маориф
ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз се қисми 3-ошёна ва як бинои дуошёна иборат буда, масоҳати он 11 634 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ мешавад.
Дар бинои иловагӣ синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи фаннӣ, ду синфхонаи компютерӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мавҷуд буда, барои таълиму тарбияи хонандагон тамоми шароити муосири илмомӯзӣ муҳайёст.
Ҳамзамон, баҳри ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифтани хонандагон ва соҳибкасб гаштани онҳо бинои нав дорои утоқҳои кандакорӣ, дӯзандагӣ ва пухтупази хӯрокҳои миллӣ мебошад. Хобгоҳ аз 56 ҳуҷраи хоб, синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи мураббӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат аст.
Бояд гуфт, ки соли таҳсили 2019 – 2020 муассисаи таълимиро 91 нафар хонандаи синфи 11 ва 116 нафар хонандаи синфи 9, аз ҷумла ду нафар бо медали тилло, хатм намуданд.
Дар маҷмӯъ, соли таҳсили 2019 – 2020 хонандагони Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 122 ҷойи ифтихорӣ гаштанд.
Мавриди зикр аст, ки ин муассисаи таълимӣ аввалин Литсейи президентӣ дар мамлакат мебошад ва он соли 1998 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.
Ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа маҳсуб ёфта, ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз насли донишманду соҳибмаърифат вобастагӣ дорад. Ҳукумати мамлакат нисбат ба масъалаҳои маориф ва ҷавонон, аз ҷумла беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия, соҳибихтисос гаштану бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо, инчунин, мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расида, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам обод гардидани Тоҷикистон ва ҳифзи истиқлолияту арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи мамлакат ба таври назаррас рушд карда, сатҳу сифати таълиму тарбия низ комилан беҳтару хубтар шуд ва дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат сол ба сол афзун мешаванд.
Аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқатро вазифадор намуданд, ки то оғози соли таҳсили 2021 дар назди он боғчаи кӯдакона барои 300 нафар таъсис диҳанд. Дар иншооти мазкур ҷиҳати замина гузоштан ба рушди малакаи зеҳнии кӯдакону наврасон ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа зарур шумурда шуд.
Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисон, тарбияи кадрҳои болаёқат, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва илмомӯзии насли наврас нақшаҳои мушаххасро амалӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ки фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ПИЛҶ САНИИОСП” ва паймонкори асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ба беҳтар кардани фаъолияти касбӣ ва хизмат ба нафъи Ватану миллат ҳидоят намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2020 №: 154 - 155 Мутолиа карданд: 1778