logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз 24 феврали соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2017, №1-2, мод.20) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 1, 8, 9, 12, 13, 14, 15, 20, 24 ва 27 калимаҳои «ташкилотҳои қарзие», «ташкилоти қарзие», «ташкилоти қарзӣ», «Ташкилоти қарзӣ», «Ташкилотҳои қарзӣ», «ташкилоти қарзиро», «ташкилотҳои қарзӣ» ва «бадастоварда ва маблағгузории терроризм» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилотҳои қарзии молиявие», «ташкилоти қарзии молиявие», «ташкилоти қарзии молиявӣ», «Ташкилоти қарзии молиявӣ», «Ташкилотҳои қарзии молиявӣ», «ташкилоти қарзии молиявиро», «ташкилотҳои қарзии молиявӣ» ва «бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
2. Сархати бистуми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- низоми пардохтӣ - маҷмӯи  ташкилотҳое, ки аз оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, инчунин на кам аз 3 (се) иштирокчӣ - ташкилоти қарзии молиявӣ иборат буда, бо  мақсади интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд;».
3. Ба моддаи 4 қисмҳои 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«12. Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтии интиқолдиҳандаи маблағ бояд маълумоти зеринро дошта бошанд:
- насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ ё номи шахси ҳуқуқӣ, ё соҳибкори инфиродии интиқолдиҳандаи маблағ ва шахси маблағгиранда;
- рақами суратҳисоби бонкии шахси интиқолдиҳандаи маблағ ва шахси маблағгиранда, инчунин дар сурати мавҷуд набудани рақами    суратҳисоби бонкӣ, нишон додани рақами ягонаи истиноди ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағ, ки ба пайгирии амалиёт имкон медиҳад;
- маълумоти дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ дарҷгардида ё рақами мушаххаскунанда (рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами ягонаи мушаххас) барои шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ - интиқолдиҳанда, инчунин маълумоти дигар, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
13. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти пешбиникардаи қисми 12 моддаи мазкур, таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтии интиқолдиҳандаи маблағ бояд амалӣ намудани интиқоли маблағҳоро рад намоянд.
14. Дар ҳолати интиқоли маблағ, субъекти низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар интиқоли маблағ иштирок менамояд, бояд маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқолро, ки дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд. Ҳангоми гурӯҳбандии ду ва зиёда интиқоли маблағҳо, субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон - интиқолдиҳандагон метавонанд дар ҳар як интиқоли алоҳида маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағро танҳо дар бораи шахси интиқолдиҳанда нишон диҳанд, агар дар интиқоли гурӯҳбандишуда ҳамаи маълумоти дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинишуда дарҷ шуда бошанд.
15. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки барои интиқоли маблағ ҷалб шудааст, бояд ирсоли маълумоти дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинишударо дар якҷоягӣ бо интиқоли маблағ таъмин намояд. Агар ирсоли маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағ аз тарафи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо сабабҳои техникӣ имконнопазир бошад, он гоҳ таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бояд ин маълумотҳоро то муҳлате, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, нигоҳ дорад. 
16. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки барои интиқоли маблағ ҷалб шудааст, бояд хавфи ба сиёсат нигаронидашуда ва тартибро барои ошкор намудан ва андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла рад кардан ё боздоштани амалиёти интиқоли маблағе, ки маълумоти дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинишударо дар бар намегирад, муқаррар намояд. Ҳангоми интиқоли маблағе, ки маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағро дар бар намегирад, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бояд масъалаи қатъ намудани муносибатҳои муросилотиро бо ташкилоти қарзии молиявии барои интиқоли маблағ ҷалбшуда баррасӣ намояд.
17. Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ бояд шахсияти муштарии маблағгирандаро санҷиш ва мушаххас намоянд ва ин маълумотро дар муҳлате, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, нигоҳ доранд.
18. Уҳдадориҳои дар қисмҳои 12, 13, 14, 15, 16 ва 17 моддаи мазкур пешбинишуда дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:
- нисбат ба интиқол ва ҳисоббаробаркуниҳое, ки байни таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ аз номи худ амалӣ мегарданд;
- нисбат ба амалиётҳое, ки ба воситаи кортҳои кредитӣ, дебетӣ, пешпардохт, инчунин ҳамёнҳои электронӣ амалӣ мегарданд, агар дар ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додан ва ба расмият даровардани (ба ҳисоб гирифтани) амалиёт асос мебошанд, оид ба рақами воситаҳои пардохт иттилоъ дарҷ шуда бошад. Истиснои муқаррарнамудаи банди мазкур ба амалиётҳои нақдгардонии маблағ, пардохти мол ва хизматрасониҳо, инчунин дигар пардохтҳо, ки тавассути терминалҳо, банкоматҳо ва таҷҳизоти дигари электронии пардохтӣ анҷом дода мешаванд, дахл дошта, ба ҳолатҳое, ки воситаҳои электронии пардохтӣ барои амалӣ намудани интиқоли маблағ тавассути низомҳои пардохтӣ истифода мешаванд, татбиқ намегардад.
19. Субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки иттилоотро доир ба амалиётҳои интиқоли маблағ дар муддати на кам аз 5 (панҷ) сол пас аз гузаронидани амалиёт ва анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ доранд.».
4. Дар моддаи 7:
- дар сархати чоруми қисми 3 рақам ва калимаи «3 сол» ба рақам ва калимаҳои «5 (панҷ) сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«12. Субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд хавфҳои мавҷудбуда ва эҳтимолии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда,  маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро вобаста ба хизматрасониҳои интиқоли маблағ, намудҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ ё татбиқи усулҳои нави ин хизматрасониҳо, инчунин истифодаи технологияҳои нав ё рушдёбанда ошкор намоянд, баҳо диҳанд ва чораҳои заруриро барои назорат ва кам кардани онҳо амалӣ намоянд. Чораҳои мазкурро субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд мувофиқан то татбиқи  намудҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ, усулҳои нави ин хизматрасониҳо ё истифодаи технологияҳои нав ё рушдёбанда амалӣ намоянд.».
5. Дар моддаи 9:
- ба қисми 10 пас аз калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ» калимаҳои «ва соҳибкорони инфиродӣ» илова карда шаванд;
- қисми 22 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«22. Дар ҳолати аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ошкор кардани алоқамандӣ байни амалиётҳое, ки маблағи онҳо аз ҳадди дар қисми 21 моддаи мазкур муқарраршуда барои амалиётҳои якдафъаина зиёд нест ё дар ҳолати гумонбар шудан ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст, ки муштариёни ба ин амалиётҳо ҷалбшударо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» мушаххас намояд.».
6. Дар қисми 13 моддаи 13 калимаҳои «инчунин риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм назорат намояд» ба калимаҳои «назорат намуда, агенти бонкии пардохтиро ба барномаҳои худ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил намояд» иваз карда шаванд.
7. Қисми 3 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Низоми пардохтӣ аз нигоҳи иҷтимоӣ вақте муҳим дониста мешавад, ки  ба яке аз меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми се моҳи тақвимӣ пай дар пай интиқол додани маблағҳои пулиро ба андозаи на кам аз 25 (бисту панҷ) фоизи ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми соли тақвимӣ интиқол додани маблағҳои пулиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ба андозаи на кам аз 25 (бисту панҷ) фоизи ҳаҷми умумии чунин интиқолҳо амалӣ намояд;
- дар доираи низоми пардохтӣ интиқоли маблағҳои пулиро дар давоми соли тақвимӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба андозаи на кам аз 25 (бисту панҷ) фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа интиқолшуда амалӣ намояд.».
8.  Моддаи 201 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 201. Таъмини суботи молиявӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ
1. Бо мақсади коҳиш додани хавфи таҷаммуъ дар бозори хизматрасониҳои пардохтии оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва таҳвилгари таъминоти барномавию техникӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ ҳиссаи зиёдтарини ишғоли бозори чунин хизматрасониҳоро муқаррар  менамояд.
2. Аз тарафи оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва таҳвилгари таъминоти барномавию техникӣ бевосита пешниҳод гардидани ҳар гуна мукофотпулӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ манъ мебошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 августи соли 2020, № 1723


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 июни соли 2020, № 137


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 августи соли 2020, № 68
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2020    №: 151    Мутолиа карданд: 2022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед