қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод.610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с.2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод.143, мод. 144, № 7, қ.1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод.707, мод.708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод.130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод.6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаҳои 5981 ва 6051 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 5981. Рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохтҳои гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо
Барои аз тарафи кормандони мақомоти гумрук ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохти гумрукӣ ва ё дигар пардохтҳо, -
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
«Моддаи 6051. Рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи андоз ва ё дигар пардохтҳо
Барои аз тарафи кормандони мақомоти андоз ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи андоз ва ё дигар пардохтҳо, -
ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
2. Моддаи 666 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 666. Вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо
Барои вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо ё тендер, ё музояда, харидор ва ё дигар субъекти хоҷагидорӣ зарар расонида шудааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
7 августи соли 2020, № 1715
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 июни соли 2020, № 141
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 августи соли 2020, № 60
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2020 №: 149 - 150 Мутолиа карданд: 1591