logo

маориф

МАОРИФ. ТАДБИРҲОИ САРИВАҚТӢ БАҲРИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ХОНАНДАГОН

Имсол дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии пайдоиш ва интиқоли коронавирус қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба тасвиб расид. Мутобиқи он имсол бо назардошти хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дарсҳо дар муассисаҳои таълимии мамлакат тибқи талаботи махсус роҳандозӣ мегарданд.

Ба қарори мазкур ҳуҷҷати дигар – «Вақти баргузории дарс дар муассисаҳои таълимии зинаи умумӣ» замима гардидааст, ки дар он низоми дарсҳо аз рӯйи се тавсия нишон дода шуда, танҳо тавсияи аввал мавриди амал қарор мегирад. Дар он омадааст: «Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2 – 11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 ба анҷом мерасад».
Мутаассифона, баъзе сокинон бо ин санад шинос нашуда, дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардурӯғе паҳн карданд, ки гӯё дарсҳо 25 дақиқа давом меёбанд. Тавре дар боло зикр кардем, дар вақти дарс ягон тағйирот пешбинӣ нагардида, дарсҳо мисли солҳои қаблӣ идома меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки барои риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози муассисаи таълимӣ омӯзгорон аз муоинаи тиббӣ гузаронда мешаванд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ман дар он ҷо фаъолият мекунам, рафти омодагӣ ба соли нави хониш оғоз шуда, риояи талаботи беҳдоштӣ аз ҷониби масъулин қатъиян назорат мешавад. Дар даромадгоҳи мактаб қолинчаҳои безараргардонӣ партофта шуда, навбатдорон ҳарорати кӯдаконро санҷида, дастонашонро безарар мегардонанд. Инчунин, дар долонҳо барои риояи масофаи иҷтимоӣ хатҳои уфуқӣ кашида шуда, тибқи қоидаҳои нав масофаи байни мизҳо, ки на камтар аз як метр аст, риоя гардида, дар ҳар як миз як кӯдак мешинад.
Дарвоқеъ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми кишвар дар самтҳои ҳифзи солимии хонандагону толибилмон ва таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвар хеле муҳим мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки он ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад.  Ҳамчунин, волидонро низ мебояд, ки нисбат ба саломатии фарзандонашон бетарафӣ зоҳир накунанд. 

Миҷгона МАҶИДОВА,
омӯзгори МТМУ № 91,
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 1659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед