассусии корҳо ва касбҳои коргарӣ”, «Стандартҳои касбӣ барои тамоми соҳаҳои иқтисод» ва “Ҷадвали ягонаи тарифӣ” дар асоси маоши заминавӣ барои кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои академиявӣ ва соҳавӣ.
Бо назардошти он ки дар самти таъмини ҳифзи меҳнати кормандони бахшҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ ҳолатҳои нақзи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо баъзан ба назар мерасанд, пажӯҳишгоҳ пешниҳод менамояд, ки бо мақсади аз байн бурдани ин ҳолат, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ”, ки аз 28 июли соли 2006 таҳти № 202 қабул гардидааст, дар қисми шарҳи пурраи механизми иштироки тарафҳо дар омодасозии ҳуҷҷатҳои шартномавӣ иловаҳо ворид карда шаванд.
Ҳамзамон, таҳлилҳои пажӯҳишгоҳ нишон медиҳанд, ки айни замон муроҷиати теъдоди муайяни коргарони соҳаҳои гуногун ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ оид ба ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатӣ мушоҳида мегардад. Чунин ҳолат таҳия, тасдиқ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия”-ро (усули имконпазири ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатӣ бо иштироки миёнарав) ногузир мегардонад. Татбиқи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки баҳсҳои меҳнатӣ мустақилона, бе дахолати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин,  мақомоти судӣ ҳал карда шаванд.
Боз ҳам беҳтар гардондани шароити кории корхонаву муассисаҳо ва ба талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат мутобиқ гардондани он, амалӣ намудани ду тадбири муассирро тақозо дорад: аввалан, таъсис додани шуъба ё бахши “Аттестатсияи ҷойҳои корӣ” дар сохтори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ; сониян, мунтазам ба роҳ мондани амалияи аттестатсиякунонии ҷойҳои корӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликияти онҳо.
Ба андешаи мо, таъсис додани бахши кор бо  диаспораҳо дар сохтори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ метавонад ҷалби бештари ҳамватанони бурунмарзиро барои рушди  минбаъдаи ҷумҳурӣ  таъмин намояд.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ пазируфтан ва татбиқ намудани силсилаи пешниҳодоти пажӯҳишгоҳ имкон медиҳад:
- аввалан, мақоми илми соҳавӣ тавассути дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмии он ба сатҳи баландтар бардошта шавад, ки ин як омили муҳими ҳавасмандгардонии олимони пажӯҳишгар шуда метавонад.
- сониян, дар заминаи истифода бурдани натиҷаҳои илмии пажӯҳишгоҳ сатҳ ва сифати иҷрои вазифаҳои ҷорӣ ва стратегии мақомоти марбута беҳтар мегардад. Ҳар дуи ин, дар ниҳояти кор, ҳамгироии илму истеҳсолотро таъмин мекунад.

Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА, номзади илмҳои сиёсӣ, директори
Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2020    №: 147    Мутолиа карданд: 1992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед