logo

маориф

МАОРИФ. КИТОБ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД!

Дар партави сиёсати фарҳангдӯстона ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар китобхонаҳои замонавӣ таъсис гардида, барои баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии кормандон, зиёд намудани муҳаббати онҳо ба китобу китобхонӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Барҳақ, китоб дониш, фарҳангу маърифати ниёгон, адабиёту санъат, касбу ҳунар, расму оини гузаштаву муосир, ахлоқи мардуми кишвару ҷаҳонро фаро гирифта, асрҳои  аср дар сатрҳои авроқаш ҳифз менамояд. Тавассути китоб фарҳанг ва илму техникаи мардуми ҷаҳонро  меомӯзему дар навбати худ донишу фарҳангамонро ба мардуми олам шинос менамоем. Халқу миллате, ки ба ин ганҷи бебаҳо муҳаббат дорад,  абадзинда хоҳад монд. Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурустро дар ҳаёт  пеша созад ва аз таъриху фарҳанги худ бохабар шавад. Зеро китоб неруи бузург буда, онро метавон муъҷиза номид, зеро имрӯз  муҳимтарин  омили  пешрафти  ҷомеа доштани  дониш ва иттилооти фаровон  аст.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» иттиллоъ доданд, бо назардошти нақшу ҷойгоҳи хоси китоб дар рушду пешрафти инсоният ва ҷомеа дар назди раёсати хадамот китобхонаи муосир таъсис ёфт. Он ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, дорои беш аз 7 ҳазор китоб, аз ҷумла китобҳои Пешвои миллат, адабиёти гуногуни илмӣ-соҳавӣ, осори шоирону нависандагони адабиёти классику муосири тоҷику ҷаҳон, мебошад.
Дар китобхонаи мазкур феҳристи  китобҳо дар шакли электронӣ ва баргаҳо (картотека), андозабандии онҳо, муҳрбандӣ ва ба қайди инвентарӣ гирифтанашон роҳандозӣ гардидааст. Толори китобхона  бо расми шоирону нависандагон оро дода шуда ва дар он «Гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ» низ ташкил шудааст. Дар китобхона сабти аудиоии гуфторҳои адабӣ оид ба одоби касбӣ, панду ҳикмати бузургон ва одобу муошират мавҷуд буда, зуд-зуд ба маъраз гузошта мешавад.
Китобхона  макони илму маърифат ба шумор рафта, ба кормандони  мақомоти гумрук  имкон медиҳад, ки барои такмили дониш, ҷаҳонбинӣ, малакаву маҳорати касбӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода  баранд.
- Мо тасмим гирифтаем, ки дар оянда  низ барои  боз ҳам ғанӣ гардондани фонди захиравии китобхона аз адабиёти тозанашр  ва иттилооти  зарурӣ истифода  намоем. Зеро ҳар фарде, ки имрӯз ба китобхона меояду аз махзани бебаҳои  он истифода  менамояд, бешубҳа, соҳиби маърифати комил  ва камолоти баланди ақлонӣ мегардад, - мегӯяд Зуҳро Ҳасанзода, мудири китобхонаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гулнисои САЪДОНШО,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2020    №: 152 - 153    Мутолиа карданд: 1639
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед