logo

сиёсат

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. АЗ УСУЛҲОИ НАВИ МУБОРИЗА БОЯД КОР ГИРИФТ

Дар ҷомеаи имрӯза, ки пур аз тазоду мушкилиҳо ва ихтилофу зиддиятҳост, густариши терроризму экстремизм, фаъолшавии ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба гумроҳӣ бурдани одамон, воқеан, ҷойи нигаронист. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавону соҳибистиқлол, ки дар марҳилаи нави рушд қарор дорад ва баъд аз пушти сар намудани мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ акнун қадамҳои устувор ба самти созандагӣ мегузорад, боз ҳам ба тақвият бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳ, таъмини амният, инчунин, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои хусусияти террористиву экстремистидошта зарурат дорад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад, ки онро дар асоси қонунҳои дар ин самт қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом медиҳад. Ба таври махсус таъкид бояд дошт, ки нисбат додани терроризму экстремизм ба дини ислом ё ба ҳар навъе алоқаманд донистани ин омилҳои номатлубу нанговар ба дину мазҳаб хатои бузург аст. Терроризму экстремизм ҷузъе аз сиёсати абарқудратҳост, ки барои амалисозии ҳадафҳои худ ва ҳамчун тиҷорати бузург дар кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ сарватманд анҷом медиҳанд.
Дар робита ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани тадбирҳои зарурӣ заминаҳои ҳуқуқиву амалиро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамаҷониба фароҳам овардааст. Бахусус, қабул ва мавриди амал қарор додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” собитгари гуфтаҳои болоанд. Ғайр аз ин, дар кишвар бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо омилҳои мазкур якчанд стратегия, консепсия ва барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд.
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи давлат дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм, нақши аҳолӣ низ бениҳоят калон аст ва ҳатто метавон гуфт, ки бе ҳамбастагиву ҳамкории доимӣ бо мардум пешгирии ин омилҳо ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори онҳо корро душвор месозанд.
Тоҷикистон имрӯз иқтидори комили мубориза бо ҳаракатҳои ифротиро дорад, аммо бо мақсади аз байн бурдани хавфу хатарҳои эҳтимолии амалҳои террористӣ, мағзшӯйӣ нагардидани қишри осебпазири ҷомеа, махсусан занону ҷавонон ва ашхоси ниёзманд, таъмини пурраи амнияту суботи кишвар ва ҳифзи тартибот, ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти марбута бо аҳолӣ аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад.
Сатҳи баланди маърифатнокии аҳолӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон, пеш аз ҳама, аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун, дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, солим нигоҳ доштани мафкураи аҳолӣ ва аз байн бурдани хавфу хатарҳои терроризму экстремизм мусоидат менамояд.
Дар ин самт нақши ҷавонон ниҳоят бузург аст, чун қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ин қишр ташкил медиҳанд ва неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Аз ҷониби дигар, сафи гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоиро низ аксаран ҷавонон ташкил медиҳанд, чун қувваи тавоно ва манфиатовар дониста мешаванд.
Тақвияти ҳамкориҳо бо насли ҷавон, ташаккули эҳсоси мақсад гузоштан дар замири онҳо, ихтисоси имтиёзҳои муносиб ба ҷавонони лаёқатманду пешбар, тарбияи ҷавонони соҳибистеъдоду донишманд, ба назари эътибор гирифтани таклифу пешниҳоди онҳо ва мусоидат дар амалисозии ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва аз амалҳои ғайриқонунӣ дур кардани ҷавонон мусоидат намуда, ҳамзамон, онҳоро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамчун ҳомиёни Ватан тарбия менамояд.
Ба андешаи мо, он тадбирҳои профилактикие, ки бештар дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, вобаста ба пешгирии омилҳои ифротӣ бурда мешаванд, хеле куҳна буда, таъсири чандон мусбат надоранд. Вақти он расидааст, ки дар навбати аввал чорабиниҳои профилактикиро ба талаботи замони муосир мутобиқ сохта, баргузор намудани корҳои ташвиқотиро минбаъд аз маркази шаҳру шаҳракҳо ба ноҳияву деҳаҳои дурдаст таҳвил дода, корро бештар дар миёни нафарони аз таҳсил дурмонда, шахсони фориғбол ва муваққатан бекор ба роҳ монем.
Шунидани фикри мардум, суҳбати озод бо онҳо, дар вақти холигӣ ҷалби аҳолӣ ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ, тақдими мукофоту ҷоиза ба шахсони фаъоли деҳаҳо ва ташкили кружокҳои гуногун дар деҳаҳо аз роҳҳои дигарест, ки баҳри пешгирии омилҳои ифротӣ замина гузошта, фаъолияти аҳолиро низ дар ин самт ҷоннок менамоянд. Дар гузарондани чорабиниҳои ташвиқотӣ ба таври васеъ истифода аз технологияи муосир низ мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Бо назардошти паҳлуҳои гуногуни масъала, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нақши аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат дар самти пешгирии терроризму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохуши террористӣ, аз роҳи бад баргардондани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини амният, ҳимояи манфиатҳои давлат, бениҳоят муҳим, зарурӣ, калидӣ ва ҳатто ҳалкунанда мебошад.

Манучеҳр ҲАМИДЗОД,
вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2020    №: 152 - 153    Мутолиа карданд: 592
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед