logo

маориф

МАОРИФ ВА ҶАҲОНИ МУОСИР Ё МУТОБИҚАТИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БА БОЗОРИ МЕҲНАТ

Мутобиқати таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат, яъне ҷавобгӯ будани мутахассиси дорои маълумоти миёна ва ё олии касбӣ ба ниёзу интизориҳои корфармоён яке аз масъалаҳои мубрами фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин масъала танҳо хоси кишвари мо набуда, балки аксар давлатҳои ҷаҳон ба ин масъала беш аз пеш диққат медиҳанд. Зеро бозори меҳнати муосир мунтазам такмилу таҳаввул меёбад ва мувофиқан ба мутахассисони типи нав ниёз дорад.
Бидуни шак, мутахассисони ҷавон дар марҳалае, ки дар ҷустуҷӯи шуғли якуми худ ҳастанд, ба ёрӣ, дастгирӣ ва мусоидати аҳли оила, муассисаҳои таълимии хатмкардаашон, мақомоти гуногуни давлатӣ ва  корфармоён эҳтиёҷ доранд. Барои ҳамоҳанг сохтани кӯшишу талоши тамоми тарафҳои ҳавасманд ҷиҳати мусоидат намудан ба мутахассисони ҷавон баҳри воридшавии беҳтари онҳо ба бозори меҳнат омӯхтану ошкор кардани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт зарур аст. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ин вазифаи муҳимро ба дӯши шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии миёна ва олӣ вогузор намуд.
Омӯзиши мутобиқати таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба бозори меҳнат, пурзӯр намудани робитаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корфармоён, ба инобат гирифтани ниёзу эҳтиёҷот ва интизориҳои корфармоён аз мутахассисон, мусоидат ба ворид шудани мутахассисони ҷавон ба бозори меҳнат аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимӣ ва, умуман, давлату ҷомеа дониста мешавад. Соли 2019 шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври таҷрибавӣ (пилотӣ) бо усули пурсиш воридшавии хатмкардагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва технологияи компютерии 12 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳуриро, ки соли 2017 муассисаҳои таълимиро хатм намуда буданд, таҳқиқ кард. Зимни санҷиш аз хатмкардагон чунин паҳлуҳои фаъолияти онҳо: ҳадафи дарёфти таҳсилот, қаноатмандӣ аз таҳсилоти дарёфткарда, таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаи кории дар давоми таҳсилот азбаркарда, назари хатмкарда ба сохтори барномаи таълимӣ ва баҳодиҳии самаранокии он, вазъияти шуғли хатмкарда, то чи андоза зуд ӯ ҷои кор ёфтааст, умуман, ҷанбаҳои воридшавӣ ба бозори меҳнат, то чи андоза таҳсилот, яъне донишу малака, таҷрибаву касбият ва салоҳиятнокии ӯ ба талаботи корфармо мувофиқат мекунад, инчунин, баъзе маълумоти умумии демографӣ ва тавсияву пешниҳодоташон пурсида шуд.
Аз шумораи умумии 5 500 хатмкарда 1 188 нафар ё 21,6 дарсад ба пурсиш фаро гирифта шуд. Дар пурсиш 89 фоизи иштирокчиён дорои ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ, 11 фоизашон хатмкардаи ихтисоси технологияи компютерӣ ва аз ин шумора 57 дарсад писарон ва 43 дарсад духтарон буданд. 83 фоизи хатмкардагон тариқи ройгон дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва боқимонда тибқи шартнома (пулакӣ), инчунин, 86 фоизи пурсидашудагон рӯзона ва 14 фоизашон ғоибона таҳсил кардаанд. Дар пурсиш хатмкардагон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Фарогирии пурсиш ва усулҳои баргузории он (телефонӣ, рӯ ба рӯ дар минтақаҳо ва пурсишнома) имкон дод, ки натиҷаҳои он эътимоднок, заминаи устувор ва масири дуруст дар роҳи пайгирии фаъолияти хатмкунандагон дониста шавад.
Ҳамин тариқ, пурсиш маълум кард, ки 95 фоизи хатмкардагони ихтисосҳои технологияи компютерӣ ва 98 дарсади ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ соҳиби ҷои кор ва шуғли муфид мебошанд. Албатта, дар рафти пурсиши таҷрибавӣ худи пурсишнома аз санҷиш гузашт ва бо назардошти он ба саволномаи пурсиши навбатӣ тағйироту иловаҳои зарурӣ дароварда шуда, вақти гузарондани пурсиш аз 30 дақиқа то 20 дақиқа кам карда шуд.
Бояд гуфт, ки чунин тарзи омӯзиш имкон медиҳад фармоишҳои давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон боз ҳам бештар суроғавӣ карда шаванд. Масалан, барои ноҳия ё шаҳри мушаххас ҷудо намудани квотаҳои президентӣ ба ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо мутахассисон намерасанд, инчунин, бахши хусусӣ. Зимнан, довталабону волидони онҳо дар бораи бозори меҳнат, ихтисосҳои серталаб маълумоти бештар пайдо мекунанд, ҳамзамон, ҳар як муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар дар бораи вазъи бо ҷои кор таъмин шудани хатмкардагони ҳар як ихтисоси худ маълумоти дақиқ ба даст оварда, бо ин восита имкон пайдо мекунанд, ки фаъолияти худро боз ҳам бештар ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.
То ҳол хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз рӯи ихтисос кор намекунанд, зиёданд. Омӯзиш ва таҳлили бо ҷои кор таъминшавии хатмкунандагон имкон хоҳад дод, ки барои касбинтихобкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсияҳои ба шароити кунунӣ мувофиқ таҳия гарданд. Воқеияти дигари таъсири байниҳамдигарии бозори меҳнат ва таҳсилоти касбӣ ба андешаи корфармоён ва аксар муҳаққиқон дар он аст, ки барномаҳои таълим аз ҳолати рушди иқтисодиёти воқеӣ қафо мондаанд. Аз ин рӯ, бо назардошти рушди бомароми иқтисодиёти кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиёту фарҳанг, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо мешавад, ки барномаҳои таълимии худро ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ сохта, фазои байни хатмкунандагон ва корфармоёнро бо маълумоти барои ҳар ду тараф зарурӣ пур кунанд. Дар ин самт яке аз чораҳои таъсирбахш ва самаранок ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаву муассисаҳое мебошад, ки оянда имкони бо ҷои кор таъмин кардани хатмкунандагонро дошта бошанд. Умуман, муассисаҳои таълимӣ бояд барои такмилу тавсеаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён чораҳои муассир андешанд.

Д. Б. ҚОДИРЗОДА,
муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2020    №: 151    Мутолиа карданд: 1864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед