мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛЕКСЕЙ ОВЕРЧУК
13 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчукро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъйин гардидани Алексей Оверчук ба симати ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки ин механизми муҳими танзиму пешбурди муносибатҳои ҷонибҳоро дар арсаҳои мухталифи ҳамкориҳо таъкид карданд.
Вобаста ба ин дар рафти суҳбат масоили марбут ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки масоили вобаста ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ - Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доштанд ва хоҳанд дошт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ва зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.
Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳар ду кишвар, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Дар баробари ин таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо омӯзгорони забони русӣ, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин, дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони русӣ ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз қайд гардиданд.
Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.08.2020 №: 152 - 153 Мутолиа карданд: 4095