logo

фарҳанг

ЗАВҚ АГАР РАҲБАР ШАВАД Ё ОСОРХОНА ДАР ТАҲХОНА

Вақте ибораи «таҳхонаи биноҳои баландошёна» - ро шунидед, дар зеҳнатон чӣ манзарае пайдо мешавад? Бешубҳа, силсилаи лӯлаҳои обгузар, тӯдаи ашёву асбоби нолозиму мавсимии бошандагони он.  Аммо қаҳрамони мо, фарзанди баистеъдоди диёри Рӯшон, пирамарди барнодили 83 - сола Барим Неъматуллоев, таҳхонаи бинои истиқоматиро дар шаҳри Душанбе ба осорхонаи бошукӯҳи асарҳои тасвирӣ ва асбоби қадимаи рӯзгори тоҷикон табдил додааст.
Вақте духтари устод Нигора Неъматуллоева дари таҳхонаро боз намуд, гумон кардам, ки шояд дар як гӯшааш чанд асари ҳунарӣ маҳфуз бошад. Аммо бо чароғон шудани он силсилаи мусаввараҳо, ҳайкалчаҳои гаҷӣ, деворҳои ороёфта, асбоби қадимии рӯзгор, гӯшаи экспонатҳо, ҷои кор барои рассомон ва дигар нуқтаҳои ҳунариву эҷодиро дида, дар ҳайрат мондем.
Барим Неъматуллоев соли 1938 дар деҳаи Даржомчи ноҳияи Рӯшон ба дунё омада, бештар аз шаст сол аст, ки дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ софдилона хизмат мекунад. Дар баробари ин, рассоми чирадасту хушоин буда, асосан, мутахассиси анатомияи пластикӣ дар санъати тасвирист. Ӯ ҳамарӯза ба мусаввирони ҷавон анатомияи одамро меомӯзонад ва худаш низ якчанд силсилаи асарҳои санъат офаридааст.
Ӯ ҳам мисли садҳо устоди донишгоҳ метавонист, ки бо таълиму тарбия ва иншои асарҳои фанниву таълимӣ иктифо кунад, аммо нангу номус ва ҳувияти миллӣ ӯро водор кард, то чунин осорхонаро барои ояндагон созмон диҳад.
- Бешубҳа, миллат аз ҳунарҳои зебо ва шахсиятҳои бузург ташаккул меёбад. Мо ин осорхонаро ба масал боғ медонем. Бигзор, аз шаҳду шираи он ояндагон баҳра бардоранд ва бидонанд, ки ниёгонашон соҳиби чунин тамаддуну фарҳанг будаанд, - изҳор медорад ӯ.
Осорхона дар ҳоли такмилу тадвин қарор дорад. Рассом аз кори худ ҳанӯз ҳам қонеъ нест ва пайи зебову мукаммал гардондани он аст. Мавсуф осорхонаро чунин муаррифӣ кард: «Ростӣ, ашёи онро аз ҷавонӣ ҷамъ меоварам. Бештари намунаҳои ҳунарҳои мардумии ин осорхона имрӯз истифода намешаванд, ном, ҷои истифодабарӣ ва вазифаи онҳоро кам касон медонанд. Аксари онҳо мерос аз қиблагоҳам ҳастанд. Барои ҳамин, будани ин ҳама асбобу анҷом, ки аз маданияту маърифати касбиву рӯзгордории мо ҳикоят мекунанд, бисёр муҳим аст».
Воқеан ҳам, қуфл, асбоби шикор, лӯлаи чармӣ барои аз дарё убур кардан, асбоби боддиҳӣ барои оҳангарӣ, чормағзшикан, шамъдонҳои гуногун, чароғи равғанӣ, зарфҳои сангину сафолӣ, асбоби мусиқӣ, васоити ресандагӣ, қолинчаи пашмӣ, баъзе аз қисматҳои осиёи обӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор ба осорхона сафову шукӯҳи таърихӣ ато кардаанд.
- Ба гумонам, агар ному нишони ин ҳама асбоб гум шавад, ному нишони падару модари хушоинам низ гум мешавад. Зеро аксари онҳоро аз Рӯшон, аз зодгоҳам Даржомч ҷамъ оварда, ин ҷо нигаҳ медорам. Падарам устои кордон ва модарам бонуи корозомудаву ҳунарманд буданд. Бовар дорам, ки баъди сари ман ин ҳамаро пайвандонам чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд, - меафзояд ҳамсуҳбати мо.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2020    №: 152 - 153    Мутолиа карданд: 619
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед