иқтисод
ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД
Мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода иброз дошт, ки соли ҷорӣ заҳматкашони вилоят ба хориҷи кишвар 90 ҳазору 235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4548,9 тонна беш мебошад.
Ӯ илова кард, ки маҳсулоти вилоят, асосан, ба Қазоқистон (беш аз 76,5 ҳазор тонна), Покистон (11188 тонна), Афғонистон (2276,4 тонна), Федератсияи Россия (105,3 тонна) ва Қирғизистон (63,2 тонна) бароварда шуд. Дар баробари ин, имсол соҳибкорон ба Литва 20 тонна тарбуз фурӯхтанд.
Ҳамзамон, Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, гуфт, ки ба хориҷи мамлакат 86730,2 тонна сабзавот, 101,9 тонна полизӣ, 136 тонна лимӯ, 3364 тонна мева ва 80,1 тонна анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ интиқол гардид. Асоси содироти маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад. Танҳо аз ноҳияи Ҷайҳун беш аз 31 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ содирот шудааст.
Чуноне иттилоъ доданд, имрӯзҳо содироти меваю сабзавот дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувон шурӯъ мегардад.
Кароматулло АТО
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.08.2020 №: 152 - 153 Мутолиа карданд: 960