иқтисод
ҶДММ «САОДАТ» ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ШИРИРО ЗИЁД МЕКУНАД
ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон ният дорад, ки ояндаи наздик саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар расонад.
Корхона соли 2014 дар заминаи комбинати шири шаҳри Душанбе дар майдони 14,2 гектар бо харҷи 18 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
- Дар корхона 730 чорвои калони шохдори зоти «Сементал» ва «Голштен» парвариш меёбад, ки қариб 500 сари онҳо гови ҷӯшоист, - гуфт Иноят Холов, сарвари ҶДММ «Саодат» ва илова кард, ки дар хоҷагӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят 112 мутахассис ба кор ҷалб шудаанд.
Маҳсулоти фабрикаи шири «Саодат» дар муддати фаъолияти на чандон зиёд муштариёну харидорони худро пайдо кардааст.
Дар назди хоҷагӣ коргоҳи коркарди шир фаъолият дорад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ба монанди кефир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, чакка, творог, ва йогурт машғул аст.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Кароматулло АТО
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.08.2020 №: 151 Мутолиа карданд: 1150