logo

фарҳанг

РАШТ. ВАҚТЕ КИ ЗАН ҲУНАРМАНД АСТ...

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар ноҳияи Рашт низ бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба масъалаи дастгирии ҳунармандон ва таъсиси марказу нуқтаҳои ҳунарҳои миллию муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Дар доираи нақшаи тадбирҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019 – 2021» дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 19 маркази ҳунарҳои миллӣ таъсис ёфта, 56 бону соҳиби кори доимӣ гардид.
Тавре Нисо Азизова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт,  дар нуқтаҳои ҳунарҳои мардумӣ  бонувони ҳунарманд ба гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, попурӣ, кокулсозию рафидасозӣ ва касбҳои дигар машғуланд.
Ба гуфтаи ӯ, 158 бону дар корхонаҳои дӯзандагии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба кор фаро гирифта шуда, беш аз 70 бонуи дигар дар хона фаъолият дорад.
Дар ноҳия ба масъалаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  ва ба ин васила бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани занон авлавият дода мешавад. Дар бозори марказии шаҳраки Ғарм растаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтааст, ки дар он маҳсули дасти  бонувони ҳунарманд ба фурӯш бароварда мешавад.
Масъалаи соҳибкасб намудани бонувон низ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. 32 нафар духтарон дар литсейи касбию техникии ноҳия касби дӯзандагӣ, 65 нафари дигар дар курсҳои кӯтоҳмуддат шерозадӯзӣ, гулбофӣ ва ҷӯроббофиро меомӯзанд. Дар филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 20 бону курси дӯзандагӣ, 8 нафар курси омӯзиши компютер, 11 нафар омӯзиши ҳунарҳои ошпазӣ ва муҳосибиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд.
Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази дастгирии занон» дар ҷамоатҳои деҳоти Навдӣ ва Қалъаи Сурх курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ташкил карда, 22 бонуро соҳибкасб кард.
Дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит корхонаи коркарди шир ташкил гардида, 15 нафар занону бонувон дар он аз масолеҳи ширӣ шириниҳо ва хӯрокҳои мардумӣ омода месозанд. Дар ҶДММ «Файзи дастархон» 12 бону истеҳсоли 30 навъи маҳсулоти пазандагию қаннодиро ба роҳ монданд.
- Дар ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани бонувон дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  қарор дошта, бовар ҳаст, ки ин масъала марҳила ба марҳила ҳалли пурраи худро меёбад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Нисо Азизова.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2020    №: 151    Мутолиа карданд: 825
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед