logo

фарҳанг

КИТОБДОРӢ: АЗ ДАСТОВАРД ТО МУШКИЛОТ

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ, инчунин, омӯзиши мушкилоти соҳа ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ фаъолияти китобхонаҳои кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре маълум гардид, дар нимсолаи гузашта ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 59061 хонанда ташриф оварда, сафи аъзоёнаш 6440 нафар афзудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли пешин камтар ҳам бошад, вобаста ба вазъи баамаломада – зуҳури пандемияи коронавирус дар маҷмӯъ, қонеъсозанда маҳсуб шуданд.
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо мақсади ҷалби хонандагон ва ривоҷи фаъолияти китобдорӣ зиёда аз  100 чорабинӣ баргузор намуд. Доираи чорабиниҳо хеле васеъ буда, намоиши китоб ва хулосаҳои библиографӣ, суҳбат, хониши ифоданок, семинарҳои ҷумҳуриявӣ, вохӯрии адибону олимон бо хонандагон, маҳфилҳои шеъру суруд,  намоиши филмҳо, муаррифии китобҳо ва саёҳат ба китобхонаро дар бар мегиранд.
Зимни баррасӣ аз ҷониби коршиносону масъулини соҳа фаъолияти китобхонаҳои вилоятӣ низ қонеъкунанда арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки тӯли солҳои охир аз ҷониби кормандони китобхонаҳо ташаббусҳои ҷолиб рӯи кор омада истодаанд. Барои мисол, кормандони китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳини шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадияи китоб асарҳои Ҷалолиддини Балхиро дар се ҷилд ба беҳтарин хонандаҳо тақдим намуданд. Солҳои охир кормандони китобхонаҳо барои беҳтар гардидани шароити кории хеш кӯшиш доранд. Чунончи, китобхонаҳои деҳоти Яккатут, ба номи Қ. Ғиёсов ва 50 – солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби маблағҳои худи кормандон таъмир шуданд.
Ба бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич аз ҷониби раёсати фарҳанги вилояти Суғд 77 ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 140 нусха китоби тозанашр ҳадия шуд. Ҳамчунин, аз ҳисоби раёсати фарҳанги вилоят ба фонди китобхонаҳои марказии шаҳрҳои Бӯстон 25 ва Гулистон 53 китоб тақдим гашт. Дар ноҳияи Ашт китобхона – бахшҳои №№ 19 ва 22 - и Ҷамоати деҳоти Ориён ва китобхона – бахши № 27 - и Ҷамоати деҳоти Пунук аз тарафи соҳибкорон таъмир шуданд.
Дар ин муддат аз хизматрасонии китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Ҳисор 23275 хонанда истифода бурдааст, ки хушбахтона, 5905 нафари онҳоро хонандагони нав ташкил медиҳанд. 2841 нафарашон ҷавонону наврасони то 15 – солаанд. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба хондани китоб бештар гардидааст.
Таҳлили гузарондаи мутахассисони Вазорати фарҳанг  як  қатор мушкилоти соҳаро низ ошкор намуд. То ҳанӯз вазъи моддию техникии китобхона - филиалҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо технологияи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, аз қабили компютер, принтер, сканер, проектор, дастгоҳҳои нусхабардорию суратгирӣ, телевизор ва интишороти маълумотӣ – библиографӣ муҷаҳҳаз нагардидаанд. Қисми зиёди китобхонаҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар деҳот, дар биноҳои номувофиқ, фарсуда ва таъмирталаб воқеъ буда, ба талаботи ҷойгирнамоии захира ва рафтуомади аъзоёни китобхона ҷавобгӯ нестанд. Теъдоди бештари китобхонаҳо дар мавсими зимистон бо гармӣ таъмин нагардида, системаи шамолдиҳӣ ва чангуғуборкашӣ надоранд, ки ба нигоҳдории захираҳои мавҷуда ва ҷалби хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд. Аксари ин китобхонаҳо ба қадри кофӣ бо таҷҳизоти китобдорӣ, аз ҷумла рафҳои китобгузорӣ, ҷевонҳо, қуттиҳои махсуси феҳристӣ, навъҳои мебелҳои зарурӣ барои китобхона, таъмин нестанд.
Китобхонаи вилоятии бачагона ва китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб, баъзе китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Норак, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муъминобод, Вахш, Ховалинг, Балҷувон, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Шамсиддини Шоҳин ва Восеъ таъмирталаб буда, дар ноҳияҳои Кӯшониён, Балҷувон ва Темурмалик якчанд китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Бинои китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ таъмирталаб буда, ба талаботи хадамоти китобхонавӣ ва зиддисӯхторӣ мувофиқ нест. Дар ин китобхона як толор ҳам барои хониш ва ҳам барои маҷлисгоҳ истифода мешавад. Китобхона 4 дафтари корӣ дошта, аксари китобҳо дар даҳлезу роҳравҳо нигоҳ дошта мешаванд. Муассиса ба бинои нав ё навсозии пурра ниёз дорад. Кормандони китобхонаи бачагонаи вилоятӣ низ ба бинои нав эҳтиёҷ доранд. Китобхонаҳои деҳоти Сист, Туғгоз, Зумудг, Исор, Лангар ва Вранги ноҳияи Ишкошим дар синфхонаи мактабҳо воқеъ буда, дар ноҳияи Рӯшон 12 китобхона дар хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иншооти таъйиноти мухталиф ҷойгиранд.
Ба раёсату шуъбаҳои дахлдор ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дода шуд. Иҷрои онҳо қадами устуворе дар роҳи рушди соҳа хоҳад буд.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 706
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед